Тарзи ҳаётгузаронии ҳайвонҳои якҳуҷайра

Ғизогирӣ. Қариб ҳамаи ҳайвонҳои якҳуҷайра моддаҳои тайёри органикиро мехӯранд. Масалан, ғизои амёба бактерияҳо, обсабзҳои якҳуҷайра ва дигар содатаринҳои майда мебошад. Амёбаи муқаррарӣ органеллаи махсуси ғизогирӣ надорад. Аз ҳамин сабаб, агар амёба ба ягон зарраи ғизоӣ бархӯрад, онро тавассути пойҳои қалбакиаш иҳота мекунад ва туъма тадриҷан ба даруни бадани амёба медарояд (ба расми 27 нигаред). Баръакси амёбаҳо, дар инфузорияи патакча ва дигар инфузорияҳо сӯрохии даҳон ва гулӯ вуҷуд дорад. Туъма ба воситаи ҳаракати мижгонакҳо, ки онро иҳота кардаанд, ба даҳон меравад.

Хӯроки инфузорияи патакча, асосан, бактерияҳо мебошанд. Онҳо дар давоми шабонарӯз бетанаффус ғизо мегиранд. Инфузорияҳои даранда бошанд, худи инфузорияи патакча ва дигар содатаринҳои майдаро мехӯранд. Ҳамин ки хӯрок ба даруни бадани онҳо даромад, аз ситоплазма шираи ҳазми хӯрок ҷудо мешавад ва дар атрофи хӯрок пардае ҳосил мегардад, ки онро вакуолаи ҳазми хӯрок меноманд.

Дар даруни ҳамин вакуола бо таъсири шираи ҳазми хӯрок моддаҳои мураккаби таркиби хӯрок (сафедаҳо, чарбҳо, ангиштобҳо) ба моддаҳои нисбатан содатар табдил меёбанд. Ин моддаҳо ба ситоплазма ҷабида шуда, аз  онҳо сафеда, чарб ва ангиштоби барои ин ё он ҳайвони содатарин хосбуда ҳосил мешавад. Вакуолаи ҳазми хӯрок бо боқимондаи хӯроки ҳазмнашуда ба рӯйи бадан фишурда шуда, дар амёба дар ҷойҳои гуногуни бадан, дар инфузория дар як ҷойи доимӣ ба берун бароварда мешавад (расми 29).

Расми 29. Амёбаи муқаррарӣ ва инфузорияи патакча

Дар ситоплазмаи содатаринҳо, масалан инфузория, дар як вақт садҳо ва аз ин ҳам зиёд вакуолаи ҳазми хӯрокро дидан мумкин аст.

Эвгленаи сабз ва дигар содатаринҳои ба он монанд бошанд, ба монанди рустанӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаи органикӣ ҳосил мекунанд ва онро ҳамчун ғизо истифода мебаранд. Дар ситоплазмаи онҳо хлоропласт дида мешавад. Бо таъсири рӯшноӣ дар хлоропластҳо аз моддаҳои ғайриорганикии гази карбон ва об моддаи органикӣ ҳосил мешавад. Аз тарафи дигар дар шароити торикӣ, пигменти хлорофили эвгленаи сабз барҳам хӯрда, он моддаҳои тайёри органикиро тавассути бадан аз гирду атрофаш ҷабида мегирад ё бактерияҳоро фурӯ мебарад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Нафаскашӣ. Содатаринҳо ҳам ба мисли дигар организмҳои зинда нафас мегиранд. Тавассути рӯйпӯши бадани содатаринҳо оксигени дар об ҳалшуда ба ситоплазмаи онҳо ворид мегардад ва моддаҳои мураккаби органикиро оксид мекунад. Моддаҳои мураккаб ё моддаҳои ғизоӣ дар натиҷаи оксидшавӣ ба об, гази карбонат ва дигар пайвастагиҳои кимиёвӣ табдил меёбанд. Дар натиҷаи ин энергияи гармӣ хориҷ мешавад, ки он барои фаъолияти ҳаётии ҳайвон аҳамияти калон дорад. Гази карбон ҳангоми нафаскашӣ тавассути тамоми бадан ба берун хориҷ мешавад.

Ихроҷ. Дар содатаринҳои обҳои ширин ва як қисми обҳои баҳрӣ узви махсуси ихроҷ вуҷуд дорад, ки онро вакуолаи кашишхӯранда ё набззананда меноманд (ба расми 29 нигаред).

