Муғҷа навдаи ҳоло инкишофнаёфтаи ҷанинӣ мебошад. Аз муғҷа инкишоф ёфтани навдаро, хусусан баҳорон, ҳангоми ба кушодашавӣ шурӯъ кардани муғҷаҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Ё ин ки шохчаеро дар об гузошта, дар шароити хона ё мактаб кушодашавии муғҷаҳоро мушоҳида кардан қулай аст.
Мо мебинем, ки барои кушодашавии муғҷаҳо фурсати муайяни вақт ва шароити мувофиқ лозим аст. То пурра кушодашавии муғҷаҳо баъзан ҳафтаҳо лозим мешавад.
Пеш аз ҳама муғҷаҳо варам карда калон мешаванд. Сипас, пулакчаҳои он боз шуда, баргчаҳои печхӯрдаи сабзи навда намудор (44) мешаванд. Масофаи байни баргҳо (байнибандҳо) вобаста ба суръати сабзиши онҳо меафзояд. Навда ба дарозӣ қад мекашад. Тадриҷан баргҳо то андозаи муқаррариашон, ки ба ин рустанӣ (дар таҷриба истифода шудааст) хос аст, месабзанд.
Муғҷаи дар нӯги навда ҷойгиршударо сармуғҷа мегӯянд. Дар он ҷо конуси (ё нуқтаи) сабзиш фаъолият дорад. Дар натиҷаи тақсим шудани ҳуҷайраҳои он ҳуҷайраҳои нав ҳосил мешаванд. Конуси сабзиш асосан аз бофтаи бавуҷуд- оваранда (ё ҳосилкунанда) иборат аст. Баргҳои ибтидоии конуси сабзиш месабзанд ва дар натиҷаи чунин фаъолияти он (конуси сабзиш) навда инкишоф меёбад. Ҳамин тавр, аз сармуғҷа пояи асосӣ ва аз муғҷаҳои паҳлуӣ навдаву шохаҳои паҳлуӣ сабзида мебароянд. Аз муғҷаҳои гуловар навдаҳои гулғунчадор (навдагулҳо) (44) инкишоф меёбанд.

Рустаниҳои алафӣ низ муғҷа доранд. Масалан, аз муғҷаҳои болоии навниҳоли лӯбиё ё дигар рустаниҳои дупалла навдаи асосӣ сабзида мебарояд. Аз муғҷаҳои паҳлуӣ, ки дар пояи асосӣ ҷойгиранд, навдаҳо ё шохчаҳои паҳлуӣ инкишоф меёбанд.
Дар бисёр рустаниҳо сабзиши бандӣ дида мешавад, ки дар натиҷаи он байнибандҳои навда босуръат месабзанд ва боиси қад кашидани навда (ё поя) мегарданд. Масалан, дар гандум, хайзурон (бамбук) ва дигар рустаниҳои хӯшадор дар натиҷаи тақсимшавӣ ва рушди ҳуҷайраҳои бехибандӣ сабзиши бандӣ ба амал меояд. Бо ин сабаб пояи навраси баъзе рустаниҳо бо суръати калон месабзанд. Масалан, пояи хайзурон дар давоми як шабонарӯз зиёда аз як метр қад кашида, дароз мешавад.
Аз нӯгаш қад кашидани пояро ба назари эътибор гирифта, метавон сабзишу инкишофи рустаниҳоро идора кард. Агар нӯги навдаи бодиринг, помидор, пахта, себ ва дигар рустаниҳои дупаллагиро бурем, навда дигар ба боло қад намекашад. Аммо дар ин рустаниҳо навдаҳои паҳлуӣ пайдо мешаванд. Дар ҳолати буридани нӯги навдаи паҳлуӣ бошад, вай ҳам аз қад кашидан боз монда, сершоха мешавад.
Чӣ тавре ки шумо медонед, дар боғ, гулбоғ ва гулгашту хиёбонҳо дар давраҳои нашъунамои муқаррариашон мудом шохаю навдаи дарахтону буттаҳоро бурида, бо ҳамин минвол сабзишу инкишофи онҳоро идора мекунанд. Боғбонҳои кордону моҳир навдаву шохаҳоро мақсаднок бурида, ба дарахтон шаклҳои аҷоибу ҳайратангез дода, ҳусну латофати кӯчаву хиёбонҳоро боз дилработар мегардонанд.
- Мугча чист ва он дар навда чи тавр инкишоф меёбад?
- Сармугча чист?
- Конуси расиш дар кучо чойгир аст?
- Навда аз чи инкишоф меёбад?