Табрикот барои рузи муаллим (омузгор, устод)

Табрикот барои рузи муаллим, омузгор, рузи муаллим муборак! 

Беҳтарин муаллимон бо қалбашон омӯзиш медиҳанд, на бо китоб. Тақдим ба қалби пурмеҳри Шумо, Рӯзатон Муборак!

табрикот ба рузи муаллимон


Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омӯзгор,
Тирагиро дур созад, нур бахшад рӯзгор.
Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,
Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон. Бештар>>


Муаллими гиромӣ аз ту ташаккур мекунам барои хидояти мо ва аз инки беҳтарин рохро барои сохтани имрӯзамон нишон додӣ. Туӣ, ки моро аз «ҳеҷ» ба «ҳама чиз» расондӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шеър дар васфи муаллим

Эй муаллим, чашмаи меҳру вафо,
Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.
Панди ту бошад ғизои маънавӣ,
Меҳри ту андар дили мо гашта ҷо.
Карди моро раҳнамун бар роҳи рост,
Каҷравӣ, – гуфти ба мо, – кори хатост.  Бештар>>


Беҳтар аз ҳазор рӯзи сахту кӯшишу мутолиа як рӯз будан бо як муаллим бузург аст. Муаллим Рӯзат Муборак!


Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд неаст,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.


Эй ҷаҳоне дар ҷаҳони зиндагӣ,
Эй замину осмони зиндагӣ.
Эй вуҷудат махзани илму адаб,
Эй самои бекарони зиндагӣ.
Муғчаҳоро бо сухан во мекунӣ,
Сангҳоро дурру тилло мекунӣ.
Сад ниҳоли хуби ҳосилдорро,
Аз замини хушк пайдо мекунӣ.
Шахси бесарват вале доро туӣ,
Ҳокими ҳақпарвари дунё туӣ.
Дар ҷаҳони пурфиреби тезрав,
Хоксору аз ҳама воло туӣ.


Муаллимро бахш кардам аввалаш муҳаббат охираш муҳаббат.

Худо туро мехост ва интихоб ҳақи Худо буд. Донои Ишқ рӯзат муборак!


Муаллим роҳбари илми замон бошад,
Муаллим рӯҳбахши одамон бошад.
Кунад равшан ба мо имрӯз фардоро
Хабардор ӯ зи асрори ниҳон бошад.
Кунад парвоз инсон дар само нотарс,
Муаллим дар замин чун нуқтадон бошад.
Расонад одамонро бар муроди хеш,
Муаллим ҷумларо мақсадрасон бошад.


Сипосгузори муаллиме ҳастам, ки андешиданро ба ман омӯхт, на андешаҳоро


Аз падар гар қалбу тан ёфтем
Аз муаллим ҷони равшан ёфтем.
Эй муаллим чун кунам тавсифи ту,
Чун Худо Мушкил тавон таърифи ту.


Омӯзиш ҳарфе аст, ки ҳарфҳои дигарро меомӯзад. Ва масъулияти ин бар уҳдаи муаллим аст. Рӯзат Муборак!


Як падар бахшандаи обу гил аст,
Як падар равшангари ҷону дил аст.
Лек агар пурси кадомин бартарин
Он кӣ дин омӯзаду илму якин

Рӯзу ҳафтаи муаллим бар ҳамаи муаллимон муборак бод!

Дӯстӣ, Ҳидоят, Назм, Илм, Ишқ, Эътимод ва оромишро дар як шахс пайдо кардам. Ва ӯ касе нест чуз Шумо. Муаллим рӯзат муборак!


Агар дори ту ақлу донишу хуш,
Муаллим ҳарчӣ мегӯяд бикун гуш!
Муаллим чун падар воломаком аст
Муаллим ҳамчу модар хуш зи ҷон аст.
Муаллимро маранҷон ҳаргиз аз хеш,
Мазан бо ҳарфи беҷо бар дилаш неш!


То Худо буду ҳаст, муллим будаву ҳаст ва ҳар рӯз, рӯзи муаллим аст. Муаллим ҳунар аст, Ишқ аст…. Осмони рӯзат муборак!

Чӣ касе ҳарду лабамро ба алиф боз намуд,
Чӣ касе ҷомаи тақво ба танам соз намуд.
Эй муаллим, ки туро дониши бисёре буд,
Ҷони шогирд ба фидоят, ки сазовор буд.

Муаллими азиз аз Шумо Мамнунам чун аз мо чизе сохтед, ки имрӯз ҳастем шогирду дастбӯси Шумо.

Андешаам аз ту сабзу обод шуда
Аз ҷаҳлу ғам ин фитратам озод шуда.
Дар мактаби поку шодӣ устод бубин
Ғам рафта зи ҷонаму дилам шод шуда.