Ин вакуола ба пуфаке монанд аст, ки гоҳ-гоҳ дар ситоплазма пайдо гардида, дар он об ва дигар моддаҳои дар об ҳалшуда ҷамъ мешаванд. Ҳамин ки вакуола андозаи муайянро гирифта, ба болои бадан омад, онро ба берун хориҷ мекунад. Дар содатаринҳои обҳои ширин тавассути вакуолаи кашишхӯранда оби зиёдатии ситоплазма ба берун хориҷ карда мешавад. Миқдори ин вакуолаҳо дар содатаринҳо гуногун аст. Масалан, дар амёбаи муқаррарӣ якто, дар инфузорияи патакча бошад, ду вакуолаи кашишхӯранда дида мешавад (ба расми 29 нигаред).

Дар содатаринҳои муфтхӯр ва бисёр сод а таринҳои баҳрӣ ин намуди вакуола дида намешавад. Онҳо моддаҳои нолозими дар ситоплазма ҷамъшударо тавассути тамоми бадан ба берун хориҷ мекунанд. Афзоиш. Содатаринҳо низ ба монанди дигар ҳайвонҳо афзоиш мекунанд. Онҳо бо роҳи ғайриҷинсӣ ва ҷинсӣ афзоиш мекунанд. Дар содатаринҳо аф зоиши ғайриҷинсӣ, яъне афзоиш бо роҳи ба ду тақсимшавии бадан бештар мушоҳида карда мешавад. Дар вақти афзоиши ғайриҷинсӣ содатарин, масалан, амёба, инфузория, эвгленаи сабз ба содатарини болиғ (модарӣ) ва ба ду содатарини духтарӣ (ҷавон) тақсим мешавад. Дар вақти афзоиши онҳо аввал ҳаста ба ду қисм тақсим шуда, ситоплазмаро ба ду тараф фишор медиҳад. Тадриҷан содатарин аз тарафи мобайни бадан хеле борик шуда, канда мешавад (расми 30). Баъди тақсимшавӣ дар содатаринҳои ҷавон органелаҳои дар волидайн буда (вакуолаҳо, қамчинак ва дигар органеллаҳо) пайдо мешаванд.

Расми 30. Тақсимшавии амёба, инфузория ва эвгленаи сабз

Ҳастаи бисёр содатаринҳо, хусусан намудҳои муфтхӯр на ба ду, балки ба қисмҳои зиёд тақсим мешавад. Вобаста ба миқдори ҳастаҳо ситоплазма ҳам ба ҳамон қадар қисм ҷудо мешавад. Дар натиҷаи ин аз як содатарин даҳҳо ва садҳо наслҳои ҷавон пайдо мешаванд. Чунин тез зиёд шудани миқдори насл барои содатаринҳои муфтхӯр хос буда, ин воситаи зиёдшавии миқдори онҳо ва баландшавии қобилияти ҳаётгузаронии онҳо дар муҳити мураккаби организми «хӯҷаин» мебошад.

Як хусусияти хоси ҳайвонҳои якҳуҷайра он аст, ки дар шароити номусоид (паст шудани ҳарорати об, хушк ё ганда шудани он) ҳаракати онҳо суст мешавад. Дар ин маврид аз ситоплазма миқдори зиёди об ва моддаи махсус ба болои бадан ҷудо шуда, пардаи зич ҳосил мекунанд. Ин пардаро систа меноманд, ки ба туфайли он ҳайвон ба ҳолати оромӣ мегузарад. Ҳамин ки шароити мусоид пайдо шуд, содатарин аз даруни систа баромада, фаъолона зиндагӣ мекунад (расми 31). Ҳайвонҳои якҳуҷайра дар ҳолати систагӣ на фақат шароити номусоидро бартараф мекунанд, балки инчунин тавассути ҳайвонот, шамол, нақлиёт ба дигар ҷойҳо паҳн мешаванд.


Тарзи хаётгузаронии хайвонхои якхучайра, реферат, кори курси, Зоология бо забони точики/тоҷикӣ

ҚаблӣТавсифи умумии содатаринҳо
БаъдӣТипи саркомастигафора. Гурӯҳҳои асосии ҳайвонҳои якҳуҷайра.