Дар асрҳои XI-X пеш аз милод Фаластин рӯ ба таназзул ниҳод. Ин ҳолат имконият дод, ки дар ҳудудҳои он давлатҳои мустақил ба вуҷуд оянд. Яке аз онҳо Исроил буд. Мувофиқи дастхатҳои таърихӣ асосгузори сохти шоҳии Исроил Саул мебошад. Саул шаҳри Иабашро аз қабилаҳои аммониҳо озод карда, шоҳи қабилаҳои исроилӣ мешавад. Баъд ба Саул муяссар мегардад, ки ҳокимияти худро дар тамоми Фаластин барпо намояд.
Дар оғози асри X пеш аз милод дар яке аз муҳорибаҳо Саул бо ҳамроҳии се писараш ҳалок мегардад. Довуд ном шахс, ки ҳанӯз дар вақти дар қайди ҳаёт будани Саул дар ҷануби Фаластин подшоҳии мустақили Яҳудро ташкил карда буд, 7 сол ба муқобили писари Саул – Ишвал ва ворисони дигари ӯ мубориза мебарад. Ин мубориза бо ғалабаи Довуд анҷом меёбад. Баъди ин Довуд Исроил ва Яҳудро дар як давлат муттаҳид месозад. Баъди чанде яке аз шаҳрҳои машҳури ханаан Иерусалим (Байтулмуқаддас)-ро ишғол менамояд.
Давраи гул-гулшукуфии давлати Исроилу Яҳуд ба давраи ҳукмронии Соломон (Сулаймон) рост меояд. Ӯ мамлакатро аз ҳар ҷиҳат мустаҳкам карда, онро аз истилогарони хориҷӣ муҳофизат намуд ва ба давлатҳои гирду атроф чандин маротиба лашкаркашии музаффарона кард. Баъд аз вафоти Сулаймон давлати муттаҳидаи Исроилу Яҳуд рӯ ба таназзул ниҳод. Иеровоам (Иброҳим) ном шахс чанде пеш дар шимоли мамлакат ба муқобили Сулаймон шӯриш бардошта буд, лекин он бо шикаст анҷом ёфт. Иеровоам фирор кард. Баъди вафоти Сулаймон шароит фароҳам омад, ки ин шахс, яъне Иеровоам шоҳи Исроил шавад. Иеровоам ба ватан баргашт ва бо дастгирии Миср бар зидди шоҳи нав – Ровоам мубориза бурд. Соли 928 пеш аз милод ӯ ба Фаластин зада даромада, лашкари Яҳудро мағлуб кард ва Иерусалим (Байтулмуқаддас)-ро ишғол ва талаву тороҷ намуд. Иброҳим Исроилро аз Яҳуд ҷудо намуда, худро шоҳи он эълон кард.
Давлати Исроилро соли 722 пеш аз милод шоҳи Ошур Саргони II барҳам задааст. Давлати Яҳуд баъдтар аз байн рафт. Шоҳи Бобул Новуходоносори II соли 597 пеш аз милод Иерусалим (Байтулмукаддас)-ро забт намуда, соли 586 пеш аз милод давлати Яҳудро пурра барҳам медиҳад.
Муфассал >> Давлатҳои Сурия, Финиқия ва Фаластин (таърих)