Ба давраҳо тақсимшавии синну сол

Он чизе, ки инкишофи ҷисмонӣ ва ақлонӣ меномем, ба син­ну соли одам зич алоқаманд аст. Инро одамон аз қадимулайём медонистанд. Ин ҳақиқатест, ки баҳру исботи махсусро талаб намекунад, зеро бо рушди синну сол хирадмандӣ, гуншавии таҷриба, афзунёбии дониш вусъат меёбад. Дар синну соли му­айян сатҳи инкишофи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоии худро дорад. Албатта, инкишофи одами аниқ метавонад ба ин ё он тарафи дигар майл кунад.

Барои дуруст идоракунии раванди инкишоф педагогҳо ҳанӯз аз замонҳои пешин ба таснифоти давраҳои ҳаёти одам кӯшиш ба харҷ додаанд, то ки дониш ба тааллуқдорон воқифу баррасӣ гардад. Аз ҷониби педагогҳо, равоншиносон, духтурон ва адибон то ҳол даҳҳо коркарди давраҳои инкишофи одам ба мо омада расидааст ва боз тадқиқот давом дорад, вале ҳоло ҳам ин система ба як қарори асосӣ ва ҳалли дақиқии худ наомадааст. Ба ин нигоҳ накарда, ба он таҳлили давраҳои инкишофи мавҷуда, ки аксари педагогҳо ва равоншиносон эътироф меку­нанд, таваккуф мекунем.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Педагог ва психологҳо ба давраҳо тақсримкунии синну солро ба хусусиятҳои ҳар давраи зиндагии одам пайваста асосонок кардаанд. Хусусиятҳои синнусолӣ гуфта он ҷиҳатҳои муҳими одамро меноманд, ки дар марҳалаҳои инкишоф сифатҳои анатомӣ — физиологӣ ва психологии хосса пайдо мекунанд. «Моҳияти хусусиятҳои синнусолӣ ба таври аёнӣ дар инкишофи ҷисмонии одам намудор мегардад. Камолёбӣ, зиёдшавии вазн, пайдошавии дандонҳои ширӣ, баъд ивазшавии онҳо; пухта расидану болиғшавӣ ва дигар ҷараёнҳои биологӣ дар марҳалаҳои муайяни синну сол мукаммал мегарданд. Азбаски инкишофи биологӣ ва руҳии одам бо ҳам алоқаи мустаҳкам доранд, дар марҳалаи муайяни синну сол дар соҳаи психология ҳам дигаргунӣ рӯй медиҳад. Агарчи дигаргунӣ на ҳамчун ҳодисаи биологӣ, расиши иҷтимоӣ ҷиддӣ бошад ҳам, пайдоиши динамикаи инкишофи маънавии шахсият рӯй медиҳад. Ин барои табиатан ба гурӯҳи пайдарҳамии марҳалаҳои инкишофи одам ва тартиб додани хусусиятҳои синну сол асос мегузорад.

Инкишофи пурраи марҳалаҳои синнусолӣ тамоми ҳаёти инсониятро фаро мегирад. Барои педагогикаи мактаб бештар диққатҷалбкунанда инкишофи синни мактабии инсон мебошад.

Дар илми муосир давраҳои синни кӯдакон ба тариқи зайл қабул шудааст:

Психологӣ Педагогӣ
Давраи пеш аз таваллуд (ҷанинӣ)

1.        Давраи навзодӣ (то 6 моҳа).

2.        Давраи ширмакӣ (то 1 сола).

3.        Давраи гаваккашӣ (1- 3 сола).

4.        Синни томактабӣ (3-6 сола).

5.        Синни мактабӣ (6 — 7 — 11 сола).

6.        Давраи навҷавонӣ (11 — 15 сола).

7.        Давраи ҷавонӣ (15-18 сола).

1. Тифлӣ (1 сола).

2. Синни пешазтомактабӣ (аз 1 то 3 сола).

3. Синни томактабӣ (аз 1 то 6 сола).

4. Синни хурдӣ томактабӣ (аз 3 то 4 сола).

5. Синни миёнаи томактабӣ (аз 4 то 5 сола).

Синни калонӣ томактабӣ (аз 5 то 6 сола)

4. Синни хӯрдӣ мактабӣ (6-7-10 сола).

5. Синни миёнаи мактабӣ (10-15 сола).

6. Синни калонӣ мактабӣ (15 — 18 сола).

Чуноне ки мебинем, аз як ҷиҳат, асоси синнусолии педагогиро давраи инкишофи ҷисмонӣ ва психологӣ ташкил кунад ва аз дигарҷиҳат, шароите, ки тарбия ҷараён меёбад.

Агар даёраҳои пухтарасии биологии организм, системаи асаби он ва узвҳо, ҳамчунин пайваста ба онҳо инкишфи нерӯи фаҳмидаидагирӣ возеҳ бошанд, он гоҳ оқилона ташкилкардаи тарбия бояд ба хусуиятҳои синнусолӣ мувофиқат кунад, онҳоро ба асос гирад. Аҳамият надодан ё инкор кардани давраҳои табиии инкишоф ҳатман ба хатогиҳои тасдиқшудаи имконияти азхудкунии ҳар таҷрибаи иҷтимоӣ, ҳар гуна дониш, малакаҳои амалӣ ва маҳорат дар синни гуногун, дар интихоб ва истифодаи методикаи мувофиқ мебарад.

Имконияти одам ба муносибати суръати тези инкишофи ицтимоӣ, сарчашмаҳои интишори дастраси ахбороти васеи гуногун хеле афзоиш меёбад, вале ҳанӯз дур аз беканорӣ. Синну сол дасти гирои инкишоф ва амри хоҳиши худро дорад, қонунияти дар ин соҳа амалкунанда ҳадди имконияти инкишофро медиҳад.

Я.А.Коменский дар кори таълим ва тарбия аввалин талабкунандаи қатъии хусусиятҳои синнусолии кӯдакон буд. Вай принсипи табиятворонагиро асос бахшид ва пешниҳод кард, ки мувофиқи омӯзиш ва тарбия бояд ба марҳалаҳои инкишофи синну сол мувофиқат кунад. Зеро дар табиат ҳама чиз дар вақти худаш рӯй медиҳад, ҳамчунин дар тарбия ҳам ҳама пайи ҳам — дар вақташ ва пай дар пай бояд бошад. Одамро табиатан ҳамон вақт ба сифатҳои неки ахлоқи одат кунонидан мумкин аст, ки вай комилан ҳақиқати ҳолро аз худ карда, барои фаҳмидани он тааллуқдор пухта расида бошад. «Ҳамаи чизи ба азхудкунӣ тааллуқдор мувофиқи зинаҳои синну сол тавре тақсим шавад, ки барои омӯхтан пешниҳод шудааст, фақат чизи дастраси дарк шаванда дар ҳар син бояд буд»[1].

Алалхусус, ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну сол яке аз принсипҳои умдаи педагогӣ ба шумор меравад. Ба он такя намуда, муаллимон тамоми фаъолияти худро созгорона равона мекунанд.


Хусусияти инкишофи синнусоли ва фарди, Ба даврахо таксимшавии синну сол, реферат, кори курси, педагогика бо забони точики.


[1] Коменский Я. А. Великая дидактика // Избр. пед. соч. М., 1982. — Т. 1.-е. 329.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама