Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи ҳукмронии муғулҳо

Фарханги халки точик дар давраи хукмронии мугулхо. Аз давраи ҳукмронии муғулҳо баъзе осори меъморӣ боқи мондааст, ки аксаран аз меъмории мақбараҳо иборатанд. Вале аз ин чунин барнамеояд, ки сохтмони асрҳои XIII-XIV фақат ба ҳамин навъи биноҳои муҳташам маҳдуд гардида будааст. Аз манбаъҳои хаттӣ маълум мешавад, ки дар ои давра Мадраса ва кушкҳо низ бино меёфтанд. Дар миёнаи асри XIII ду мадрасаи калон дар Бухоро сохта шуда буд ва султони муғул Кабакхон дар наздикии Насаф кушк (қаршӣ) бино карда буд. Дар Кӯҳна- Урганҷ (Хоразм) манораи бошукӯҳе (қариб 62 м. баландӣ дорад) маҳфуз мондааст.

Қадимтарин иморати маҳфузмондаи он давра мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ мебошад. Сайфиддини Бохарзӣ аз шайхони хеле машҳур ва бонуфуз аст, ки дар назди муғулҳо низ эътибори калон доштааст.

Макбараи Сайфиддини Бохарзи
Мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ

Ӯ соли 1258 вафот кардааст. Авлодони ӯ бар сари мадфанаш мақбара ва хонақоҳ сохтанд. Соли 1333 ин хонақоҳро сайёҳи араб Ибни Батута зиёрат карда, онро ҳамчун «маъвои хеле бузург» тавсиф намудааст. Мақбараи то замони мо расидаи шайх ки дар наздикии Бухоро воқеъ гардидааст хонақоҳ надорад. Вай дар асри XIV умуман таҷдид ёфта, дар паҳлӯи иморати қадимаи худи мақбара баъдтар зиёратхонае ҳам сохта шуда буд. Қисми аз ҳама охир таъмирёфтаи мақбара сардарии пештоқдори вай аст. Ин ёдгории қадима ба таври оддӣ сохта шуда, дар айни замон хеле муҳташам мебошад. Гунбади хурдтари худи мақбара, гунбади калони зиёратхона ва сардарии баланди дорои ду манорачаи пурнақшу нигор таассуроти бинандаро ба пойдорӣ ва ҳашамати ин бино афзунтар мегардонанд.

Мақбараҳои қабл аз темурии асри XIV хеле бисёранд. Мақбараҳои Шоҳи Зинда, Буёнқулихон дар Бухоро, Наҷмиддин ва Турабекхоним дар Кӯҳна-Урганҷ, Муҳаммад Башоро дар Панҷакент, Тубохон дар Суғд аз ҳамин қабиланд. Аксари мақбараҳо аз ҷиҳати тарҳу меъморӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: гурӯҳи нисбатан сершумори онҳо, мақбараи якхонагии гунбаддор буда, гурӯҳи дигар, мақбараҳоеанд, ки мисли мақбараи Сайфиддини Бохарзӣ ду гунбад дошта, аз марқад ва зиёратхона иборатанд. Дар ин давра баъзе тарҳҳои нави сохтмони мақбараҳо ба вуҷуд меоянд, ки ба боми гунбадшакл асос ёфта, бештар бино кардани мақбараҳои ду гунбада ва ҳатто се гунбада ба назар мерасад.

Ороишоти меъмории ин давра гуногунранг буда, аз инкишофи минбаъдаи касбҳои амалӣ шаходат, медиҳад. Дар нақшу нигори биноҳо гулкориҳои рӯи гил ва мино ба таври ва­сеъ истифода бурда мешуд. Баъзан нақшҳои барҷастаи ба тахтаҳои гили пухта кандашударо бо луоби кабуд ё осмониранг андуда, дар мавридҳои дигар фақат катиба ва ё тасвири асосиро сир медоданд ва нақшҳои фаръии даруниро ба ранги гилтахтаҳои кандакоришуда мегузоштанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар ороиши биноҳо сафоли сирдори нақшин ба таври хеле фаровон ба кор бурда мешуд. Гоҳо зери мино ё рӯи миноро бо суратҳои заррин ё рангин зиннат медоданд. Деворҳо бо хиштҳои сирдода, ки дар фосилаҳои баробар ба шакли амудӣ чида мешуданд, содда, вале нафис ороиш меёфтанд. рӯи гаҷкоришудаи деворҳо гоҳо бо наҷшбандии бисёр зебо пушида мешуд. Усули қадимаи ороиши бино тамоман аз байн нарафта буд. Чунончи, кандакориҳои (беминои) асрҳои XI-XII дар амали меъмории асри XIV низ ба назар мерасанд.

Дар нақшҳои рӯи гил тахта, сафоли сирдор ва нақшу нигори деворӣ диққати касро беш аз ҳама зебоӣ ва гуногунии мураккабтарин тасвироти наботӣ ва хандасӣ ба худ ҷалб менамоянд. Ҳунари ихтироъкоронаи мусаввирон, ки ин ҳама намунаҳои олиро барои устоҳои сафолгар ва ё нақшбандҳо тахия кардаанд, ниҳоят хайратангезанд.

Махсусан катибаҳои бо хатҳои гуногун сабтгардидаи ёдгориҳои бошукӯҳи меъмориро, ки аз маҳфуз мондани ҳунари хаттотӣ ба дараҷаи баяанди пешинаи худ шаҳодат медиҳанд бояд зикр намуд. Қайд кардан лозим аст, ки ҳунари хаттотӣ ва наққошӣ осори бисёр зебои худро на фақат дар соҳаи меъморӣ, балки дар дигар ёдгориҳои санъати дастии мардуми тоҷикӣ он замон низ боқӣ гузоштаанд.

Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи тамаддуни ориёӣ


Фарханги халки точик дар давраи хукмронии мугулхо

ҚаблӣОқибатҳои ҳукмронии муғулҳо дар Осиёи Миёна
БаъдӣИлму адаби тоҷик дар асри XIII (13) ва миёнаҳои асри XIV (14)