Мероси шоир Ҳоқонии Шарвонӣ. Касидаи “Харобахои Мадоин”

Мероси шоир Хоконии Шарвони шеър. Ашъори Хокони шеърхо, Девони шоир Ҳоқонии Шарвонӣ шеърҳо. Касидаи Харобахои Мадоин. Тухфат-ул-Ирокайн

 Зиндагиномаи шоирро инҷо бубинед << 


Мероси шоир

Аз Хоқонии Шарвонӣ “Девон” иборат аз қасида, ғазал, қитъа ва рубоиёт, маснавии “Туҳфат-ул-Ироқайн” ва “Муншаот” (номаҳо) боқӣ мондааст.

Навоварӣ ва тозакориҳои шоир дар шеър на дар мадҳияҳои ӯ, балки бештар дар қасидаҳои кӯчакаш ба назар мерасад, монанди “Харобаҳои Мадоин” ва ғ.

Қасидаи “Харобаҳои Мадоин”

Қасидаи “Харобаҳои Мадоин”-ро Хоқонӣ дар соли 1171 пас аз сафаре навиштааст, ки ба Макка дошт ва дар рафти он харобаҳои қасри овозадори Сосониёнро дар Мадоин, ки бо номи Тоҷи Кисро машҳур буд, дидааст. Ин ҳамон қасрест, ки дар вақташ Хусрави Парвизи Сосонӣ (591- 629) дар пойтахти давлати Сосониён – шаҳри Тайсафун (Тисефун) сохта буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шоир қасидаашро бо хитоб ба дилу дидаи ибратбин оғоз карда, даъват менамояд, ки айвони Мадоинро бояд ҳамчун оинаи ибрат шинохт:

Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон,
Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон.

Сипас таассуроти ғамангез ва пур аз ҳасрату дарду сӯзи дилу ҷигари бирён ва дидаи гирёни худро аз харобаҳои айвони Мадоин бо маънию тасвирҳои равшан ва таъсирбахш баён доштааст.

Як раҳ зи раҳи Даҷла манзил ба Мадоин кун
В-аз дида дувум Даҷла бар хоки Мадоин рон.

Худ Даҷла чунон гиряд, сад Даҷлаи хун гӯйӣ,
К-аз гармии хунобаш оташ чакад аз мижгон.

Бинӣ, ки лаби Даҷла чун каф ба даҳон орад?
Гӯё зи тафи оҳаш лаб обила зад чандон.

Аз оташи ҳасрат бин бирён ҷигари Даҷла,
Худ об шунидастӣ, к-оташ кунадаш бирён?

Бар Даҷла гирӣ нав-нав в-аз дида закоташ деҳ,
Гарчи лаби дарё ҳаст аз Даҷла закотистон.

Гар Даҷла даромезад, боди лабу сӯзи дил,
Ниме шавад афсурда, ниме шавад оташдон.

То силсилаи айвон бигсаст Мадоинро,
Дар силсила шуд Даҷла, чун силсила шуд печон.

Гаҳ-гаҳ ба забони ашк овоз деҳ айвонро,
То бу, ки ба гӯши дил посух шунавӣ з-айвон.

Хоқонӣ хонандаи худро ба гирифтани панд аз ҳар дандонаи қасри Мадоин ташвиқ мекунад ва аз номи он мегӯяд, ки эй он ки аз хокӣ, хоки маро бибин ва бар рӯйи он қадам бинеҳ ва ашке биафшон. Мо аз навҳаи ҷуғд ба дарди сарем, ту аҷаб мадор, ки дар чамани гетӣ ҷуғд аз пайи булбул асту навҳа аз пайи илҳон. Мо боргаҳи дод будем, ситам бар мо рафт. Ту мегӯйӣ, ки ин айвони фалаквашро кӣ нагун кардааст: ҳукми фалаки гардон ё ҳукми фалакгардон?

Дандонаи ҳар қасре панде диҳадат нав-нав,
Панди сари дандона бишнав зи буни дандон.

Гӯяд, ки ту аз хокӣ, мо хоки туем акнун,
Гоме ду-се бар мо неҳ в-ашке ду-се ҳам бифшон.

Аз навҳаи ҷуғдалҳақ, моем ба дарди сар,
Аз дида гулобе кун, дарди сари мо биншон.

Оре, ки аҷаб дорӣ, к-андар чамани гетӣ
Ҷуғд аст пайи булбул, навҳаст пайи алҳон.

