Чанд фараҳу ҳаловати бепул дар зиндагӣ

Мо аксаран чизҳои сода ва фараҳбахшро ё эҳсос намекунем ва ё ба қадри онҳо намерасем. Ҳатто чизҳои содаву бепул ҳам метавонанд, ки беҳтарин эҳсосу ҳаловатро оварда бошанд. Хулоса, чанд чизи содаву фараҳбахшро, ки ҳамзамон бепул  ба даст меоянд, бароятон пешниҳод мекунем:

Хушбахтии оилавӣ;


Рузхои борони хоб кунед, дам гиред. Резиши борон асабатонро ором мекунаду хотироти ширинеро ба ёд меорад;


Бо пайдо кардани чанд сомоние, ки як вақт ё шояд чанд сол пештар дар кунҷи кадом киссаатон гузошта будед, хурсанд мешавед. Албатта бо он  бой намешавед, вале ин як эҳсоси гуворое аст, ҳатто барои нафари пулдор ҳам;


Чашматон дар роҳ ба чашми нафаре бармехӯрад, ки пур аз меҳр аст, пури гармӣ ва рӯшноӣ аст. Чӣ қадар гуворо аст ҳолате, ки бархурди нигоҳҳо бо як табассуми малеҳе ба поён меоянд;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Оббозӣ дар оби сарди дарёчаи шӯхи канори деҳа чӣ қадар ҳаловат дорад. Озодӣ, фараҳ аз об, покӣ…;


Ба воситаи почта номаи қоғазӣ ва ё туҳфа гирифтан чӣ қадар гуворо аст. Як вақт ба ёд доред, ки қуттии почтаи шумо пур аз номаҳо буд. Имрӯз ҳама чӣ электронӣ, сунъи ва камтаъсиру  бетаъсир аст;


Ҳанӯз ки ранги сурхи чароғак фурузон нашудааст, гузаштан аз чорроҳа. Бубинед, ки мошинҳои дигар аллакай дар қафоанд, вақт барои онҳо нарасид, аммо шумо…..;


Нақл кардани қиссае, ки барои дигарон шавқовару омӯзанда буд. Қиссаҳои хубро ҳам шуниданаш ҳаловат дораду ҳам нақл карданаш;


Шунидани суруде, ки ба ҳамон ҳолати шумо иртибот дорад, наздик буду мувофиқат кард. Ё таронае, ки дар ҷавони онро бениҳоят дӯст медоштед. Гуворо аст баргашта шуниданаш;


Аввалин қатраи оби соф вақте ки сахт ташна ҳастед, чӣ қадар ҳаловат дорад. Тасаввур кунед, баъди алафдаравӣ, дар куҳистон вақти молчаронӣ — оби хунук, нон…ҳавои тоза;


Баъди хомӯши шумо ва ҳамсуҳбататон якбора ҳамон як ҷумла ва ё саволро ба забон меоред. Чизи содае, аммо гуворо, ки боиси шакл гирифтани табассум дар лабонатон мегардад;


Пайдо кардани ҷойи мувофиқ, соя, кушод ва бехатар барои мошин ҳам чизи содае аст, аммо рӯҳро болида мекунад. Дар берун овардани мошин азоб намекашед, мошини касеро намехарошед, дар таваққуфгоҳ банд намешавед. Ин албатта хуб аст-ку!;


Шумо ними шаб бедор мешавед ва фикр мекунед, ки дер кардед, аммо чун ба соат назар мекунед, ҳоло вақти зиёде доред. Вақт барои дам гирифтан, хобидан, фикр кардан…. Чӣ ҳаловате дорад ин;


Наззораи одамон. Дар курсие дар боғ ва роҳраве бишинеду ба мардуми атроф назар кунед. Онҳо ҳар хелаанд, аз ҳамдигар фарқ доранд, гуногунанд. Ба чеҳраҳо назар кунед, дигаргунаанд. Аз ҳаракату сӯҳбату қиёфаи онҳо бисёр чиро фаҳмидан мумкин аст;


