Илму адаби тоҷик дар асри XIII (13) ва миёнаҳои асри XIV (14)

Аз тарафи ӯрдуҳои Чингизхон истило шудани сарзамини тоҷик ба инкишофи илму адаби он зарбаи ҳалокатовар зад. Дар асри XIII ва аввали асри XIV адабиёт махсусан дар Осиёи Сағир, ҷануби Эрон ва Хиндустон, яъне дар он маҳалҳое, ки дар тахти тасарруфи Myғулҳo қарор нагирифта буданд, нисбатан ривоҷу равнақ ёфта буд. Фақат дар охири асри XIV ва иб­тидои асри XV марказҳои адабӣ аз нав ба Мовароуннаҳр ва Хуросон мекучанд.

Дар асрҳои XIII – XIV бузургтарин симоҳои назми форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Насриддини Тусӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳдавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба майдон меоянд.

Яке аз барҷастатарин мутафаккирони он замон Насридини Тусӣ (солҳои 1201-1272) буд. Ӯ дар асарҳои худ «Таҳрири иқлидус», «Рисолаи муайянӣ», «Моҳияти нуҷум», «Қонуни тиб», «Шарҳи Қонун», «Зайли ҷаҳонкушо», «Ҳалли мушкилоти ишорат», «Шарҳи назарияҳо» доир ба тиб, нуҷум, риёзиёт, таърих, адабиётшиносӣ ва фалсафа фикрҳои баландмазмун гуфта, пайрав, идомабахш ва ҳомии корҳои Абуалӣ ибни Сино мегардад.

Насриддини Тусӣ асари машҳури худ «Асос-ул-иқтибос»- ро ба баёни масоили мантиқ бахшида, дар он масъалаҳои кате­гория, муҳокима, хулосабарорӣ, назарияи мантиқии исбот ва ғайраро ҳал кардааст.


Оиди Насриддини Тусӣ дар ин мавод маълумот бештар мавҷуд аст: Насриддини Тусӣ<<

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷалолиддини Балхии Румӣ (солҳои 1207-1272) аслан аз қадимтарин маркази тамаддуии халқи тоҷик шаҳри Балх ме­бошад. Ӯ қабл аз ҳучуми муғул дар синни 14-солагӣ бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба Нишопур, Бағдод, Ҳиҷоз, Сурия на Осиёи Сағир рафта, дар Қуния (Осиёи Сағир) иқомат ихтиёр намуд. Вай аввал бо роҳбарии падари худ дар Қуния, синае дар Ҳалаб ва Димишқ таҳсил намуда, маълумоти мукаммале ба даст овард ва чанд гох ба дарсгӯӣ машғул шуд. Вале дар соли 1224 ӯ бо таъсири мулоқоти яке аз дарвешон дарсдиҳӣ ва роҳбарии корҳои тариқати суфияро ба шогирдони худ вогузор карда, худ гушанишин гардид.

Ҷалолиддин Румӣ аз бузургтарин олимон ва шоирони та­саввуф маҳсуб мешавад. Асарҳои хеле машҳури ӯ «Девони ғазалиёт» ва «Маснавии маънавӣ» мебошанд, ки аз шаш ҷузъ – 36 ҳазор байт иборат буда, асосҳои фалсафаи тасаввуфро дар бар мегиранд. Ӯ бо ин асари худ навъи маснавии ирфониро то ба охирии дараҷаи инкишофи он пеш бурд. Эҷодиёти Румӣ хусусан аз он ҷихат ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки шоир ба мақсади умумифаҳм гардидани асарҳои худ услуби соддаро ба кор бур­да, шаклҳои назми халқии тоҷикиро – чунончӣ, дар ғазал, сурудҳои лирикӣ ва дар маснавӣ тамсилро истифода менамояд. Бештар>>

Дигар мутафаккири нотакрори форсу тоҷик Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (тақрибан солҳои 1219-1292) буда, дар Шероз ба дунё омадааст. Ба таҳсили илм дар Шероз шуруъ намуда, пас аз он ба Бағдод рафта, дар мадрасаи «Низомия» таҳсили худро ба охир расонид. Аз як тараф шавқи даҳонгардӣ ва аз тарафи дигар нооромиҳое, ки ҳангоми ҳуҷуми урдуи муғул дар ватани Саъдӣ рӯй дода буданд, ӯро ба мусофирати дуру дарози кишварҳои гуногуни Шарқ водор намуданд. Саъдӣ дар рафти ин сафарҳо, ки зиёда аз 30-40-сол идома ёфтанд, Ҳиҷоз, Бағдод ва Африкаи Шимолиро саёҳат намуд. Ӯ соли 1256 ба Шероз баргашга, ба ҷамъ овардани сарчашмаҳо ва тартиб додани асарҳои безаволи худ оғоз менамояд.

Саъдии Шерозӣ

Дар эҷодиёти Саъдӣ таъсири назми қадимаи тоҷик баръало эҳсос карда мешавад ва бо он пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, Саъдӣ дар таърихи насру назми тоҷик мавқеи хоса дорад.

Саъдӣ ба ғайр аз «Гулистон» ва «Бустон» боз шеърҳои зиёди баландмазмун низ эҷод намудааст. Бинобар ин ӯ дар таърихи инкишофи назми классикии форсу тоҷик мақоми шоистаеро ишғол намудааст. Саъдӣ дар баробари офаридани намунаҳои мукаммали навъи ғазал, дар насри бадеӣ ҳам устоди нотакрор аст. Аз тарафи дигар, Саъдии бузург дар адабиёт усули панду насиҳатро ҷорӣ карда, асарҳои вобаста ба таълиму тарбияро хеле такмил дод. Шоир дар асарҳои баландмазмуни пандомезаш ақдаҳои гуманистии худро баён намуда, ғояҳои ватандӯстиро таблиғу тартиб намудааст.

Саъдӣ зулму ситами давлатдоронро маҳкум намуда, ҳокимонро даъват менамуд, ки ба мардуми оддӣ бо чашми эҳтиром ва қадршиносӣ назар кунанд. Ӯ қаноат карданро талқин намуда, молпарастиро мазаммат кардааст.

Саъдӣ шоