Салом дӯстон ва корбарони сомонаи Donishju.Net. Имрӯз якчанд мисолу масъалаҳоро оиди Тақсими бобақия меоварем. Ашхосе, ки ба фанни математика ва ҳалли масъалаҳо шавқ доранд, метавонанд ҷавоби мисол ва ё масъаларо дар шарҳ бо нишон додани рақами мисол нависанд. Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро меёбанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем.
- Бақияи тақсими адади якумро ба адади дуюм ёбед:
а) 43684 ва 84;
б) 12080 ва 63;
в) 83664 ва 1267;
г) 433268 ва 234;
ғ) 10088 ва 275;
д) 65306 ва 242.
- Ҳангоми ададҳои гуногуни натуралиро ба 5; ба 8; ба 10 тақсим кардан чӣ гуна бақияҳо ҳосил мешаванд?
- Амали тақсимро иҷро намоед:
а) 12556484:62;
б) 15643249:126;
в) 144456568:448;
г) 1367254114:554.
- Барои истеҳсоли як асбоб дастгоҳи худкор 5 дақ. 15 сония вақт сарф мекунад. Дар давоми 1 шабонарӯзи кори бетанаффус ин дастгоҳ чандто ҳамин гуна асбоб истеҳсол мекунад?
- Муодиларо ҳал кунед:
а) 44880:110+x=762;
б) 638100+1206:x=638167.
- Падар аз писар 20 сол калонсол буда, писар аз падар 5 маротиба хурдсол аст. Падар чандсола асту писар чандсола?
- Аз ду маҳалли аз ҳамдигар дар масофаи 58 км ҷойгирбуда дар як лаҳзаи вақт ду нафар велосипедрон ба пешвози якдигар равона шуданд. Яке бо суръати 14 км/соат, дигаре бо суръати 15 км/соат ҳаракат карданд. Онҳо пас аз чанд соат бо ҳам вохӯрданд?
- Амалҳоро иҷро намоед:
а) 2111022:(5960 – 5646);
б) 2045639:(6700 – 6279);
в) 700700 – 6054•(47923 – 47884) – 65548.
- Пораи сими пӯлодини дарозиаш ба 93 м баробарро ба 4 қисм ҷудо намуданд. Ду қисми аввал дарозиҳои баробар доштанд. Қисми сеюм аз қисми якум 4 маротиба ва қисми чорум аз қисмҳои дуюму сеюм якҷоя 5 маротиба дарозтар буданд. Дарозии ҳар як қисм ёфта шавад.
- Амалҳоро иҷро намоед:
а) 19857–(29716:68+192+64);
б) 17775+(601•508–11094:86).
- Барои тайёр кардани ширбиринҷ 2 ҳисса биринҷ, 3 ҳисса шир ва 5 ҳисса об гирифтан лозим аст. Барои аз 220 г биринҷ тайёр намудани ширбиринҷ чӣ қадар обу чӣ қадар шир гирифтан лозим?
- Модар якҷоя бо духтараш 48 сол доранд. Модар аз духтараш 3 маротиба калонсол аст. Ҳар яке аз онҳо чанд сол дорад?
Мисолу масъалахо аз математика оиди таксими ададхои натурали, саволу чавоби математика таксим, математика бо забони точики таксим бо бакия дар математика бо забони точики тестхои математика