Аппликатсия (гулпартои)-и матоъ. Супориш ва кори амалии №18
- Қоидаҳои гигиенӣ ва техникаи бехатариро ҳангоми кор бо асбобҳо риоя кунед!
- Намуди қисмҳои асосиро интихоб кунед, рангашро фикр карда, мувофиқи табъи худ ороиш диҳед.
- Нақшаи корро таҳия созед, корро бо ҳамсабақҳоятон иҷро кунед.
- Корро – матои асоси аппликатсия ва матои бо коғаз мечаспидагиро байни худ тақсим кунед.
Эзоҳ: Аппликатсияро ба болои нусхаи коғазӣ гузошта, ҳар як қисмро ду маротиба як хел нусха бардоред. Ҳар як қисми нусхаи дуюмро бурида, ба он матоъҳои рангашон мувофиқро бо ширеш часпонед. Баъд онҳоро бо қайчӣ босифат бурида, ба ҷойи нусхаи якум гузоред.
Нусхаи дуюмро аз нусхаи якум тавассути коғаз нусхабардорӣ кардан мумкин аст. Ҳар як қисми нусхаи дуюмро бурида, матоъро ба пушти он чаппа мечаспонем. Дар вақти часпонидани қисмҳо тарафи росташон намоён мешавад.























