
– Боақл се тоифаро ҳақир намебинад; олимон, ҳокимон ва дӯстон. Касе ки олимонро ҳақир мебинад, охираташ меравад. Касе ки ҳокимонро ҳақир мебинад, дунёяш меравад. Касе ки дӯсташро ҳақир мебинад, дӯстияш меравад. (Абдуллоҳ бин Муборак)
– Боақл фақир шавад ҳам, аммо муҳтоҷи садақа намешавад.
– Агар боақл бошӣ, танҳо ба сафар набаро! (Акшамсиддин).
– Даҳони марди боақл дар қалбаш аст. Қалби одами беақл дар даҳонаш аст. (ҳазрати Сулаймон (р.а.))
– Тахмини боақл аз дақиқ донистани дониши ҷоҳил беҳтар аст. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Шахси боақл хайрро бинад аз дунболаш мешаваду шарро бинад, аз он мегурезад. (Бишри Ҳофӣ)
– Боақлҳо пеш аз ҷанг бурд мекунанд ва ҷоҳилҳо барои бурд кардан меҷанганд. (Лианг)
– Шахси боақл ҳатто, аз ақли душманаш низ истифода бурданро воҷиб медонад. (Бейдеба)
– Шахси боақл дар савияи бахшишпурсӣ намеафтад. (Эмерсон)
– Боақл шудан на муҳимми том аст, балки истифода бурдани ақл муҳимми том аст. (Декарт)
– Боақл он аст, ки аз ҳама кас чизе меомӯзад. (Монтен)
– Шахси боақл ҳеҷ вақт душманашро кӯчак намеҳисобад. (Гёте)
– Боақл сухан меронад, зеро мехоҳад чизе гӯяд. Камақл ҳам сухан меронад, зеро худро маҷбур меҳисобад. (Афлотун)
– Танҳо хостани боақл шудан як навъи девонагист. (Ла Рочефоколд)
– Одами боақл аз душман низ меомӯзад. (Бейдеба)
– Боақл қаламро бо хатпоккунак мехарад.
– Боақл онест, ки ба он чизе, ки соҳиб аст, хурсанд ҳасту ба он чизе, ки соҳиб нест, ғамгин нест. (Эпиктетос)
– Баъзеҳо чӣ гуна сарф кардани умрашонро фикр мекунаед ва шахси боақл чӣ гуна исроф кардани онро фикр мекунад. (Шопенҳааур)
– Аз насиҳат танҳо шахсони боақл истифода мебаранд. (Сирус)
– Дар назди дарё чашма бунёд макун.
Манбаъ: Хазинаи Маърифат





















