Маълумот дар бораи Галактика – Роҳи Каҳкашон

ГАЛАКТИКА (юн. galaktikos-ширранг), Роҳи Каҳкашон, Миҷарра, системаи бузурги ситораҳо, ки Офтоб бо ҳамаи сайёраҳояш мансуби он аст. Галактика аз маҷмӯи ситораҳои навъи гуногун, инчунин тарокуму ассотсиатсияҳои ситораҳо, туманоти газу ғубор ва атому зарраҳои ҷудогона, ки дар фазои байни ситораҳо парокандаанд, таркиб ёфтааст. Қисми бештари компонентҳои Галактика ҳаҷми линзашакли бараш қариб 30 ва ғафсиаш қариб 4 кпк (килопарсек; мувофиқан 100 ҳазор ва 12 ҳазор соли рушноӣ), қисми ками онҳо ҳаҷми қариб сферашакли радиусаш 5 кпк (қариб 50 ҳаз. соли рушноӣ)-ро ишғол кардаанд. Ҳамаи компонентҳои Галактика дар як системам динамикӣ марбутанд, ки он дар атрофи меҳвари хурди симметрия давр мезанад. Ба назари мушоҳиди заминӣ, ки андаруни Галактика аст, он ҳамчун Роҳи Каҳкашон (номи Галактика низ аз ҳамин ҷост) менамояд. Барои аз дигар галактикаҳо фарқ кардан Галактикаеро, ки Офтоб мансуби он аст, баъзан «Галактикаи мо» меноманд.

галактика - рохи кахкашон

Ситораҳо ва материяи иборат аз газу ғубори байни ситораҳо ҳаҷми Галактикаро нобаробар пур кардаанд. Худи Роҳи Каҳкашон тарокуми шумораи азими ситораҳост, ки зоҳиран ба як тасмаи паҳни сафедтоб монанд аст. Миқдори умумии ситораҳои Галактика ба 100 млрд мерасад.

Массаи курраи Галактика якҷоя бо тамоми ситораҳо ва моддаи байниситоравӣ ба 1011 массаи Офтоб, яъне қариб ба 1044 г баробар аст. Сохти Галактикаи мо ба сохти галактикаи калон дар бурҷи Андромеда, галактика дар бурҷи Гесӯ ва ғайра монанд аст. Вале мо андаруни Галактика истода, тамоми сохти онро пурра дида наметавонем, ки ин омӯзиши онро душвор мегардонад.

Табиати ситоравии Роҳи Каҳкашонро бори нахуст с. 1610 Г. Галилей ошкор намуд, вале омӯзиши муттасили сохти Галактика фақат дар охири асри 18 оғоз ёфт. Соли 1859 астрономи рус М. А. Ковалский ақидаи дар атрофи меҳвараш чарх задани тамоми система ва Галактикаро пеш гузошт. Дар солҳои 20-уми асри 20 астрономи амрикоӣ X. Шеплӣ мавқеи ғайримарказии Офтобро дар Галактика исбот карда, сӯи маркази Галактикаро муайян намуд (дар бурҷи Қавс). Астрономи швед Б. Линдблад тафовути куллӣ доштани суръатҳои ситораҳоро дар фазо, ки дар қисматҳои гуногуни Галактика воқеъ буда, як системам нисбат ба ҳамвории галактикӣ симметриро ташкил медиҳанд, ошкор намуд. Астрономи голландӣ Я. Оорт соли 1927 дар атрофи меҳвари хурди худ давр задани Галактикаро исбот намуд. Маълум гардид, ки қисми дохилии ба марказ наздики Галактика назар ба қисми берунии он тезтар давр мезадааст. Суръати чархзании он қисми Галактика, ки дар масофаи 10 кпк аз маркази он воқеъ буда ва Офтоб дар он ҷойгир аст, қариб 250 км/сон мебошад; даври гардиши пурраи ин минтақаи Галактика 180 млн сол аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қисмҳои гуногуни Галактика аз компонентҳои муайяни ба ҳамон қисмҳо хос таркиб ёфтаанд. Соли 1948 тадқиқотчиёни советӣ Галактикаро бо ёрии шуоъҳо ва инфрасурх мушоҳида намуда, бори аввал тасвири ядрои онро ба даст оварданд. Мушоҳидаҳои солҳои 50-уми асри 20 нишон доданд, ки дар Галактикаи мо шохаҳои спиралӣ низ мавҷуданд. Агарчи Галактика хҳудуди аниқ надорад, нисбати ғафсии он ба диаметри экваториаш тақрибан 1 : 10 аст. Ғафсии он қабати Галактика, ки бо қади ҳамвории экватори галактики воқеъ гардида, андарунаш аксари ситораҳо ва массаҳои асосии моддаи байниситоравӣ ҷой гирифтаанд, 400-500 пк мебошад. Зичии ситораҳо дар фазои ин қабат чунин аст, ки ба ҳаҷми кубшакли теғаҳояш 2 пк як ситора рост меояд. Дар атрофи Офтоб миқдори ситораҳо камтар аст. Ба андозаи наздик шудан ба маркази Галактика, ки аз Замин дар бурҷи Қавс намоён аст, зичии ситораҳо зиёд мешавад. Пас, зичии фазовии ситораҳо ҳам ба ҷониби ҳамвории Галактика ва ҳам ба ҷониби маркази он зиёд шуда меравад. Массаи умумии гази байниситоравии Галактика қариб 0,05 ҳиссаи массаи ҳамаи ситораҳоро ташкил медиҳад.

Дар Галактика се таҳтсистема: ҳамвор, мобайнӣ ва сферавиро фарқ мекунанд. Таҳтсистемаи ҳамвор аз ситораҳои нави тафсон, ситораҳои навъи сафеди даври тағйирашон калон, ассосиатсияҳои ситорагӣ, тарокумҳои парокандаи ситораҳо ва газу ғубор таркиб ёфтааст. Синни ин таҳтсистема бештар аз 5 милиард сол аст.

(Энсиклопедияи советии тоҷик, 4, 2. саҳ.14-16)


Маълумот дар бораи Галактика, Рохи кахкашон, реферат, кори курси дар бораи галактика, бо забони точики, на таджикском языке.

ҚаблӣФарҳанги Арабу Исломӣ
БаъдӣАҳамияти омӯзиши забон

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед