Бадбахтӣ. Бадӣ. Хазинаи маърифат

Акс аз ChatGPT

БАД

– Аз тухми бад меваи хуб ҳосил намешавад.

– Аз нишастан бо бадон, танҳо нишастан беҳтар аст.

– Барои роҳи бадро надонистан бо гунаҳкорон суҳбат макун. (ҳазрати Умар (р.а.))


БАДБАХТӢ

– Панҷ чиз нишонаи бадбахтист: сахтии қалб; беашкии чашм; беҳаёӣ; муҳаббати дунё; барои дунё андеша кардан. (Молик бин Динор)


– Се аломати шахсе, ки бадбахт гаштааст:

  1. Соҳиби илм гаштаасту аз амал маҳрум мондааст.
  2. Амал дораду аз ихлос маҳрум мондааст.
  3. Ноили суҳбат бо дӯстони Аллоҳ Таъоло (ҷ.ҷ.) гаштааст, аммо аз ҳурмати эшон маҳрум гаштааст.

(Муҳаммад бин Фадл Балхӣ)


БАДӢ

– Аз ҳамаи бадиҳо гурехтан нигоҳ доштани забон аст. (ҳазрати Алӣ (р.а.)

– Ин ду чизро: некиҳои кардаатро ва бадиҳои дидаатро фаромӯш кун. (Луқмони Ҳаким)

– Бадӣ аз ҷоҳилӣ меояд. (Алберт Камус)

– Аз бадӣ дурӣ ҷустан, аз некӣ кардан боло аст. (ҳазрати Алӣ (р.а.))

– Сардори бисёри бадиҳо дӯстдории пул аст.

– Шахсе, ки ҳаё дорад, бадӣ намекунад.

– Шахсе, ки бадиро намедонад, дар қапқони он меафтад. (ҳазрати Умар (р.а.))

– Саросемагӣ дар ҳама кор бад аст, ба ҷуз бадиро даф кардан. (ҳазрати Алӣ (р.а.))

– Роҳи аз ҳама бадиҳо дур истодан, забонро нигоҳ доштан аст. (ҳазрати Алӣ (р.а.))

– Ба лой, ки санг партофтӣ, ба рӯят лой пош мехӯрад.


Манбаъ: Хазинаи Маърифат

ҚаблӣАшк – Хазинаи маърифат
БаъдӣСохти ғуломдорӣ дар Рум