Ҳадафи як муаллими расм тасвире аз оянда барои донишомӯз нест, балки роҳеро нишон хоҳад дод, ки донишомӯз тавонад расми тасвири ояндаи худро дошта бошад. Рӯзи муаллим муборак!


Дар мактаби ту ҳамеша шогирдам ман
Дур аз рӯҳи ту ҳамеша пурдардам ман
Дар фасли баҳори рӯзи устод бубин
Бе нури муаллим инчунин зардам ман

Мумтозу намуна шудан барои яксол аст. Ва мондагор шудан барои як умр. Салом бар муаллиме, ки ҳар сол намуна асту як умр мондагор. Муаллими азизам рӯзат муборак, ки ҷаҳоне аз нурат муборак гаштааст.


Бо ин гаҷи ишқ тахтаи ҷонам зан
Хатте зи каломи худ ба имонам зан
Сад дарс дар ин синфи ту омӯхтам ман
Як дарс зи ишқи ҷони вайронам.

Саломат гуфтам паёмам додӣ паёмат чароғи роҳи зиндагиям шуд ва маро ба сарзамини нуру огоҳи ҳидоят кардӣ. Эй оинаи тамомнамои ишқу муҳаббат ҳар рӯзат муборак бод.


Худои атласиҳо бо ту бошад,
Паноҳи бекасиҳо бо ту бошад.
Тамоми лахзаҳои хуби як умр,
Ба чуз дилвопасиҳо бо ту бошад.

Муаллими азизам рӯзат муборак!

Муаллимӣ Шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст.

Агар ба унвони шуғл интихобаш кардаӣ раҳояш кун ва агар ишқи туст муборак бод.


Ҷунбандагони замин, моҳиҳои дарёҳо ва ҳар кӯчаку бузурге дар замини Худову Осмони ӯ барои муаллими хубиҳо, истиғфор менамоянд. (Имом Содиқ)

Муаллимӣ, мӯҳре аст, ки аз рӯзи азал бо гили одами сиришта шуда, то мардум аз таълимоти ҷаҳл ба нури доноӣ раҳнамун шаванд.

Муаллим шамъ шуди шӯъла шуди сӯхтӣ,
То хунаратро ба ман омӯхтӣ

«Муаллими азизам рӯзат муборак!»


Садҳо шохаҳои гули марям тақдими Шумо бошад, ки барои ман дар ҷаҳон беҳтарин ҳастед. Рӯзи муаллим муборак!

Нақши муаллим дар дилҳост дигаре ҷои ӯро намегирад,

Он ки дилҳо ба ишқи ӯ зинда аст, дар дили ошиқон намемирад.


Муаллими хубам равзанаҳои равшание, ки дар зеҳнам боз карди ҳанӯз дунболи нур мегардад…. Рӯзат муборак!


Дигар маводҳо вобаста ба муаллим ва шеър дар бораи муаллим >>>

Шеър дар васфи муаллим


табрикоот барои рузи муаллимон, рузи устодон, рузи муаллимон дар точикистон, табрикоти рузи муаллимон,  табрикот ба рузи муаллимон, муалим, рузи муаллим, сенария бахшида ба рузи муаллим, табрикот ба рузи муаллим, рузи муаллимон, рузи муаллимон табрикот, соати тарбияви рузи муаллимон, 1 октября рузи муаллимон, табрикот ба рузи муаллимон, рузи муаллимон кай, маълумот дар бораи рузи муаллимон, 5 октября рузи муаллимон, рузи муаллимон мубарак

табрикот ба рузи муаллимон,

бахшида ба рузи муаллим

11 шарҳ

  1. Бале муаллими мо аз хама муалимхо бехтарин аст

  2. Муаллим аз хама инсони хушбахтарин шахс дар руйи олам аст!

  3. Муаллим шарафмандтарин махбубтарин шахси руйи олам мебошад. Муаллим донишу заковат гармии дили худро ба шогирдон ва ба фарзандхои худ медихад, ва хешро аз ин хушбахт мехисобад.

  4. Муаллим ин ганчи бебахост.
    Муаллим ин сарчашмаи мехрхост.
    ❤️❤️❤️❤️

  5. Мебахшетон рузи муааллимон Кадом руз аст

    • Дуруд ба шумо!
      Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи якуми моҳи октябр – Рӯзи омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
      Метавонед муфассал инҷо хонед >> Идҳои тоҷикистон

  6. Ҳар ки бе устод кард оғози кор
    Кору бори у надорад эътибор

  7. Муаллимои мактаби 92 Муаллимои бехтаринанд

  8. Омӯзгор шахси воло мақом аст. Ҳамеша мо бояд омузгори худро эҳтиром кунем. Рузи омузгорон муборак бод!.

Comments are closed.