Таъсиси империяи Рим. Лашкаркашон. Рим дар дасти Сезар. Империяи Рум дар ахди Октавиан Август. Истилогарихои империяи Рим дар шарк. Катли Сезар. Октавиан Август дар бораи корнамоии худ.
Лашкаркашон
Ҷумҳурии Рум сол то сол васеътар мешуд. Ба туфайли ҷангҳои пайдарпай шумораи ғуломони он меафзуд ва барои онҳоро дар таҳти фармон ё итоат нигоҳ доштан давлати пурзӯр лозим буд. Лашкари Рум пурзӯр ҳам бошад, ба ғуломдорон ёрӣ намекард. Он бетанаффус дар шарқу ғарб ба ҷангҳои истилогарона машғул буд. Лашкари румиҳо дар амал дар ихтиёри консулҳо набуд. Консул дар масофаи дур аз лашкар ба он фармонфармоӣ карда наметавонист. Консулҳо ҳар сол иваз мешуданд. То фармон якеашро ба легионҳои дурдаст мерасонданд, ки муҳлати консулиаш ба охир мерасид. Консули нав ба иҷрои он фармон назорат карда наметавонист ва ҳам шахси қаблан фармондода акнун консул набуд.
Легионерҳо ҳокимияти Сенат, Маҷлиси халқӣ ва консулҳоро ҳатто ҳис ҳам намекарданд. Нерумандонеро, ки дар назди худ медиданд ва ҳокимияти онҳоро хуб эҳсос мекарданд, лашкаркашон буданд. Аз ин сабаб, легионер маҳз ба лашкаркашон итоат карда, танҳо фармонҳои онҳоро иҷро менамуд.
Ғуломдорони Рум ба шахси пурзӯр эҳтиёҷ доштанд, то ки ӯ шӯришҳои ғуломонро пахш карда тавонад. Барои ҳамин, дар Рум ҳокимияти лашкаркашон зарур гардид. Обрӯй ва эътибори онҳо торафт баландтар шудан мегирифт. Ғуломдорон ва ашрофони Рум ба вазифаи консулӣ Помпейро аз ҳама бештар лоиқ медонистанд, зеро маҳз ӯ шӯриши Спартакро пахш карда буд.
ЮЛИЙ СЕЗАР. Сезар дар оилаи ашрофзодаи патрисии Рум таваллуд шудааст. Гарчанде ки ашрофзода буд, ба халқ наздикӣ дошт. Чӣ хеле ки метавонист, мардумро муҳофизат мекард ва ёрӣ ҳам мерасонд. Ин гуна сифатҳои Сезарро ба ҳисоб гирифта, Маҷлиси халқӣ ӯро консули Рум интихоб кард. Галлия, ки яке аз музофотҳои шимолии Рум ба ҳисоб мерафт, на ҳамеша ба Рум итоат мекард.
Қисми ҷанубии он дар зери ҳокимияти Рум буд ва қисми боқимондааш мустақилияти худро ҳимоя мекард.

Маҷлиси халқӣ баъд аз анҷоми муҳлати консулӣ Сезарро ҳокими Галлия таъйин кард ва ба ихтиёри ӯ лашкарро низ дод. Юлий Сезар ба Галлия лашкар кашида, баъди 8 соли ҷанг онро пурра ба Рум ҳамроҳ кард. Вай аз ҳисоби ғаниматҳои ҷамъкардаи ҷангӣ маоши легионеронро баланд мебардошт ва ба камбағалон пулу ғалла тақсим мекард. Ин корҳо обрӯйи Сезарро дар байни легионерон ва халқи Румрӯз то рӯз зиёдтар карда, ба ӯ барои дар Рум ба даст овардани ҳокимият шароити мусоид фароҳам меоварданд.
Рим дар дасти Сезар
Сезар соли 49 пеш аз милод бо ҳамроҳии легионҳои худ ба ҷониби Рум ҳаракат мекунад. Сенат мудофиаи Румро ба Помпей супорид. Азбаски чун пештара аксарияти лашкар дар музофотҳо буд, барои ба Рум даъват кардани онҳо вақт намерасид. Помпей мудофиаи Румро хуб ташкил карда натавониста гурехт, лекин дере нагузашта, ба даст афтида, кушта шуд. Сезар Италияро пурра ишғол карда, боз се соли дигар тамоми музофотҳои Румро дар Осиёю Аврупо ва Африқо ба даст дароварда, баъд ба Рум баргашт. Юлий Сезар дар Рум соли 48 пеш аз милод аввал консул ва баъд император шуд. Ҳам Сенат ва ҳам консулҳои Рум маҷбур буданд, ки фармонҳои ӯpo бечунучаро иҷро кунанд. Сезар унвони «император»-ро қабул кард, ки маънояш «ҳукмрон» мебошад.
Акнун ба номи вай танга сикка мезаданд ва ҳайкали ӯро дар паҳлуи ҳайкали худоҳо мегузоштанд. Сезар бо карру фар зиндагӣ ва ҳукмронӣ мекард. Тахти императории Сезар аз устухони фил ва тилло сохта шуда буд.
Юлий Сезар дар империяи Рум то соли 44 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст. Сенаторҳое, ки аз Сезар норозӣ буданд, бо сардории Брут бар зидди ӯ суиқасд ташкил намуданд. Қотилони Сезарро ҳеҷ кас дастгирӣ накард. Барои ҳамин Брут бо ҳамроҳии ҳамфикрони худ аз Рум ба Мақдуния мегурезад ва дар он ҷо ба ғун кардани лашкар cap мекунад. Вале дере нагузашта, ёрдамчӣ ва дӯсти наздики Сезар Антоний ва Октавиан ба он ҷо рафта, қотилонро дар наздикии шаҳри Филиппа торумор намуданд. Брут худкушӣ кард.
Империяи Рум дар аҳди Октавиан Август
Барои ҳокимият дар Рум Антоний ва Октавиан Август рақобат доштанд. Ин рақобат сабабгори ба ду давлат тақсим шудани империяи Рум гардид. Ба Антоний музофотҳои шарқӣ расид. Ӯ ба Искандарияи Миср рафта, ба маликаи Миср Клеопатра хонадор шуда, дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекунад. Ба ду давлат тақсимшавии империяи Рум низоъи байни Антоний ва Октавианро қатъ карда натавонист ва соли 31 пеш аз милод дар димоғаи Аксий байни онҳо задухӯрд ба амал омад, ки дар натиҷа Октавиан ғалаба кард. Бо ҳамин, Октавиан мулкҳои Антонийро аз нав ба Рум ҳамроҳ кард. Дар байни халқ Октавиан обрӯйи зиёд дошт. Барои ҳамин Маҷлиси халқӣ ба ӯ номи «Август» -и «Муқаддас»-ро медиҳад. Дар замони салтанати Октавиан Август дар Рум сохти императорӣ барҳам нахӯрда, баръакс, боз ҳам мустаҳкамтар шуд. Барои ягон шахсро ба вазифаи баланд таъйин кардани Сенат ва Маҷлиси халқӣ ҳатман бояд розигии Октавиан Августро мегирифтанд.
Октавиан Август дар империяи Рум 44 сол, аз соли 30-юми пеш аз милод то соли 14-уми милодӣ ҳукмронӣ кардааст. Дар ин давра ба ӯ муяссар шуд, ки ҷангҳои дохилии мамлакатро барҳам зада, қаламрави империяро васеъ кунад.

Истилогариҳои империяи Рим дар шарқ
Императорҳои Рум иқтидори империяро, аз он ҷумла, ба воситаи истилогариҳо исбот мекарданд. Баъди Октавиан Август ҳам империяи Рум ҷангҳои истилогарона мебурд. Траян ном императори Рум, ки солҳои 98-117 солшумории милодӣ ҳукмронӣ кардааст, минтақаи воқеъ дар миёнаҳои ҳавзаи дар-ёи Дунайро забт кард. Баъди ин ӯ бо лашкараш ба Осиёи Хурд гузашта, дар Бобил чандин пирӯзиҳо ба даст даровард. Ӯ ҳатто халиҷи Форсро ҳам ишғол кард. Лекин дар ҳамин вақт дар Рум ва баъзе музофотҳои дигари империя шӯришҳо ба амал омаданд. Барои ҳамин Траян музаффариятҳои худро мустаҳкам накарда, аз Шарқ бо тезӣ ба Рим баргашт. Вале ба Рум нарасида, дар роҳ вафот кард. Ҷангҳои Траян дар Шарқ ҷангҳои охирини истилоъгаронаи империяи Рум ба шумор мераванд.
Қатли Сезар
Дар суиқасди зидди ӯ зиёда аз шаст нафар бо сардории Гай Кассий, Марк Брут ва Детсим Брут иштирок карданд. Аввал онҳо мекалавиданд, ки оё дар майдони Марс, ҳангоми интихобот ӯро қатл кунанд, ё вақте ки трибҳоро ба овоздиҳӣ даъват кунанд? Онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда хостанд, ки ӯро аз болои пойгоҳ афтонанд ва дастгир карда, бо ханҷар зада кушанд ё ки ба ӯ дар роҳи Муқаддас ҳамла кунанд, ё ҳангоми даромадан ба театр ин корро анҷом диҳанд. Вале вақте эълон карда шуд, ки дар миёнаи моҳи март Сенат дар мачлиси курияи Помпей ҷамъ меояд, ҳама хоҳони ин замону макон шуданд.
Ӯ бинишаст ва суиқасдчиён ӯро иҳота карданд, гӯё ки асалому алейк карданианд… Сезар дод зад: «Ин аллакай зӯроварӣ аст!» – Он ҳангом танҳо Каска, аз ақиб бошаст даст бардошта, поёнтар аз гулуи Сезар зарба зад. Сезар аз дасти Каска дошта, бо ханҷар ӯро захмӣ мекунад. Вай аз ҷояш боло шудан хост, вале зарбаи дуюм ӯро боздошт. Вақте дид, ки аз ҳар тараф ба сӯйи ӯ ханҷарҳои урён нигаронида шудаанд, ӯ тогуро ба сараш партофта, бо дасти чап оҷингҳои онро то поёни зону ҳамвор кард, то ки бошарафона то пойҳо пӯшонда, ба замин афтад. Бисту се маротиба зарбаи ханҷарро ба ҷонаш эҳсос кард, дар зарбаи аввал ӯ дод назада танҳо нолиш кард, гарчанде баъзеҳо нақл мекунанд, ки Марк Брути ба ӯ дарафтода гуфтааст: «Ту ҳам фарзанди ман ҳастӣ?»
Октавиан Август дар бораи корнамоии худ
Дар дувоздаҳсолагиам, бо хоҳиши шахсии худам ва тавассути маблағҳои худам, ман лашкар ғун карда, бо ёрии он ба ҷумҳурӣ озодӣ овардам, зеро кишвар аз ҷониби дастаи ҷинояткорон мавриди зулм қарор дошт. Барои ин кори муқаддас Сенат дар асоси қонуни махсус… ба ман ҳуқуқ дод, ки фикру андешаи худро ба консулҳо пешниҳод намоям ва ба ман ҳокимияти ҳарбӣ ҳам дод… Сенат ба ман ҳамчун протектор бо ҳамроҳии консулҳо супориш дод, ки амнияти ҷумҳуриро таъмин намоям; халқ дар худи ҳамон сол (соли 43 пеш аз милод), вақте ки дар ҷанг ҳар ду консул фавтиданд, маро ба вазифаҳои консул ва триумвир оид ба дигаргунсозии давлат интихоб намуд.
Қотилони падарамро бадарға карда бо ҳамин ба онҳо подоши амал додам…
Ман дар тамоми ҷаҳон ҷангҳои зиёд кардаам. Ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар баҳр, дар мулки худам ва ҳам дар хориҷа, ба сифати ғолиб ба ҳамаи халқҳое, ки аз ман ёрӣ пурсиданд, онро дареғ надоштам. Он халқҳои бегона, ки бехатар буданд, афв шуданд, ман онҳоро несту нобуд накарда, ҳифз кардам. Шаҳрвандони Рум, ки ба ман савганд хӯрдаанд, қариб панҷсад ҳазор буданд. Аз ҷумлаи онҳо қисми шаҳрвандони Румро ба мустамликаҳо равон кардам, ё ки баъди анҷомёбии муҳлати хизмат ба хонаҳояшон ҷавоб додам, онҳо зиёда аз сесад ҳазор нафар буданд. Ба ҳамаи онҳо барои хизмати ҳарбӣ замин ва пул мукофот додам. Ман шашсад киштиро ба даст даровардам, ғайр аз онҳое, ки аз трир майдатар буданд.
Савол ва супоришҳо
- Чаро дар Рум обрӯй ва эътибори лашкаркашон афзуд?
- Сезар чӣ тавр легионерҳо ва халқро ба тарафи худ ҷалб мекард?
- Чаро Маҷлиси халқӣ Сезарро ҳокими Галлия таъйин кард?
- Сезар кай ва чӣ тавр Румро ба даст даровард?
- Дар Рум кай ҷумҳурӣ барҳам хӯрд?
- Императори аввалини Рум кӣ буд?
- Сезар чӣ тавр кушта шуд?
- Дар бораи рақобати байни Антоний ва Октавиан нақл кунед.
- Октавианро чаро Август меноманд?
- Траян ба кадом самтҳо лашкар кашид?























