
– Чунон ки аз абри вазнин борон борад, аз инсон низ он об резад, роҳат мекунад. (Ривапол)
– Ашкҳои чашм суханҳои беовози дард аст. (Волтер)
– Ифлосии гуноҳро об не, ашки чашм мешӯяд.
– Ашки тифлро ки пок намекунӣ, ҳамроҳи ӯ гиря бикун. (зарбулмасали африқоӣ)
– Дар чашм, ки ашк набошад, дар руҳ тирукамон падид намеояд.
– Ашки чашм бо чӣ сабабе рехта шавад, вобаста бо он соҳиби дарё мегардӣ. Пас, биёед дарёи муҳаббатуллоҳро соҳиб шавем ва ғарқи он кунем, на ғарқи дарёи шайтон.
– Ҳар як қатраи ашк қимат дорад, пас, саодатманд касест, ки он ашкро аз барои Аллоҳ, беҳбудии ватану миллат мерезонад. Ҳатман подоши чунин ашкҳоро хоҳад дид.
– Бо ашки чашмат роҳе ба сӯйи Аллоҳ бунёд бикун.
– Чашмаҳои тамоми ҷаҳонро кушоем ҳам, ба оташи дузах таъсире нахоҳад кард, ба ҷуз ашке, ки барои ризогии Аллоҳ Таъоло рехта мешавад.
– Ба ҷое, ки об меравад, он ҷо сабз мегардад ва ба ҷое, ки ашки чашм мерезад, он ҷо раҳмат нозил мегардад. (Мавлонои Румӣ)
– Зоҳидҳо бо чашмон, вале орифон бо қалбҳояшон гиря мекунанд.
Манбаъ: Хазинаи Маърифат




















