Чӣ хел машҳур шавем? (Шеър)

Ном

Як ҷавон мехост, шуҳрат ёбад андар байни халқ,
Номи худро зинда гардонад ба олам ҷовидон.
Фикр карду оқибат як чорае пайдо намуд,
Канд номашро ба рӯйи сангу з-он шуд шодмон.

 

Гуфтамаш: «Он сангро селоб агар аз ҷо барад,
Созад онро дар ягон ҷое зи чашми кас ниҳон*,
Ё кафад он санг аз гармову аз сармои сахт,
Номи ту гум мешавад, бешубҳа, бо санг аз миён.

Гар ту хоҳӣ зинда бошӣ солҳои бешумор,
Умр бинӣ ҷовидонӣ то ҷаҳон дорад бақо*,
Аз таҳи дил хидмати халқу диёри хеш кун,
Сабт кун* номат ба қалби* мардумони бовафо!

Лоиқ Шералӣ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • бақо – ҷовидон, устувор
  • ниҳон – пинҳон
  • сабт кун – бинавис, дарҷ кун
  • қалб – дил

Чи хел машхур шавем?, Ном, Шеъри Лоик Шерали.

ҚаблӣАъзои беҳтарин ва бадтарин (ҳикоя)
БаъдӣДустонро гум макун