Хоб ва бедори. Пешгирии бехоби. Тавсифи хоб. Тарбияи физиологии хоб. Ахамияти хоб ва хоббини. Пешгирии бехоби.
Тавсифи хоб
Одам сеяки умрашро дар хоб мегузаронад. Хоб барои одам чун обу ғизо зарур аст. Агар одам 3-5 шабонарӯз нахобад, беэътибор, қувваи хотираи вай суст, эҳсосаш кунд ва қобилияти коршоямиаш кам мешавад. Ӯро майли пурзӯри хобоварӣ фаро мегирад.
Одам хоб рафта аз олам бехабар мешавад. Кайҳо боз тахмин мекарданд, ки хоб танҳо ҳолати оромӣ буда, дар он тамоми фаъолияти организм заиф ва суст мешавад. Вале тадқиқоти муфассали олимон нишон дод, ки ҳаргиз чунин нест. Хоб ҳодисаи даврӣ мебошад. Хоби муқаррарии 7-8-соата аз 4-5 давр иборат буда, ҳамдигарро қонунӣ иваз мекунанд. Ҳар як давра аз ду марҳала: марҳалаи сустхобӣ ва марҳалаи тезхобӣ иборат аст.
Баъди дар хоб будан ҳамоно сустхобӣ авҷ мегирад. Ин дар баробари сустшавии нафаскашӣ, задани набз ва сустшавии мушакҳо ба амал меояд. Мубодилаи моддаҳо кам, ҳарорати бадан пасттар мешавад. Баъди 1-1,5 соат сустхобӣ ба хоби лаҳзавӣ иваз мешавад. Дар ин марҳала тамоми узвҳои дарунӣ бошиддат кор карда, одам тез-тез ва чуқур нафас мекашад, кори дил суръат мегирад, мубодилаи моддаҳо зиёд мегардад. Дар заминаи сустшавии умумӣ гурӯҳи ҷудогонаи мушакҳо кашиш хӯрда, боиси рӯйтуршкунӣ, ҳаракати сусти дасту пойҳо мегарданд. Чашмони одамони ба хоб рафта, ки онро пилкҳо пӯшидаанд, ба мисли тамошои кинофилм босуръат ҳаракат мекунанд. Бинобар ин, хоби лаҳзавиро марҳалаи «ҳаракати босуръати чашм» низ меноманд. Одамон баъди бедор шудан аз хоби лаҳзавӣ, дар бораи ҳодисаҳои аҷоибу ғароиби дар хоб дидаашон нақл мекунанд.
Ҳамаи хобҳо дар назар ҳисшаванда ва дар эҳсосот таъсирпазиранд. Ҳангоми хоббинӣ ҳуҷайраҳои асаби қисмҳои ақиби майнаи сар фаъол гардида, ба онҳо аз системаи босира ангезиш меояд. Аҳён-аҳён хобҳо бо эҳсоси аъзои сомеа, шомма ва ғайраҳо алоқаманданд. Шояд ба ҳамин сабаб хобро хоббинӣ мегӯянд.
Тезхобӣ 10-15 дақиқа давом карда, баъд марҳалаи нави сустхобӣ шурӯъ мешавад.
Одамони аз сустхобӣ бедоршуда изҳор мекунанд, ки хоб дидаанд, вале хоббинии ин давра нисбатан камтаъсир буда, бештар ба ҳақиқат наздиканд ва дар намуди тафаккур мегузаранд.
Субҳ тезхобӣ то 25-30 дақиқа давом мекунад. Ин имкон медиҳад, ки организми одам аз карахтии хоб ҳар чӣ зудтар раҳо ёбад.
Тарбияи физиологии хоб
Муайян шудааст, ки танаи мағзи сар якчанд гурӯҳ нейрон дорад, ки бедорӣ, хоб боздории ҳаракат дар хоб ба ин нейронҳо вобастаанд. Инро дар ҳуҷайраҳои ҳайвоноти таҷрибавӣ, ки ин қисми мағзи сарашон бурида шудааст, мушоҳида кардан мумкин аст. Онҳо ҳангоми тезхобӣ сарашонро бардошта ба ягон чизи нонамоён диққат мекунанд. Баъзан рафтори ба он ҳамлакунӣ зоҳир менамоянд, яъне бо рафторашон чизи дар хоб дидаашонро такрор мекунанд.
Дар сурати ангезонидани ҳуҷайраҳои бедоркунии асабӣ, ҳайвон бедор ва ҳушёр мешавад. Ҳангоми вайрон шудани чунин ҳуҷайраҳо ҳайвон хоболуд мегардад. Агар ҳуҷайраҳои асаби хоби гурбаи бедорро ангезонем, вай аввал хамёза мекашад, баъд бо ҳаловат печида, хобаш мебарад (расми 114).
Бояд гуфт, ки бадалшавии бедорию хоб ҳодисаи табиии шабонарӯзии Замин – бадалшавии рӯзу шабро такрор мекунад, ки ба он дар давоми чандин ҳазорсолаҳо организми зинда мутобиқ шудааст. Корҳои муқаррарӣ, вазъият ва расидани вақти хоб ҳам ангезандаҳои шартии хоббиёрӣ шуда метавонанд.
Таъсири муҳити беруна, равшании баланд, ғалоғула, инчунин огоҳиҳо аз узвҳои дарунӣ, масалан, гуруснагӣ, пур шудани пешобдон одамро аз хоб бедор мекунад. Бадалшавии бедорию хоб, инчунин ба таври ҳуморалӣ, яъне тавассути моддаҳои фаъоли биологӣ, ки одатан таркибашон дар давоми як шабонарӯз дар организм тағйир меёбад, танзим карда мешавад.

