Мавқеи забони тоҷикӣ дар доираи забонҳои ҳиндуаврупоӣ

Забони тоҷикӣ дар сарзамини паҳноваре, дар чанд навоҳии таърихӣ тараққиву ташаккул ёфта, унсурҳои забонҳои ориёӣ аз ҷумла, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, бохтариро дар бар гирифтааст.

забони точики, забони тоҷикӣ

Равнақу пешрафти забон дар муддати ҳазорон сол ба амал омада, нозукӣ ва тобишҳои бисёреро дар бар мегирад, ки тамоми ин ҳодисаҳои забониро ба ҳисоб гирифтану хамеша хулосаҳои дуруст баровардан имконнопазир аст. Ғайр аз ин, сарчашмаҳо вазьияти забони адабӣ ё забони расмии ин ё он давраи муайянро инъикос мекунанд.

Азбаски таърихи забон ба таърихи халқ зич вобаста аст, хҳодисаҳои муҳимтарини таърихи халқ дар забон нақши муҳимро бозида, ба гурӯҳбандии сарчашмаҳои хаттии ин ё он забон таъсир мерасонанд. Давраҳои гуногуни таърихи забонро вобаста ба вежагиҳои забонӣ ва ҳодисаҳои барҷастаи таърихи халқ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Нахустин давлате, ки дар замони қадим дар Эронзамин пайдо шуда буд, давлати Мод мебошад ва он дар миёнаҳои асри IX пеш аз мелод дар арсаи таърих арзи вуҷуд намудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар миёнаҳои асри VI пеш аз мелод ҳокимият ба дасти порсҳо мегузарад, ки ин сулола дар таърих бо номи Ҳахоманишиён маълуму машҳур аст. Ҳокимияти Ҳахоманишиён то охирҳои асри IV пеш аз мелод идома ёфта, дар зери зарбаҳои лашкари Искандари Мақдунӣ аз байн рафт. Аз давраи Ҳахоманишиён сарчашмаҳое ба хатти мехӣ то ба замони мо расидаанд, ки забони онҳоро дар эроншиносӣ забони порсии қадим меномиданд. Ин забон ва забони авестоиро одатан манбаи асосии давраи қадими эронӣ мешуморанд. Бояд таъкид намуд, ки дар давраи ҳокимияти Ҳахоманишиён ва баъдтар дар Эронзамин аввал забони оромӣ ва баъд аз истилои Юнон забони юнонӣ дар идораи давлати эрониён аҳамияти аввалиндараҷа доштанд.

Дар империяи Искандари Мақдунӣ аввал давлати Селевкиҳо ва баъдтар империяи бузурги Портҳо (с 250 пеш аз мелод- 224 пас аз мелод) ва пас аз он давлати Сосониён (224 – 650м) пайдо шуданд. Аз ин давра то ба замони мо сарчашмаҳои хаттии забони портӣ ва забони порсии миёна, ки забони расмӣ ва забонии адабии давлати Сосониён ба ҳисоб мерафт, омада расидаанд. Ин забонҳо аз ҷиҳати сохт аз забонҳои қадими эронӣ каме фарқ дошта, ба давраи миёнаи эронӣ тааллуқ доранд.

Дар зери зарбаҳои ҳалокатовари арабҳо давлати Сосониён сарнагун гашта, аксарияти сарчашмаҳои адабӣ ва мадании он давра нест мешавад. Дар давраи истилои араб дар cap то сари Эронзамин забони арабӣ чун забони ғолибон ҳукмрон шуда, ба забони расмии давлатӣ ва адабии халқҳои бисёри эронӣ мубаддал мегардад.

Аммо, баъд аз чанде яке аз забонҳои эронӣ дар доираи васеъ қобили истифода қарор мегирад. Ин забон ба порсии миёна наздик аст, вале хусусиятҳои хоси он водор менамояд, ки онро ба давраи дигар – давраи нави эронӣ мансуб шуморем. Ин забонро дар эроншиносӣ забони дарӣ меноманд.

Ба ҳамин тариқ, таърихи мавҷудият ва инкишофи забони форсии тоҷикиро ба се давра ҷудо намудаанд:

  1. Давраи қадима (аз аҳди қадим то асрҳои IV —III пеш аз мелод. Осори забонии ин давра «Катибаи Бесутун» ба шумор меравад. Осори забони ин давр бо хатти мехӣ сабт шудааст.
  2. Давраи миёнаи забони форсии тоҷикӣ (асри III пеш аз мелод то асрҳои VI -VII мелодӣ). Ин давра ба замони подшоҳии Ашкониён ва Сосониён мувофиқ меояд. Дар таърих ин забон бо номи забони паҳлавӣ низ машҳур аст. «Ёдгори Зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон» ва «Дарахти ассурик» намунаҳое аз осори форсии миёна ба шумор мераванд.
  3. Давраи нави забони форсии тоҷикӣ аз асрҳои VIII- IX- и мелодӣ то замони мо идома ёфтааст. Осори безаволи адабиёти классикии форсу тоҷик дар ин давра ба хатти арабӣ таълиф ёфтааст ва мероси муштараки форсизабонҳо ба шумор меравад.

Забони ҳозираи адабии тоҷик яке аз забонҳои зиндаи гурӯҳи эронӣ буда, таърихи онҳо дар тӯли камаш 3-ҳазор сол аз сарчашмаҳои хаттӣ маълуму равшан аст.

Давраи якуми тадқиқи таърихи забони тоҷикӣ аз кашфу чоп ва таҳлилу баррасии манобеъ ва сарчашмаҳои мухталиф оғоз мешавад. Доир ба қадимтарин сарчашмаи таърихи забони тоҷикӣ (катибаҳои хатти мехӣ) маълумоти ибтидоӣ ҳанӯз дар асри XVII дар доираи донишмандони Аврупо шурӯъ шуда буд. Соли 1621 сайёҳи итолёвӣ Петро делла Валле аввалин маротиба чанд аломати хатти мехиро нусхабардорӣ намуда, баъзе аз онҳоро чоп намуд. Сониян, матнҳои дигари ин хат кашф шудаанду дар ибтидои асри XX олими олмонӣ Г. Гротефенд онҳоро аз рамзи аломатҳои хатти мехӣ баровард. Дар давоми асри XIX олимону донишмандон сарчашмаҳои ин давраро таҳлилу таҳқиқ менамуданд.

Давраи дуюми тадқиқоти таърихи забони тоҷикӣ дар асоси усули муқоисавии таърихии омӯзиши забони ин сарчашмаҳо оғоз гардид. Ба туфайли истифодаи ин усул ба донишмандон муясар гардид, ки забони ин сарчашмаҳоро таҳлилу баррасӣ намоянд. Дар таҳлилу баррасии матнҳои эронӣ, махсусан, сарчашмаҳои давраи миёна, аз нуқтаи назари усули муқоисавии таърихӣ академик К. Г залеман хизмати шоён кардааст.

Давраи сеюми омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ давраи муосир ба ҳисоб меравад. Олимону донишмандон дар таҳлилу баррасии далелҳои таърихи забони тоҷикӣ маводҳои забонҳои дигари эронӣ забонҳои мухталифи ҳиндуаврупоӣ ва ҳамчунин далелҳои гӯишҳои гуногуни тоҷикиро истифода намуданд. Ба асоси тадқиқотҳо муайян намудаанд, ки забони тоҷикӣ аз ҷиҳати пайдоиш ба гурӯҳи забонҳои эронӣ ва хонаводаву забонҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуқ дорад. Забони тоҷикӣ на танҳо ба забонҳои дигари эронӣ (порсии қадим, авестоӣ, порсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ, форсӣ, пушту, курдӣ, тотӣ, балуҷӣ, забонҳои помирӣ, яғнобӣ…) хешию наздикӣ дорад, балки бо забонҳои дигар ҳам умумият ва қаробат зоҳир менамояд.

Ғайр аз ин, забони тоҷикӣ бо забонҳои машҳури ҷаҳон амсоли русӣ, немисӣ (олмонӣ), англисӣ таърихан хеш мебошад.

Мисол:

тоҷикӣ русӣ немисӣ англисӣ
Модар Мать mutter (муттер) mother (мазе)
Бародар Брат bruder (брудер) brother (бразе)
Нав Новый neu (ной) new (ню)
ду два zwei (цвай) two (ту)

Шеър дар васфи сухан/забон (Б. Ҳилолӣ)

Мавкеи забони точики дар доираи забонхои хиндуаврупои

ҚаблӣАҳамияти омӯзиши забон
БаъдӣАбул Қосими Заҳровӣ (аввалин ҷарроҳ)

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед