Аҳамияти омӯзиши забон

Ҳамаи илмҳо бо забон шакл мегиранд. Забон бо тамоми илмҳо алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ, мутахассисони ояндаро зарурати омӯзиши забони модарӣ пеш меояд.

Салими Теҳронӣ аҳамияти забону суханвариро чунин маънидод менамояд:

Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст.

Забони тоҷикӣ, ки забони миллати мо ва забони давлатии кишвари ҳасти мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, дар муддати мадид дар баробари дигар забонҳо озмоишҳои зиёдеро аз cap гузаронидааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маҳз мақоми таърихии забони тоҷикӣ, омили муттаҳидгари халқ, будани он ба зуҳури сулолаи Сомониён ва ташаккули давлати миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикон дар аҳди Сомониён бо ин забон як фарҳанги ҷаҳонгире офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор, меъмор ва арбоби давлатиро ба арсаи олам баровардаанд, ки Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абушакури Балхӣ, Кисоӣ, Форобӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Носири Хусрав ва дигарон аз он зумраанд.

Ба шарофати фаъолияту осори онҳо забони тоҷикии мо дар тули беш аз ҳазор сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хидмат кардааст. Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷиаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, дар натиҷаи хизматҳои беназири фарзандони барӯманди халқи тоҷик аз аҳди устод Рӯдакӣ то ба имрӯз дар шакли зебову ноб ва бо захираҳои бойи луғавӣ барои мо ёдгор мондааст.

Забонро Худованди бузург барои пешрафти кори бандагонаш офаридааст, он марҳами дилҳост. Абушакури Балхӣ хуб фармудааст:

Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чун алмоси буррову теғи куҳан
Чу алмос, к-оҳан бибурад ҳаме,
Сухан низ дилро бидаррад ҳаме.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сӯрох берун кашад морро.


Ахамияти омузиши забон, ахамияти омузиши забони точики.

ҚаблӣМаълумот дар бораи Галактика – Роҳи Каҳкашон
БаъдӣМавқеи забони тоҷикӣ дар доираи забонҳои ҳиндуаврупоӣ