Маликзодаеро шунидам, ки кутоҳ буду ҳақир1 ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй. Боре падар ба кароҳат2 ва истеҳдор3 дар ӯ назар кард. Писар ба фаросат ва истибсор4 ба ҷой овард ва гуфт:
-Эй падар, кутоҳи хирадманд беҳ ки нодони баланд. На ҳар чӣ ба комат меҳтар5, ба қимат беҳтар!
Он шунидӣ, ки лоғари доно,
Гуфт боре ба аблаҳи фарбеҳ:
«Аспи тозӣ агар заиф бувад,
Ҳамчунон аз тавилаи хар беҳ».
Падар бихандид ва аркони давлат биписандиданд ва бародарон ба ҷон биранҷиданд.
То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта6 бошад.
Ҳар беша гумон мабар, ки холист,
Шояд, ки паланг хуфта бошад.
Шунидам маликро дар он қурб7 душмани саъб руй намуд. Чун лашкар аз ҳар ду тараф ру й дар ҳам оварданд, аввал касе, ки ба майдон даромад, ин писар буд ва гуфт:
Он на ман бошам, ки рузи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ cape!
В-он, ки ҷанг орад ба хуни хеш бозӣ мекунад,
Рӯзи майдон с-он, ки бигрезад ба хуни лашкаре.
Ин бигуфту ба сипоҳи душман зад ва тани чанд мардони корӣ биандохт. Чун пеши падар омад, замини хидмат бибусиду гуфт:
Эй, ки шахси манат ҳақир намуд,
То дуруштӣ ҳунар напиндорӣ.
Аспи лоғармиён ба кор ояд,
Рӯзи майдон, на гови парворӣ8.
Овардаанд, ки сипоҳи душман бисёр буду инон андак. Ҷамоате оҳанги гурез карданд, писар наърае заду гуфт:
-Эй мардон, бикушед. то ҷомаи занон напушед!
Саворонро ба гуфтани ӯ таҳаввур9 зиёдат гашт ва ба як бор ҳамла бурданд. Шунидам, ки ҳам дар он рӯз бар душман зафарёфтанд. Малик (он писарро) сару чашмаш бибусиду дар канор гирифт ва ҳар рӯз назар беш кард, то валиаҳди10 хеш кард. Бародарон ҳасад бурданд ва заҳр дар таомаш карданд.
Хоҳараш аз ғурфа11 бидид, дарича ба ҳам зад. Писар дарёфт ва даст аз таом бозкашиду гуфт:
-Маҳол аст, агар ҳунарманд бимирад ва беҳунар ҷои ӯ бигирад.
Калимаю ибораҳои тоза
- Хақир – хурд, нотавон.
- Кароҳат – нописанд доштан.
- Истеҳкор – хурд ва залил шумурдан.
- Истибсор -биниш.
- Меҳтар – калонтар.
- Нуҳуфта – пинҳон.
- Қурб – аз қариб, наздикӣ.
- Парворӣ – парвардашуда, фарбеҳ.
- Таҳаввур – шердилӣ, ҷасорат.
- Валиаҳд – касе, ки подшоҳ ӯро дар вақти зиндагиаш ба ҷойи худ таъин мекунад.
- Ғурфа – болохона, ё дарича.