Аҳамияти хоб ва хоббинӣ
Маълум аст, ки хоб ва оромии том як маъно надорад. Ҳангоми хоб рафтан фаъолияти мағзи сар қатъ намегардад, балки фақат тағйир меёбад. Ҳамаи одамон хоб мебинанд, вале на ҳама онро дар хотир нигоҳ медоранд.
Хусусиятҳои хоббинӣ ва воқеаю саргузаштҳои рӯзи гузашта муайян ва бо осори ҳодисаҳои гузашта вобаста карда мешавад. Ба фикри И. Сеченов хоббинӣ ҳодисаҳои бемисли таассуроти ғуншуда мебошад. Баъзан хоббинӣ, хусусиятҳои хоббинии табиӣ ҳодисаҳои нохуш – бемории хешу табор ё бемории худи одамро пешгӯйӣ мекунад. Донистани аломатҳои беморӣ ва нооромии одами бедор на ҳама вақт боиси чунин хоббинӣ шуда метавонад. Аксаран хоббинии табиӣ рост намебарояд ва онро одам фаромӯш мекунад. Агар хоббинӣ қабл аз ҳодисаҳо рӯй диҳад ё бо он мувофиқат кунад, онро одамони бемаърифат чун шаҳодати “фавқуттабиат ва дорулбақо” овоза мекунанд.
Хоббинӣ фаъолияти муътадили рӯҳии мағзи сар мебошад. Дар он ҷараёнҳои дарккарда ва даркнакардаи одам, ки мазмунан ба ҳодисаҳои муҳит ва равандҳои физиологии организм алоқаманданд, инъикос меёбанд.
Пешгирии бехобӣ
Хоби кофӣ барои қувват гирифтани организм ниҳоят зарур аст. Он пеш аз ҳама фаъолияти мушакҳоро барқарор мекунад. Бехобӣ нисбатан зуд-зуд рӯй медиҳад. Камҳаракатӣ ва набудани мондашавии ҷисмонӣ боиси бехобӣ шуда метавонанд. Сабаби дигари бехобӣ тағйир додани тартиботи одатии вақти хоб мебошад. Шабкорӣ, вақтхушиҳои шабона, ҳаёти шабонарӯзии шаҳрҳои калон тартиби дурусти хоб ва бедориро вайрон карда, системаи асабро хароб мекунанд ва ба он доим таъсири манфӣ мерасонанд.
Хабари зиёд боз як омили бехобӣ мебошад. Пешрафти босуръати зиндагӣ, радио, телевизион, кино, театр, ки аз бисёр чизҳо воқиф месозанд, боиси харобшавии фаъолияти олии асаб ва бехобӣ мегарданд.
Барои муътадилии хоб кори шабонарӯзии организмро фаромӯш кардан лозим нест, кори шиддатнок (ҷисмонӣ ва фикрӣ)-ро ба бегоҳ ва шаб нагузошта, саҳар ва рӯзона иҷро кардан лозим аст. Кори бегоҳирӯзӣ аҳамияти махсус дорад. Дар ин вақт бо корҳои сабуки хастанакунанда машғул шудан беҳтар аст. Хусусиятҳои алоҳидаи организмро ҳам ба эътибор бояд гирифт. Баъзеҳо баъди сайру гашти пеш аз хоб нағз мехобанд, вале ин гардиш ба хоби дигарон халал мерасонад. Оббозӣ бо оби ширгарм ба хоббарии баъзеҳо мусоидат карда, ба дигарон халал мерасонад. Албатта, пеш аз хоб хӯрок нахӯрдан, оромона сайру гашт кардан ва оббозӣ бо оби ширгарм фоиданок аст. Вале одатҳои дар давоми тамоми умр ҳосилшуда аксаран ба барқарор шудани хоб кумак мекунанд.
Одам бояд чӣ қадар хоб кунад? Хоби муътадили наврасони синни 14-15-сола бояд камаш 8 соат давом кунад. Одами калонсол дар як шабонарӯз 7 соат мехобад. Маълум аст, ки баъзе одамон барои хоб хеле кам вақт сарф мекардаанд. Масалан, Пётри I, Наполеон, Шиллер, Гёте, В. Бехтерев дар як шабонарӯз 5 соат хоб мекардаанд, Эдисон бошад, ҳамагӣ 2-3 соат хоб мерафт.
Дониши худро санҷед:
- Хоб чӣ аҳамият дорад? Давомнокии хоби одам ба чӣ вобаста аст?
- Кадом олим табиати хобро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кард?
- Дар вақти хоб дар организм чӣ дигаргунӣ ба амал меояд?
- Як даври пурраи хоб чанд соат давом мекунад?
- Хоби мавсимӣ чист? Он чанд намуд мешавад?
- Хоб чӣ тавр зоҳир мешавад?
- Давраҳои сустхобӣ ва тезхобӣ чӣ гунаанд?
- Хоб ва бедорӣ чӣ хел танзим карда мешаванд?
- Сабабҳои хоббинӣ ва бедоршавӣ чист?
- Табиати физиологии хоббинӣ дар чист?
- Сабабҳои бехобӣ чист ва онҳоро чӣ тавр бояд пешгирӣ кард?
- Кадом олим тавсифи хоб ва хоббиниро додааст?
- Бехобӣ чист? Чӣ тавр онро пешгирӣ кардан мумкин аст?