Мо боргаҳи додем, ин рафт ситам бар мо,
Бар қасри ситамкорон то худ чӣ расад хазлон.

Гӯйӣ кӣ нигун кардаст айвони фалаквашро,
Ҳукми фалаки гардон ё ҳукми фалакгардон?

Бар дидаи мо хандӣ, к-он ҷо зи чӣ мегиряд?
Гирянд бар он дида, к-ин ҷо нашавад гирён.

Не золи Мадоин кам аз пирзани Кӯфа,
На ҳуҷраи танги ин камтар зи танӯри он.

Донӣ чӣ? Мадоинро бо Кӯфа баробар неҳ,
Аз сина танӯре кун в-аз дида талаб тӯфон.

Шоир ба хонандаи қасидааш гӯшзад мекунад, ки ин айвону даргаҳи харобазоре, ки мебинед, ҳамон айвонест, ки аз нақши рухи мардуми бисёре, ки ба он ҷо меомаданд, хоки дараш монанди Нигористон буд, ҳамон даргаҳест, ки Дайлам малики Бобилу ҳинду шаҳи Туркистон буд, ҳамон суфаест, ки аз ҳайбати он шери тани шодирвон ҳамла ба шери фалак карданд, пиндор ҳамон аҳдест, ки дар баробари даргоҳ ва майдони шоҳони сосонӣ аз аспону пилон пиёда мешуданд ва рух ба замин мениҳоданд, таъзим мекарданд.

Ин аст ҳамон айвон, к-аш нақши рухи мардум
Хоки дари ӯ будӣ девори Нигористон.

Ин ҳаст ҳамон даргаҳ, к-ӯро зи шаҳон будӣ
Дайлам малики Бобил, ҳинду шаҳи Туркистон.

Ин ҳаст ҳамон суффа, к-аз ҳайбати ӯ бурдӣ
Бар шери фалак ҳамла шери тани шодирвон.

Пиндор ҳамон аҳд аст, аз дидаи фикрат бин
Дар силсилаи даргаҳ, дар кавкабаи майдон.

Аз асп пиёда шав, бар наъти замин рух неҳ,
Зери пайи пилаш бин, шаҳмот шуда Нуъмон.

Не-не, ки чу Нуъмон бин – пилафкани шоҳонро,
Пилони шабу рӯзаш гашта ба пайи даврон.

Эй шаҳ, паси пил афкан, к-афканда ба шаҳ пиле,
Шатранҷии тақдираш дар мотгаҳи ҳирмон.

Валекин афсӯс, ки аз ҳама даргаҳу айвону суфа ва шукӯҳу шавкате, ки буд, имрӯз ҷуз хароба чизе намондаасту замин ба ҷойи май маст аст аз хӯрдани хуни дили Нӯшервон дар косаи сари Ҳурмуз. Бас панде, ки он гаҳ бар тоҷи сараш пайдо буд, имрӯз дар мағзи сараш пинҳон аст. Ҳамин тавр Кисрову Парвизу турунҷи зар ва тараи зарринашон барбод шуда яксару бар хок шуда яксон. Шиками хок аз он тоҷварон обистани ҷовидон аст. Он мае, ки имрӯз токи ангур – разбун медиҳад, хуни дили Ширин асту хуми мае, ки деҳқон мениҳад, аз обу гили Парвиз аст. Ин хок чандин тани ҷабборонро фурӯ хӯрдааст, аммо ин гурусначашм ҳанӯз ҳам сер нашудааст. Ин золи сапедабрӯ ва ин моми сияҳпистон – фалак аз хуни дили тифлон рухи худ сурх мекунад.

Маст аст замин, зеро хӯрдаст ба ҷойи май
Дар коси сари Ҳурмуз хуни дили Нӯширвон.

Бас панд, ки буд он гаҳ бар тоҷи сараш пайдо,
Сад панди нав аст акнун дар мағзи сараш пинҳон.

Кисрову турунҷи зар, Парвизу тарай заррин
Барбод шуда яксар, бар хок шуда яксон.

Парвиз ба ҳар хоне зарринтара густардӣ,
Кардӣ зи бисоти зар зарринтараро бустон.

Парвиз кунун гум шуд, з-он гумшуда камтар гӯ,
Зарринтара ку бар хон, рав камтараку бархон.

Гуфтӣ, ки куҷо рафтанд он тоҷварон инак,
З-эшон шиками хок аст обистани ҷовидон.

Бас дер ҳамезояд обистани хок, оре,
Душвор бувад зодан, нутфа ситадан осон.

Хуни дили Ширин аст он май, ки диҳад разбун,
З-обу гили Парвиз аст ин хум, ки ниҳад деҳқон.

Чандин тани ҷабборон, к-ин хок фурӯ хӯрдаст,
Ин гурусначашм охир ҳам сер нашуд з-эшон.

Аз хуни дили тифлон сурхоби рух омезад
Ин золи сапедабрӯ в-ин моми сияҳпистон.

Андешаҳои ҳасрату дардолуди Хоқонӣ дар бораи фалаки гардон, дигар шудани замону макон, маргу зиндагӣ дар мисоли аҳволи айвони Мадоин ва соҳибони он – шоҳони сосонӣ аз ҷумлаи беҳтарин бахшҳои қасидаи “Харобаҳои Мадоин” мебошад ва аз ҳунари баланди шоир дар гуфтани шеър ба забони форсии тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.

Қасидаи “Харобаҳои Мадоин»-ро Хоқонӣ дар хитоб ба худаш дар бораи баҳраи ибрат кардан аз даргаҳи шоҳони сосонӣ ба охир расонда, пас аз ишора ба ҷаҳони гузарон гуфтааст, ки ҳар кас аз Макка субҳа аз гили Ҳамра мебарад, ӯ аз Мадоин сабҳа аз гили Салмон хоҳад овард. Ин субҳаи ӯ ҳамин қасида аст, ки аз баҳри дили бародарон суруда шудааст.

Хоқонӣ аз ин даргаҳ дарюзаи ибрат кун,
То аз дари ту з-ин пас дарюза кунад хоқон.

Имрӯз гар аз султон ринде талабад тӯша,
Фардо зи дари ринде тӯша талабад султон.

Гар зоди раҳи Макка туҳфаст ба ҳар шаҳре,
Ту зоди Мадоин бар туҳфа зи пайи Шарвон.

Ҳар кас барад аз Макка субҳа зи гили Ҳамза,
Пас, ту зи Мадоин бар субҳа зи гили Салмон.

Ин баҳри басират бин, бе шарбат аз ӯ магзар,
К-аз шатти чунин баҳре лабташна шудан натвон.

Ихвон, ки зи раҳ оянд, оранд раҳоварде,
Ин қитъа раҳовард аст аз баҳри дили ихвон.

Бингар, ки дар ин қитъа чӣ сеҳр ҳамеронад
Маҳтуки мусаббиҳдил, девонаи оқилҷон.

Мавзӯи бебақоии дунё бо бевафоии замона ва аҳли он дар қасидаҳои кӯчаки Хоқонии Шарвонӣ ба ҳам гиреҳ хӯрдаанд. Шоир дар онҳо гуфтааст, ки то ҷаҳон аст аз ҷаҳон аҳли вафое, некаҳде, ошное барнахост. Гӯиё дар кишвари мо барнамехезад вафо. Бевафоӣ имрӯз ба дараҷаест, ки аз нахустин тухми Одам то кунун аз замини мардумӣ мардумгиёҳе барнахост.

То ҷаҳон аст, аз ҷаҳон аҳли вафое барнахост,
Некаҳде барнаёмад, ошное барнахост.

Гӯйӣ андар кишвари мо барнамехезад вафо,
Ё худ андар ҳафт кишвар ҳеч ҷойе барнахост.

Хун ба хун мешӯй, к-аз роҳат нишоне монда нест,
Худ ба худ месоз, к-аз ҳамдам вафое барнахост.

Аз мизоҷи аҳли олам мардумӣ кам ҷӯй, аз он-к
Ҳаргиз аз кошонаи каргас ҳумое барнахост.

Боварам кун, к-аз нахустин тухми Одам то кунун
Аз замини мардумӣ мардумгиёе барнахост…

Аз касу нокас бибур Хоқониосо, к-аз ҷаҳон
Ҳеч соҳибдардро соҳибдавое барнахост.

Танқиду мазаммати дунё ва аҳли он махсусан дар зуҳдиёт ва ҳабсиёти Хоқонӣ бештар мақом дорад.


Маснавии “Туҳфат-ул-Ироқайн”-и Ҳоқонии Шарвонӣ

ҚаблӣХоконии Шарвони (зиндагиномаи Хоқонии Шарвонӣ)
БаъдӣМаснавии “Туҳфат-ул-Ироқайн”-и Ҳоқонии Шарвонӣ