Сабабҳои пароканда шудани оилаҳои ҷавон ва пайомадҳои он

Сабабхои пароканда шудани оилахои чавон ва пайомадхои он.

Бахси оила ва зану шавхар


Боиси таассуф аст, ки на ҳамаи оилаҳое, ки ташкил мегарданд, пойдор мемонанд. Сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон хеле гуногун буда, вобаста ба вазъи ин оилаҳо пайомадҳои гуногунеро ба бор меоранд.

Интихоби дуруст дар бунёди оила омили муҳимми мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат аст. Аз ин рӯ пеш аз барпо кардани оила ҳар шаҳрванд бояд паҳлуҳои гуногунҷабҳаи ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор дода, урфу одатҳои миллӣ, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби занушавҳарӣ ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад. Зиндагӣ собит намудааст, ки ишқу муҳаббати ҷавонон масъалаи дигар асту оиладорӣ масъалаи тамоман дигар. Зеро ҳаёт баъзан нозукиҳои ошиқонаро мебардорад, аммо оила не.

Эҳтиёткор будану ҳамқадами ҳаётро ҳамаҷониба омӯхтан талаботи аввалиндараҷа аст. Бунёди боэътимоди оиларо якдигарфаҳмӣ, муҳаббати байни зану шавҳар, самимият ва боварию эътимод ба якдигар ба вуҷуд меорад, ки ин пойдевори устуворест барои побарҷо мондани оила ва бунёди ҷомеаи солим. Вале, мутаассифона, дар баъзе хонаводаҳо байни занону мардон муҳаббати самимӣ, якдигарфаҳмӣ, фазои орому осоишта вуҷуд надорад. Ин аст, ки солҳои охир бинобар сабабҳои гуногун бештар пароканда шудани оилаҳои ҷавон ба назар мерасад. Масалан, дар асоси маълумоти оморӣ соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 95500 ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 9 ҳазор ақди никоҳ бекор карда шудааст, ки ин 9,5% -ро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин падидаи манфӣ сол ба сол рӯ ба афзоиш дорад. Яке аз сабабҳои асосии вайрон шудани оилаҳои ҷавон дахолати бемавриди баъзе аз волидон ба ҳаёти навхонадорон, муҳоҷирати меҳнатӣ, барвақт хонадор намудани ҷавондухтарон, набудани якдигарфаҳмӣ дар оила, муносибати дағал, нобоварӣ, беҳурматӣ, худхоҳӣ ва беэҳтиромӣ нисбати якдигар, никоҳи хешутаборӣ ва дар маҷмӯъ омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агарчи оиладорӣ дар зиндагӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, вале бояд ба хубӣ дарк кард, ки он дар худ боз масъулияти зиёде низ дорад. Зеро оила пойдевори ҷомеа, давом ва асоси пойдории насли инсон мебошад. Инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки ба ҷомеа мушкилот ворид месозад.

Албатта, аз ҳам ҷудошавии зану шавҳарро умуман бемаврид донистан ва онро манъ кардан аз имкон берун аст, зеро ҳолатҳое ҳастанд, ки инсон маҷбур мешавад ба ин кор даст занаду ба ин васила зиндагии худ ва ҳамсарашро сабуктар созад. Вале метавон гуфт, ки ин ҳолатҳои истисноие мебошанд, ки онро ҷомеа маҳкум намекунад. Масалан, безурётӣ, беморӣ ва монанди инҳо ногузир боиси вайроншавии оилаҳо мегарданд. Асли мавзӯъ аз он иборат аст, ки аслан оила дар заминаи меъёрҳои мустаҳками ахлоқӣ бунёд гардида, бо вуҷуди пастиву баландиҳои зиндагӣ ба пойдории он кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Яке аз сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон ин надоштани маҳорати муошират кардан аст. Дар баъзе мавридҳои зиндагӣ ҷавонон барои дар ҳузури дигарон нишон додани кибру ғурури худ ба ҳамсари худ бо қаҳру ғазаб сухан карда, ҳатто дашном низ медиҳанд. Ҳатто дар байни ёру дӯстони худ бо чунин гуфтор ва рафтори худ ифтихор низ мекунанд.

Чунин гуфтор ва рафтори ҷавонон боиси дилхунукии ҳамсар мешавад. Ин ҳамсар ба ин гуфтор ва рафтори шавҳараш як муддат таҳаммул мекунад, вале рӯзе мешавад, ки косаи сабру тоқаташ лабрез шуда, дилаш аз ҳамсараш хунук шуда, роҳи ҷудоиро меҷӯяд.

Набояд фаромӯш кард, ки тавассути дилозорӣ шахс наметавонад ба дили дигар кас ҷой бигирад. Калиди воридшавӣ ба дили шахси дигар меҳрубонӣ ва сухани ширин аст. Танҳо тавассути қадрдонӣ ва эҳтироми якдигар ду ҷавон метавонанд, ки риштаи дӯстӣ ва муҳаббати худро ба ҳам пайваста, оилаи устувор ва хушбахтро барпо намоянд.

Оилаҳо гуногун мешаванд: пурра ва ё нопурра, солим ё носолим ва ғайра. Агар дар баъзе оилаҳо муҳити ором ва хайрхоҳона ҳукмрон бошад, он гоҳ дар оилаҳои дигар ҳаёт ба як силсилаи баҳсу мунозираҳои доимӣ мубаддал мегардад. Ин баҳсҳо як қисми таркибии ҳаёти оилавӣ шуда мемонанд. Аъзои оила ба василаи баҳсу мунозираҳои доимӣ якдигарашонро хаста намуда, ба ғаму андуҳ ва ҳатто беморӣ гирифтор месозанд.

Инсон бо мақсади созишу муросо намудан ояндабинӣ мекунад ва дар рафти он дучори монеаву мушкилиҳо мегардад. Василаи аз ҳама беҳтари рафъи онҳо сабру таҳаммул аст ва он имкон медиҳад, ки масъалаҳои оилавӣ дар муҳити ором, осоишта ва бефишору хушунат ҳалли худро пайдо кунанд.

Мувофиқи дастовардҳои илми психология баҳсҳои оилавӣ, одатан, ба шакли зайл интиҳо меёбанд:

  • яке аз ҳамсарҳо худро гунаҳгор меҳисобад;
  • ҳар ду ҳамсар худро гунаҳгор эътироф мекунанд.

Аз ин лиҳоз як формулаи ҳалли баҳсҳои оилавӣ пайдо мешавад ва он чунин аст: «Мо баҳс мекунем, яъне мо ҳар ду ноҳаққем». Албатта, расидан ба ин натиҷа кори саҳлу осон нест. Дар аксари ҳол ба ин муносибати анъанавии вуҷуддоштаи «Ман», «Ту» халалҳо эҷод менамояд.

Адабиёти психологӣ пешниҳод менамояд, ки роҳҳои дигари рафъ кардани низоъҳои оилавӣ ин муросо, ҳамкорӣ, дурӣ ҷустан аз низоъ, гузашт кардан, бахшидан ва дигар омилҳо мебошанд. Инҳо метавонанд шиддати низоъро паст кунанд ва барои дар ҳолати осуда муҳокима намудани баҳсҳои оилавӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.

Бояд таъкид дошт, ки бо вайрон шудани оилаҳо на танҳо ҳамсарон зарар мебинанд, балки мушкилтарин ва вазнинтарин пайомади он бепарастор мондани фарзандон хоҳад буд. Аз ин рӯ барои мустаҳкамии ин ниҳоди арзишманд бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода шавад. Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани аксари ҷавонон ва мардони оиладор, бетаълим ва бетарбия мондани насли наврас, надонистани ҳуқуқҳои занушавҳарӣ, хушунат дар оила омилҳое мебошанд, ки ба пойдории оилаҳо таҳдид мекунанд.

