Пайдошавии дини Насронӣ. Зарурат ба дини ягона. Ривоятҳо дар бораи Исои Масеҳ. Оғози паҳншавии дини масеҳӣ. Aз мактубҳои ҳокими музофот Плинийи хурдӣ ба Траян дар бораи насрониён.
Зарурат ба дини ягона
То пайдоиши дини насронӣ дар Рум мардум ба худоҳои зиёд эътиқод доштанд. Румиҳои қадим аз худоҳо илтиҷо мекарданд, ки аҳволи зиндагии онҳоро беҳтар кунанд ва дар рӯйи замин барои мардуми одӣ адолатро барқарор намоянд. лекин худоҳо ба доди онҳо намерасиданд. Аҳволи мардум хуб нею торафт бадтар мешуд. Аз ин рӯ, ба муқобили беадолатӣ шӯришҳо мебардоштанд, вале онҳоро императорон бераҳмона пахш мекарданд. Императорони Рум дар ҳаққи халқи заҳматкаш зулмҳои зиёдеро раво медиданд. Ба назари халқи одӣ чунин менамуд, ки худоҳо аз уҳдаи ба чунин императорон ҷазо додан намебароянд. Бинобар ин, худоҳои навро ҷустуҷӯ карда, ҳар овозаро дар бораи мавҷудияти худоҳои соҳибқудрату некхоҳ бо хушнудӣ истиқбол менамуданд.
Ривоятҳо дар бораи Исои Масеҳ
Дар империяи Рум дар асри I овозаҳои зиёде паҳн мегарданд, ки гӯё дар рӯйи Замин худое пайдо шудааст. Шакли ӯ ба одам монанд будааст.


Ӯ дар Шарқ – Фаластин таваллуд шуда, номаш Исои Масеҳ будааст.
Исои Масеҳ гӯё ки деҳа ба деҳа ва шаҳр ба шаҳр гашта, ба халқ мегуфтааст: «Худо адолатро дар рӯйи Замин барқарор мекунад». Вай, гӯё ки қобилияти фавқуттабиӣ доштааст. Метавонистааст, ки обро ба шароб табдил диҳад ва мурдаро зинда кунад. Исои Масеҳ боз аз уҳдаи иҷрои корҳои дигари наҷиб ҳам баромада метавонистааст, ки касро ба ҳайрат меоваранд.
Гӯё ки румиҳои бадхоҳ Исои Масеҳро дар салиб чормех карда будаанд ва дар ҳамин ҳолат Худои беназир ба азобу шиканҷа тоқат карда, ҷон додааст. Лекин дар рӯзи сеюми баъди марг аз нав зинда шуда, ба осмон баромада, аз назарҳо ғоиб гаштааст. Барои он ба осмон баромада рафтааст, ки рӯзе баргашта биёяду дар рӯйи Замин адолатро аз нав барқарор намояд.
Аз рӯйи ривоятҳо дар охирҳои асри I ва II милодӣ дар бораи Исои Масеҳ китобе навишта мешавад, ки он «Евангелия» («Инҷил»), яъне «Хушхабар» номида шудааст. «Евангелия» дар бораи Исои Масеҳ аз ривоятҳои аҷоибу ғароиб иборат аст.
Оғози паҳншавии дини масеҳӣ
Бо мурури замон дар Рум мардуми одӣ ба ривоятҳо дар бораи Исои Масеҳ пурра бовар мекардагӣ шуданд. Одамоне, ки ба Исои Масеҳ эътиқод доштанд, динашонро масеҳият ва худашонро масеҳӣ меномиданд.
Одамоне пайдо шуданд, ки ихтиёран деҳа ба деҳа ва шаҳр ба шаҳр гашта, дини масеҳиро дар байни мардум ташвиқу тарғиб мекарданд. Ин гуна одамонро «миссионер», яъне «муболиғони насронӣ» меномиданд.
Дар байни онҳое, ки дини масеҳиро қабул кардаанд, яҳудиён, юнониҳо, галлҳо ва халқҳои бисёри дигар ҳам буданд. Масеҳиён дар ҷамоаҳои худ муттаҳид шуда, ба Худои ягона ибодат ва «Инҷил»-ро қироат мекарданд, урфу одатҳои дигари ин дини навро ба ҷо меоварданд. Пайравони Исои Масеҳ рӯзи таваллуди Худои худро ҳар сол 25-уми декабр тантанавор ҷашн мегирифтанд.
Вақти аз нав зиндашавии Исои Масеҳ ҳам маълум буд, ки онро дар фасли баҳор қайд мекарданд. Бо пайдошавии дини масеҳӣ барои императорони Рум давраи мушкиле фаро расид, обрӯяшон ниҳоят паст шуд. Азбаски насрониён Худоро яккаву ягона медонистанд ва императоронро дигар ҳамчун Худо намепарастиданд, онҳо масеҳиёнро сахт таъқиб мекарданд. Соли 303 Диоклетиан ҳатто 4 фармон ҳам баровард, ки мувофиқи онҳо дар империяи Рум ибодаткунии масеҳиён манъ ва моликияти онҳо мусодира карда мешуд. Ҳар як масеҳӣ бояд рӯйирост аз парастиши Исои Масеҳ даст мекашид; аз он ҷумла, ин амалро бояд духтар ва завҷаи Диоклетиан ҳам ба ҷо меоварданд, чунки қаблан онҳо ҳам дини масеҳиро қабул карда буданд. Одамоне, ки фармони императорро иҷро намекарданд, қатл карда мешуданд, аммо ин фармонҳо ба Диоклетиан натиҷаи дилхоҳ надоданд.
Баъзе сарватмандонро дини насронӣ барои мустаҳкам кардани ҳокимияти худ ҳавасманд месохт. Бинобар ҳамин, онро қабул карданд. Императори Рум Константин соли 311 фармоне баровард, ки мувофиқи он таъқиботи масеҳиён хотима ёфт. Соли 313 ӯ расман ба ташкил кардани калисои насронӣ иҷозат дод.
Константин охиран фаҳмид, ки мардумро бо зарбаи тозиёнаю қатл дигар дар зери итоат нигоҳ доштан мумкин нест. Дар ин давра дини насрониро аллакай шумораи зиёди камбағалону ғуломон ва косибону як қисми ашрофон қабул карда буданд. Ин дин мардумро ба итоаткорию фармонбардорӣ даъват мекард. Бинобар ин, Константин онро бағоят устокорона истифода бурд. Ӯ, аз ҷумла, фармон баровард, ки ҳамаи рӯҳониён аз андози давлатӣ озод карда шаванд. Он вақт дини масеҳӣ зиддиятҳо ва нофаҳмиҳо ҳам дошт. Барои бартараф кардани онҳо Константин амр кард, ки соли 325 усқуфҳо (епископҳо) ба анҷуман (собор)-и якуми рӯҳониён дар шаҳри Никаи Осиёи Хурд ҳозир шаванд ва қоидаҳои ягонаи дини насрониро қабул намоянд. Мувофиқи қоидаҳои мазкур ӯ ҳамчун император дар оянда дар мамлакат аз болои иҷрои бечунучарои расму оинҳои дини насронӣ назорати сахт ҷорӣ намуд.
Дар Ника анҷумани якуми рӯҳониён тақвими насрониро қабул кард. Дар ин тақвим рӯзу моҳи пайдоиши дини насронӣ аниқ муайян карда шуд.
Aз мактубҳои ҳокими музофот Плинийи хурдӣ ба Траян дар бораи насрониёнПлиний ба император Траян… Ман ҳаргиз дар тафтишҳо оид ба насрониён иштирок накардаам, аз ҳамин сабаб намедонам дар бораи чӣ пурсидан лозим аст ва дар кадом сатҳ ҷазо зарур мебошад. Ман бисёр мекалавидам оид ба он ки ин ҷо ягон фарқият дар синну сол ҳаст, ё ки хурдсолон аз одамони калонсол фарқе надоранд: онҳое, ки ба гуноҳашон иқрор шудаанд, ё шахсе, ки масеҳӣ буд, вале баъд аз он даст кашид, ӯро ҷазо додан лозим аст?.. Аз ахбори дигар воқиф шудам, ки насрониён вуҷуд доранд, вале баъд аз он даст кашидаанд: баъзеҳо будаанд, вале ҷудо шудаанд: яке се сол қаблан, дигаре чанд сол пеш аз ин, баъзеҳо бист сол қабл аз ин. Ҳамаи онҳо ҳам расми туро мепарастанд, ҳам ҳайкалчаҳои худоҳоро ва ҳам Масеҳро эҳтиром мекунанд. |
Савол ва супоришҳо
- Чаро дар империяи Рум ба парастиши Худои ягона зарурат ба миён омад?
- Дар бораи ривоятҳо оид ба Исои Масеҳ нақл кунед.
- Кай ва чӣ тавр дар Рум дини насронӣ паҳн гардид?
- Чаро императорони Рум дар аввал бар зидди насрониён мубориза мебурданд?
- Фармонҳои соли 303-и Диоклетиан дар бораи чӣ буданд?
- Императори Рум Константин кай фармон дод, ки ба таъқиби насрониён хотима дода шавад?
- Дини масеҳӣ дар Рум кай ба расмият даромад?
- Анҷумани якуми рӯҳониёни насронӣ дар Ника кадом масъалаҳоро баррасӣ кард?
- Сарчашма дар бораи чӣ шаҳодат медиҳад?





