Либоси хуб шусташуда, тоза ва босифат чи қадар ҳаловат дорад. Накҳати хуш, мулоим, шинам…;

зиндаги, мушкили, лаззат


Накҳати хонаи модар, гаражи даврони кӯдакӣ, осиёбхона ва масҷиди деҳа…; Суратҳои куҳнаи худатону наздиконатон. Шумо чӣ қадар онҳоро пазмон шудаед. Бозгашт ба хонаи кӯдакӣ, ҳавлии модар ва боғи бобои чӣ қадар ҳаловату фароғате дорад!!!;


Мебинед, ки идеяи шумо ба кор меравад, маслиҳату пешниҳоди шумо қабул мешавад. Ё баъди чанд роҳи нокоми варианти охирин дуруст меояду коратон анҷом меёбад. Магар беҳтар аз ин ҳаловате ҳаст?


Дароз кашидан рӯйи рахти хоби нарму нафис, тоза ва покиза. Офтоб нурҳои худро ба рӯйи шумо мерезад. Фикр мекунед, ки ягон мушкил ва проблема надоред; Курпаву болиштатон бӯйи шиносу роҳатборе доранд;


Назораи табиати зебо ва сабз. Дар миёни куҳсор дари мошинро кушода, ҳавои тоза ва накҳати гулу гиёҳро ба мошин роҳ медиҳед. Ҳамон суратҳоеро зинда мебинед, ки дар Интернет ва ё дар ТВ дида будед;


Даврони беғашӣ ва осудагии кӯдакӣ ва наврасии худро ба ёд оварда, дилатон гум мезанад. Дидори ҳамсинфон, аёдати онҳо, ёди лаҳзаҳои гуворо чӣ қадар хуш аст???;


Як гапу як ҷумлаи хандаовар чӣ қадар рӯҳро болида мекунад, ғамро дур мегардонад;


Баъди аз толори варзиши баромадан чи хел худро сабуку чолок ва бардам эҳсос мекунед. Фардояш мушакҳои ҷисми шумо дард мекунанд, вале чӣ қадар дарди ширин…;


Дар рӯйи сабзаҳои ҳавли ва ё дами дарвоза нишастану назорраи бозии фарзандону набераҳо чӣ қадар ҳаловат дорад. Хониши паррандаҳо, хонаи обод, писару духтарон, набераҳо….;


Ҳар рӯз қабул кардани ванна, оббози кардан, маводи хушбӯйӣ пошидан. Ҳамаи ин рӯҳи шуморо болидаву сиҳатии шуморо устувор мекунад; Сауна ва буғ ҳатман, ки бароятон эҳсоси гуворо ҳадя мекунанд;


Вақте  ба касе бе он ки ӯ аз шумо кумак пурсад, кумак мерасонеду дар чеҳраи ӯ табассум ва қаноатмандиро эҳсос мекунед, худатон ҳам розӣ ва хушнуд мешавед. Чӣ қадар гуворо аст, агар дасти касеро мегиреду ба касе одитарин кумакро мерасонед?!;


Ба охир расонидани кору нақша ва нияти неке ҳам ба кас роҳат мебахшад. Анҷом додани кори оғозкарда ҳамеша гуворо аст. Махсусан агар он кор ба манфиати ҷомеа бошад;….


Ин рӯйхатро метавонед, ки давом бидиҳед. Агар воқеан ҳам назар нек бошаду андеша солим — ҳатман аз бисёр чизҳову ҳолатҳо ҳаловат гирифтан мумкин аст.  Орзу мекунам, ки ҳар чизи содаи зебо ва гувороро дар зиндаги дидан тавонеду эҳсос кардан ҳам!!!


Subhonjalilov.wordpress.com


Барои зиёд намудани чунин маводҳо сомонаи моро ба дӯстонатон тавсия намоед ва ин матлабро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо тақсим (поделиться) намоед >>

ҚаблӣМУБОЛИҒА
БаъдӣФеъли ёридиҳандаи «to have» дар замони ҳозира

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед