Тасмим гирифтем мавзӯҳои Хазинаи маърифатро дар ин сомона нашр кунем. Тамоми мавзӯҳои мухталифи Хазинаи маърифатро дар ин барчасп бихонед.

Аз ашки чашмон набояд чеҳраамон сурх шавад. Ашки чашмонамон чун боронест, ки чашмонамонро аз чангҳои нороҳаткунанда тоза мегардонад.
(Чарлз Дикенс)
Баъзан гиряат ояд, шарм накарда гиря бикун, зеро ашки чашм дар гуфтани сухан нақш мебозад.
Ашки чашме, ки барои Аллоҳ Таъоло (ҷ. ҷ.) рехта мешавад, қалбро ботаҳорат месозад.
Ашки чашм далели оташи қалб аст.
(Зуннунии Мисрӣ)
Шояд ягона маконе, ки нафсамро мағлуб мекунам, саҷда бошад. Худоё чунон ашки чашм насибам бигардои, ки ҷойи саҷдаамро тар бикунам.
Нигоҳи пурмаънотарин дар ду ашки чашм аст. Бисёр чизро мефаҳмонад, зеро забон маҳкам мешаваду қалб сухан меронад.
(Милан Кундера)
Ашкони чашм, суханҳои хомӯшонаи дардҳо мебошад.
(Волтейр)
Гуноҳҳо қалбро сиёҳ мекунад ва онро танҳо ашки чашм тоза мекунад.
(Салиҳ Алмаррӣ)
Хандаҳои бемаъниямонро бо ашки чашмони сӯзон пардохт мекунем.
(Субҳон Курбонов)
Ашкони чашм монеъаи табдилёбии дард бар ноумедӣ мебошад.
(Уздемир Асаф)
Чунон ашкони чашм дорем, ки баъди фиреб кардани дигарон чандин маротиби дигар худамонро ҳам фиреб медиҳад.
(Ла Рочефоколд)
То чашм гиря накунад, дар қалб тиру камон намебарояд.
(Ҷоҳн Чинӣ)
Нест ягон роҳи дигар ба ҷуз ширинии гиряи якҷоя, ки қалбҳоро ба якдигар васл накунад.
(Ҷ. Ҷ.Руссо)
Чӣ саодат ба он нафароне, ки ашки чашм доранд.
(Гёте)
Рӯзе омад, ки барои рӯзҳои гиря кардаам, гиря кардам.
(ҳазрати Абубакр (р.а.))
Барои шири рехташуда гиря кардан фойдае надорад. Ягона коре, ки бояд кард, ин минбаъд нарезондани шир аст.
(Дейл Карнегӣ)
Намудҳои ашки чашм:
Тавбакорон барои гуноҳҳояшон ашк мерезонанд.
Зоҳидон барои дур будан аз маконашон (охират) бо ҳисси ғурбат ашк мерезонанд.
Содиқон барои хомӯш нашудани имонашон, аз тарс ашки чашм мерезонанд.
(Яҳё бини Муаз)
Ашки чашме, ки аз барои Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) рехта мешавад, қалбро нуронӣ мекунад ва инсонро аз дубора гуноҳ кардан нигоҳ медорад.
Аз Китоби Хазинаи Маърифат





















