Бархамхурии империяи Рум. Гуломдорон. Колонхо ва «гуломони кулбадор». Заифшавии империяи Рум. Бархамхурии империяи Рум.
Ғуломдорон
Ба ҳайати ғуломдорон сенаторҳо, пешхизматҳо, амалдорони давлатӣ, ашрофони шаҳру деҳот, тоҷирон, заминдорони калону миёна, соҳиби конҳо, устохонаҳои косибӣ, киштиҳо ва ғайра дохил буданд. Аз рӯйи ҳаҷми даромад онҳо ба се табақа тақсим мешуданд. Ба табақаи баландтарин ғуломдорон ва сенаторҳо тааллуқ доштанд, Онҳо дар мамлакат мансабҳои калони давлатиро ишғол мекарданд. Ба онҳо унвони фахрии «олимақом»-ро дода буданд. Императорони Рум ба ҳамин табақа такя карда, ҳукм меронданд. Сенаторҳо аз ҳисоби мулкҳои худ, ки дар Италия ва музофотҳо ҷойгир буданд, рӯз мегузаронданд.
Ба табақаи дуюми ғуломдорони Рум савораҳо тааллуқ доштанд. Ғуломдорони музофотҳо, фармондеҳони миёнаи лашкар ва амалдорони императорӣ, аз ҷумла андозҷамъкунандагон, иҷорадиҳандагони замин ва конҳою устохонаҳои косибии давлатӣ ба ин табақа дохил буданд. Савораҳо маоши баланд мегирифтанд. Як қисми онҳо ба тиҷорат машғул буда, қисми дигарашон замин ва устохонаҳои косибӣ ҳам доштанд.
Табақаи сершумортарини ғуломдорон ро амалдорони майда ташкил мекарданд. Ба он асосан амалдорони шаҳрдорӣ ва деҳот дохил буданд. Амалдорони майда дар империя даҳҳо ҳазор нафарро ташкил мекарданд. Онҳо дар доираи шаҳру маҳал вазифаҳои гуногунро ишғол менамуданд. Табақаи сеюми ғуломдорон соҳибони мулкҳои миёна ва устохонаҳои косибии ҳамон маҳалҳо буда, инчунин каму беш ба тиҷорат ҳам машғул буданд.

Колонҳо ва «ғуломони кулбадор»
Ғуломдорон роҳи аз хароҷоти калони ғуломдорӣ халос шудан ва даромади зиёдтар гирифтанро ёфтанд. Як қисми онҳо заминро ба одамони озод ба иҷора медодагӣ шуданд. Ингуна иҷорагирандагонро «колонҳо» меномиданд. Колон дар қитъаи замини иҷорагирифта киштукор карда, як қисми ҳосилро ба соҳиби замин месупорид ва қисми дигарашро худаш мегирифт.
Колонҳо тухмӣ, чорвои корӣ ва асбоби дигари корро аз соҳиби замин мегирифтанд. Дар сурати қарздор шудан колонҳо маҷбур буданд, ки корро дар замини иҷора давом бидиҳанд ва ҳуқуқ надоштанд, ки ин заминро тарк кунанд, яъне ба заминдор тобеъ буданд.
Меҳнати колонҳо оҳиста-оҳиста заҳмати ғуломонро танг карда мебаровард ва инчунин шумораи онҳо сол то сол зиёд мешуд. Кори собиқ ғуломдорон ҳам осонтар шуд. Онҳо дар мулки худ дигар гурӯҳи калони амалдоронро нигоҳ намедоштанд.

Меҳнати «колонҳо» ва «ғуломони кулбадор» дар косибӣ ва баъзе соҳаҳои дигари хоҷагидорӣ низ истифода бурда мешуд. Бо мурури замон баъзеи онҳо осудаҳол ва баъзан сарватманд шуда рафта, баъд ҳатто бо пул озодии худро ҳам мехариданд. Ҳамин тариқ хоҷагидории ғуломдорӣ дар империяи Рум рӯ ба таназзул ниҳод.
Заифшавии империяи Рум
Дар асрҳои II-III империяи Рум торафт заиф мешуд. Аз шимол қабилаҳои «варварҳо» ҳуҷум карда, онро хароб менамуданд. «Варварҳо» гуфта румиҳо қабилаҳои олмониро меномиданд, ки забонашонро намефаҳмиданд. Онҳо дар миёнаҷойи водиҳои дарёҳои Элба ва Рейн зиндагӣ мекарданд. Машғулияти асосии қабилаҳои олмонӣ кишоварзӣ буд. Заминҳои Рум бошад, барои ин кор хеле мувофиқ буданд.
Қабилаҳои олмонӣ гурӯҳ-гурӯҳ шуда, кӯчи худро дар аробаҳо бор карда, бо ҳамроҳии дастаҳои мусаллаҳи худ ба заминҳои Италия зада медаромаданд ва ба ғорати он машғул мешуданд. Ҳангоми пурқувват будани Рум легионерҳо бар зидди олмониҳо ҷангида, онҳоро аз қаламрави империя пеш мекарданд. Вале дар асри III румиҳо, аз он ҷумла, легионерҳои дигар аз уҳдаи ин кор баромада натавонистанд.
Ҳуҷумҳои сершумори қабилаҳои олмонӣ ва таназзули хоҷагидории ғуломдорӣ иқтидори империяи Румро заиф карданд.
Дар асри III дар империяи Рум ҳокимияти императорон ниҳоят беқуввату ноустувор гардид. Императорҳо дар дасти легионерҳо ва лашкаркашон ба бозича табдил ёфта буданд. Ин ашхос императоронро аз тахт бо зӯрӣ мефуроварданд. Агар императоре ба легионерҳо маъқул намешуд, онро аз вазифа сабукдӯш мекарданд,

Табақаҳои ҳукмрон барои мавҷудияти империяи Рум манфиатдор буданд. Маҳз империяи пурзӯр ба ин кафолат дода метавонист. Барои онҳо шахсе лозим буд, ки империяи Румро аз нав барқарор кунад. Ҳамин гуна одам Диоклетиан буд. Ӯро легионерҳо ба вазифаи императорӣ оварданд (солҳои ҳукмрониаш 284–305). Диоклетиан бо як нотарсӣ ва золимии ҳайратоваре онҳоеро, ки империяро ба ҳамин дараҷа расонида буданд ва онҳоеро, ки мавҷудияти онро намехостанд, пахш намуд. Музофотҳо аз нав ба империя ҳамроҳ карда шуданд.
Диоклетиан одами доно ҳам буд. Ӯ ҳатто варварҳоро низ барои мустаҳкам кардани марзҳои империя истифода бурд. Онҳоро барои посбонии сарҳадҳои империя киро кард. Бо амри ӯ дар сарҳадҳо қалъаю дидбонгоҳи зиёд сохтанд. Дар як муддати кӯтоҳ барои мустаҳкам кардани империяи Рум корҳои зиёдеро ба сомон расонид.
Барҳамхӯрии империяи Рум
Дар нимаи дуюми асри IV ба Рум акнун қабилаҳои дигари олмонӣ – готҳо ҳуҷум мекарданд. Онҳо ҳам мисли варварҳо империяро ғopaт менамуданд.
Боре готҳо ба римиҳо ваъда доданд, ки агар ба онҳо хӯрокворӣ диҳанд, сарҳадҳои Румро посбонӣ хоҳанд кард. Ба ин императори Рум розӣ шуд, вале баъд ваъдахилофӣ кард. Готҳои гурусна ба нимҷазираи Балкан зада даромада, аз он ҷо ба Константинопол раҳсипор шуданд ва ин музофоти Румро хароб карданд.
Дар ин давра дар Рум ҳокимияти императорҳо боз ҳам заифтар шуд. Баъд аз он ки соли 305 Диоклетиан тахти императориро бо ихтиёри худаш тарк кард, дар Рум императоривазкунӣ аз нав оғоз гардид. Императорони дигар низ аз уҳдаи идора кардани империяи паҳновари Рум баромада наметавонистанд.
Соли 330 пойтахти империя аз Рум ба Константинопол кӯчонда шуд. Император Константин давлаташро аз ҳамин ҷо истода идора мекард.
Новобаста ба тадбирҳои андешидаи император Константин дарбори ӯ оромӣ надошт. Дар дарбор барои ҳокимият мубориза вусъат меёфт. Мухолифатҳои дарборӣ то ба ҷое расиданд, ки соли 395 империяи Рум дар байни ду бародар – Аркадий ва Гонорий тақсим шуд. Аркадий Руми Шарқии сарватманд ва Гонорий Руми Ғарбии аз тарафи қабилаҳои олмонӣ ғораткардашударо соҳиб шуданд.
Бо ҳамин империяи Рум барҳам хӯрд. Дар ҳудуди он ду давлати нав ба вуҷуд омад – империяи Руми Ғарбӣ ва империяи Руми Шарқӣ. Баъдтар империяи Руми Шарқӣ номи Византияро гирифт.
Баъди ҷудошавӣ ҳам ба империяи Руми Ғарбӣ қабилаҳои олмонӣ ҳамоно тохтутоз карда, шаҳру деҳоти онро пайиҳам мегирифтанд. Соли 355 яке аз қабилаҳои олмонӣ – вандалҳо шаҳри Румро низ забт кард. Соли 476 қабилаҳои олмонӣ империяи Руми Ғарбиpo пурра барҳам доданд.
Савол ва супоришҳо
- Ҳайати ғуломдорони Румро шарҳ диҳед.
- Колонҳо кӣ буданд?
- Румиҳо киҳоро «ғуломони кулбадор» меномиданд?
- Қабилаҳои олмонӣ дар куҷо сокин буданд ва чаро ба ҳудуди империяи Рум тохтутоз мекарданд?
- Дар бораи империяи Румро идора кардани Диоклетиан маълумот диҳед.
- Румиҳо киро «императори аскарҳо» меномиданд?
- Кай ва чаро империяи Рум ба ду давлат тақсим шуд?
- Империяи Руми Ғарбӣ кай ба мавҷудияти худ хотима бахшид?





















