
БАХИЛ
– Рӯйи бахилро нигоҳ кардан қалби инсонро сиёҳ мекунад.
– Шахси бахил дар дунё мисли фақир зиндагӣ мекунад ва дар охират ба мисли дороён пурсида мешавад. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
– Ба биҳишт даромадани бахил аз гузаштани уштур аз сӯрохии сӯзан душвортар аст. (Ваҳб ибни Мунаббеҳ)
– Бахил вуҷудан саломат бошад ҳам, бо таъсири ҳасад бемор аст. (ҳазрати Алӣ (р.а.))
БАХИЛӢ
– Бахилӣ ҳиссиётест, ки инсонро ҳақир месозад. (Толстой)
– Бахилӣ ҳиссиётест, ки ҳам дурӯғ мегӯяд ва ҳам тарсончак аст. (Урслер)
– Бахилӣ заҳри дӯстист. (Балзак)
– Бахилӣ бемории руҳ аст. (Ҷоҳн Дриден)
– Бахилиро танҳо бо муҳаббат мағлуб метавон кард. (Гёте)
– Қобилияте, ки дар мо несту дар дигарон ҳаст, мо як имкон (шанс) мегӯем. (Мишел Одиарт)
Манбаъ: Хазинаи Маърифат





















