Садриддин Айнӣ

Дар ин мақола зиндагиномаи/биографияи Садриддин Айни оварда мешавад.

Сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 27 (15) апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро (дар ноҳияи Ғиждувони вилояти Бухорои Ӯзбекистон) ба дунё омадааст.

Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ (6) ба мадрасаи рустояшон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони «Мактаби кӯҳна» тасвир карда ва дар «Ёддоштҳо» мегӯяд: «Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод». Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

Орзую ҳаваси илму шеър Айниро дар 12-солагӣ ба Бухоро овард. Ба мадрасаҳои Бухоро дохил шудан ва дониш гирифтан барои Айнӣ барин фақирзодагони илмҷӯ хеле мушкил буд. Вале ӯ ба шарофати ҳавасмандӣ ва толиби илм буданаш тамоми душвориҳои рӯзгор ва омӯзишро паси сар карда, 16 сол дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудааст. Айнӣ дар мадрасаҳои мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид ва Кӯкалдош таҳсил карда, соли 1908 онро хатм мекунад. Муддати 27 соли зиндагӣ дар БухороАйнӣ боз аз ду мактаби дигар гузаштааст: яке мактаби меҳнат ва дигаре мактаби ҳаёт. Барои ёфтани қути лоямуташ ӯ аз ҳеҷ кору заҳмат даст накашидааст: гоҳ фарроши мадраса, гоҳ ошпаз, гоҳ ҷомашуй, гоҳ мардикор буд. Дар мактаби ҳаёт Садриддин ҳаёти ҷамъиятро омӯхт. Аз табақаю тоифаи гуногуни одамон, муносибатҳои синфии мардум, ҷаллодони амир, задухӯрдҳои дорою нодоро дониши зиндагӣ меомӯхт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз соли 1896 Садриддин Айнӣ бо тахаллуси адабии «Айнӣ» ба навиштани шеърҳои мустақилона cар кардааст. Назари устод Айнӣ пас аз мутолиа кардани асари Аҳмади Дониш«Наводир-ул-вақоеъ» нисбат ба сохти пӯсидаи аморати Бухоро тамоман дигар гардид ва нисбат ба ин ҷамъияти фарсуда дар дили ӯ як нафрати ниҳоние пайдо шуд. Аз ин рӯ, дар ибтидои асри 20 устод эҷодиёти идеяҳои пешқадами маорифпарварон Аҳмади Дониш ва Шоҳинро давом дода, роҳи ояндаи худро муайян намуд. «Таҳзиб-ус-сибён»-ро устод Айнӣ маҳз ба хотири тарбияи наврасон дар рӯҳияи муосир соли 1909 барои шогирдони дар Бухоро мактабҳои усули нав офарид. Чунин корҳои хайр ба Амир маъқул набуд. Аз ин хотир, устодро ба зиндон мепартояд ва ӯро 75 чӯб мезананд. Пас аз 52 рӯзе, ки дар беморхона муолиҷа мекунад, Садриддин Айнӣ баСамарқанд кӯчида меояд. Ӯ чи дарСамарқанд ва чи дар Тошкент дар корҳои комитети револютсионӣ иштирок карда, варақа, даъватнома ва баённомаҳои ҷангӣ менависад, тарғиботу ташвиқот мебарад. Амири Бухоро аз он ки Ҳокимияти Шуравӣ ба Айнӣ пушту паноҳ шудааст, бо тӯҳмати алоқа доштан бо муборизони зиддиаморат, бародари хурдии нависанда – Сироҷиддинро ваҳшиёна дар зиндон мекушад. «Марсия» – и ҷонгудози Айнӣ ба ҳамин муносибат навишта шудааст. Ҳирси хунхории Амир бо ин ҳам қаноат накарда, бародари калонии ӯ Мухиддинхоҷаро низ қатл менамояд. Баъди ин воқеаҳо қалами Айнӣ тезу бурро шуд ва ба ӯ муяссар гардид, ки дар мақолаю рисолаҳо, асарҳои таърихӣ ва бадеии минбаъдааш нишон диҳад, ки бо хоку замин яксон шудани тартибу низоми амирӣ таърихан қонунист.

Ҳамин тавр, бо ғалабаи Инқилоби Октябр нависанда аз нав ҷавон шуд. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст. Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст. Дар соҳаи илм ба ӯ дараҷаи доктори илмҳои филологӣ бахшида шуда, бо унвони академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон тақдир карда шуд. Айнӣ академики АИ ҶШС Тоҷикистон таъин гашт, ӯ нахустпрезиденти АИ ҶШС Тоҷикистон (1951—1954) мебошад.

Устод Садриддин Айнӣ 15 июли соли1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣдар як ҷои хушманзараи Душанбезиёратгоҳи аҳли адаб аст. Ин мавзеъро ҳоло Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣмегӯянд.

Фаъолияти омӯзгории Садриддин Айнӣ ҳанӯз айёми мадрасахонияш оғоз гардида, дар ду самт идома ёфтааст:

1.Таълим дар мактабҳои усули нав.

2.Таълифи китобҳои дарсӣ.

Соли 1906 дар Бухоро Абдураҳмон Саидӣ ном тотор нахустин мактаби нави тоториро таъсис дод. Азбаски дар ин мактаб чанде аз бачаҳои тоҷик низ таҳсил мекарданд, Айнӣ дарсҳои Саидиро бо забони тоҷикӣ барои талабагони тоҷикзабон тарҷума мекард. Вақте ки 8 ноябрисоли 1908 дар ҳавлии Мирзо Абдувоҳиди Мунзим аввалин мактаби нави тоҷикӣ кушода мешавад, фаъолияти омӯзгории Айнӣ боз ҳам васеъ гардид. Дар мактаби М.А. Мунзим ва С. Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасоӣ соли 1909 бо ташаббуси ҳар ду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб- ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С. Айнӣ инчунин китоби дигари дарсӣ “Таҳзиб-ус-сибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр шуд. Лозим ба ёдоварист мактабҳои усули нав аз макотиби маъмули амирӣ куллан фарқ мекарданд. Хонандагон дар мактабҳои амирӣ, ки Садриддин Айнӣ усули дарсгузарии онҳоро дар асари «Мактаби кӯҳна» тасвир кардааст, чанд соли умри худро зоеъ карда боз бесавод мемонданд. Толибони хурдсоли мактаби кӯҳна танҳо кӯр – кӯрона хондану аз ёд кардани Қуръон ва дигар китобҳои диниро меомӯхтанд. Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд. Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд.

Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзимбаста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд. Эҷодиёти Айнӣ аз солҳои 90-уми асри XX шуруъ мешавад ва ӯ зуд дар радифи шоирони пешқадам қарор мегирад. Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд. Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст. Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Устод бо шеъри «Гули сурх», ки соли 1895 бо тахаллуси Айнӣ эҷод карда буд, ба остонаи адабиёт ё шеъру шоирӣ ворид гардид. Таърихи эҷоди шеъри мазкур хам аҷиб аст. Дар ин шеър устод пас аз тасвири баҳору зебоиҳои он ва ситоиши «Гули сурх» дар банди охири он аз муфлисӣ, нодорамӣ ва қашшоқии хеш дарду аламашро изҳор мекунад:

Рози дил мегуфтам ар як марҳаме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам ҳамдаме медоштам

Аз тамошои Гули сурх аз чи мемондам ҷудо

Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам

Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд. Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд. Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст. Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст. Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918-1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд. Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.


Калидвожаҳо: шоир, нависанда, адиб, қаҳрамони тоҷикистон, кахрамони точикистон, мавзуи озод, иншо. зиндагиномаи Садриддин Айни

ҚаблӣҲаёт ва фаъолияти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
БаъдӣБаробарҳуқуқии зану мард

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед