Бандакҷонишинҳо – Бандакчонишинхо

Бандакҷонишинҳо бештар ба исмҳо ҳамроҳ шуда, ба кадом шахс тааллуқ доштани предметро мефаҳмонанд. Онҳо ба се шахс: шахси якум, дуюм, сеюм ва ду шумора: шумораи танҳо ва ҷамъ далолат мекунанд.

Шахс Шумора
Танҳо Ҷамъ
Якум

Дуюм

Сеюм

-ам (-ям)

-ат (-ят)

-аш (-яш)

-амон (-ямон)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

-атон (-ятон)

-ашон (-яшон)

падарам (падари ман) – падарамон (падари мо)

падарат (падари ту) – падаратон (падари шумо)

падараш (падари вай) – падарашон (падари онҳо)


Маънои соҳибиятро ғайр аз бандакҷонишинҳо (китобам) боз ин хел ифода кардан мумкин аст: китоб аз ман, китоби ман, китоб аз они ман.


Машқ. Латифаро нависед. Гӯед, ки бандакҷонишини –ам ба кадом шахсу шумора тааллуқ дорад.

Мавлоно Қутбиддин ба аёдати бузурге рафт, пурсид:

-Чӣ заҳмат дорӣ?

Гуфт: -Табам мегирад ва гарданам дард мекунад, аммо шукр, ки як-ду рӯз шуд, табам шикастааст, аммо гарданам ҳанӯз дард мекунад.

Гуфт: -Ғам махӯр ва дил хуш дор, ки он низ дар ин ду рӯз шикаста шавад.

Убайди Зоконӣ

ҚаблӣБандаки изофӣ
БаъдӣБандакҳои феълӣ