Сабаби асосии вайрон шудани оилаҳо дар он аст, ки падару модар фарзандони худро ба хонадоршавӣ омода намесозанд. Зеро оилаҳое ҳастанд, ки барои қабул кардани духтари бегона ҳамчун духтари худ тайёр нестанд ва баъзе духтароне ҳастанд, ки дар хонаи шавҳар он гуна рафтор мекунанд, ки гӯё дар хонаи волидони хеш бошанд, ки дар ин ҳолат ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Дар ин маврид бояд падару модари домод ё арӯс қабл аз хонадоршавӣ чӣ тавр муносибат кардани онҳоро бо хушдоман ва аҳли оилаи «нав» хуб фаҳмонанд, ба ибораи дигар, нозукиҳои маърифати оиладорӣ, муқаддасоти оиларо ба онҳо омӯзонанд.

Дахолати ноҷои баъзе волидон низ сабаби ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегардад. Кам нестанд ҳодисаҳое, ки хушдоманҳо барои баъзе масъалаҳои ночиз, аз зумраи каме шӯр омадани хӯрок, нодуруст дарзмол кардан, шикастани чиниворӣ ва монанди ин бо келин хеле сахт ва дағал гап зада, дар назди фарзандон онҳоро ноуҳдабарою беҳунар мехонанд, ки ин боиси ранҷиши хотири келин ва тадриҷан дилхунук гаштани онҳо аз ин хонадон мегардад.

Барои бунёд кардани оилаи пойдори устувор, бешубҳа, падару модар нақши калидӣ бозида, намунаи оила ба ҳисоб мераванд. Онҳо бояд худпараст набошанд, якдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, ҳамеша паҳлуи хуби воқеаро бинанд, сабур ва хушмуомилаву беозор бошанд. Ҳама вақт унсурҳои маънавиро дар мадди аввал гузоранд ва донанд, ки пулу мол, мақому мансаб, зебоиву шуҳрат абадӣ набуда, ҳеҷ вақт оиларо устувор нигоҳ намедоранд. Дар баробари ин, дар ҳузури фарзандон волидон бояд ҳамеша аз истеъмоли машруботи спиртӣ ва иҷрои дигар корҳои зишт дур бошанд, зеро агар дар ҷое, ки аъмоли зишт мавҷуд бошад, он ҷо садоқат ва эътимод дида намешавад. Ин амалҳои зишт боиси гусаста шудани пайванди оила ва рафоқату дӯстии аҳли оила мегардад.

Пас метавон гуфт, ки тарбияи солим ва ё нодурусти фарзанд бевосита ба муҳити зист, рафтору кирдори волидон ва калонсолони оила вобастагии қавӣ дорад. Сарчашмаи муноқишаҳо, вайроншавии муносибати навхонадорон, амалҳои нодурусти ҷавонон ва хислатҳои ношоистаи ҳар инсон аксаран оила мебошад. Агар тарбияи нахустини ҳар фарзанд ба оила вобаста бошад, пас сабаби ба вуҷуд омадани моҷароҳои оилавӣ ҳам аз муомилаи ғайримақбули аъзои оила бо фарзандон аст.

Аз ин хотир метавон хулоса кард, ки муҳити фарогирифтаи ҷавонписарону духтарон онҳоро ба зиндагӣ мутобиқ ва омода насохтааст, ки ин аз беаҳамиятии волидони ҳар ду тараф ва ниёз доштани худи навхонадорон ба таҷрибаи рӯзгор ва таълиму тарбияи оилаю оиладорӣ шаҳодат медиҳад. Агар зан ва мард замони наврасию ҷавонӣ дар оилаи солим ва зери тарбияи бонизоми волидон ба камол расида бошанд, ҳатто муҳити носолим низ ба онҳо наметавонад осеб бирасонад.

Набудани ғамхорӣ, дастгирию ёрмандӣ аз ҷониби волидон, дар як қатор мавридҳо дар оила набудани падар тадриҷан боиси он мешавад, ки фарзандон беназорат мемонанд. Дар натиҷа заминаи мусоид барои ба ҷинояткорӣ, нашъамандӣ ва дигар амалҳои номатлуб ҷалб шудани ноболиғон фароҳам меояд.

Сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавонро шартан метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:

  • набудани якдигарфаҳми байни зану шавҳар;
  • натиҷаи тарбияи нодурусти фарзандон дар оила;
  • паст будани маърифати оиладории ҷавонон;
  • паст будани сатҳи иқтисодии оила;
  • мудохилаи ноҷои хешу табор ва волидон;
  • никоҳи хешутаборӣ;
  • муҳоҷирати меҳнатӣ; – беморӣ ва безурётӣ.

 Вайроншавии оилаҳо, аз тарбияву меҳру навозиш ва дастгирии моддиву маънавии волидон маҳрум гашта, бепарастор мондани фарзандон яке аз мушкилоти асосӣ маҳсуб гардида, боиси ташвиш ва нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.

Аз ин рӯ яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин дарди ҷомеа пеш аз хонадоршавӣ ва ташкили оила ба зиндагии мустақил омода кардани ҷавонон мебошад, ки ин, пеш аз ҳама, вазифаи падару модар, мактаб ва ҳамкории тамоми ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки заминаи асосии сар задани низоъ дар оила бархӯрди манфиатҳо ва қонеъ нагардидани талаботи шахс мебошад.

Дар зиндагии оилавӣ сабру таҳаммул, якдигарфаҳмӣ аз хислатҳои накутарин ва нишонаи ахлоқи ҳамида маҳсуб меёбад. Оилае, ки аз чунин хислатҳо бархӯрдор аст, мустаҳкаму пойдор буда, ба муваффақияту пешравиҳо ноил мегардад. Вале афсӯс, ки на ба ҳама оилаҳои ҷавон чунин якдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ муяссар мешавад. Кам нест ҳодисаҳое, ки барои баъзе масъалаҳои ночизу беаҳамият миёни зану шавҳари ҷавон нифоқу низои калоне бархоста, то ҳадди ҷудоии онҳо мерасад. Дар урфият мегӯянд, ки агар дар оила тифоқию ҳамдигарфаҳмӣ бошад, ҳаёт ширину гуворо мегузарад. Аммо баъзан мешавад, ки ҳамсарон пойбанди суханони нодурусти хешовандон, ёру дӯстон ва ҳамсоягон гардида, зиндагии хушу гуворои худро талх месозанд; якдигарро таъна мезананд ва ё баҳудаю беҳуда барои корҳои ночизу камарзиш ба якдигар хурдагирӣ мекунанд, ки боиси ҷангу ҷидол дар оила мегардад. Аксар вақт зан ба ҳамсояҳо, шиносҳои дуру наздик тақлид намуда, бе дарназардошти даромаду имконоти оила харидорӣ намудани анҷоми қиматбаҳоро боисрор талаб менамояд, ки ин ҳам яке аз сабабҳои пайдо шудани низоъҳои оилавӣ мешавад. Дар ин маврид шоир хеле хуб фармудааст:

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷат камтар кун.

Хулоса, дар ин мавзӯъ ба шумо дар бораи якчанд сабаби вайрон шудани оилаҳои ҷавон ва пайомадҳои ногувори он маълумот додем, ки донистан ва хулосабарорӣ аз он барои омода шудани шумо ба ҳаёти мустақилона ва пешгирӣ аз низоъҳои оилавӣ ёрмандӣ мекунад. Аммо дар ҳаёт метавонед бо дигар ҳодисаю воқеаҳое рӯ ба рӯ гардед, ки оид ба он дар ҷое нахондаед ва аз касе нашунидаед. Вале дар ҳама ҳолат ақлу заковат, таҳаммулпазирӣ, сабру тоқат ҳамеша дастгиру раҳнамои шумо хоҳад буд.

Саволҳо

  1. Сабабхои асосии вайроншавии оилахои чавонро номбар кунед?
  2. Чи гуна метавон муносибатхои хубу дустонаро дар оила ба миён овард?
  3. Шумо дар вайроншавии оилахои чавон бештар киро гунахкор мехисобед?
  4. Арус дар хонаи домод чи гуна бояд рафтор кунад?
  5. Оилаи намунави гуфта чиро мефахмед?
ҚаблӣБа Муаллим (шеър)
БаъдӣРоҳҳои пешгирӣ кардани низоъҳо дар оила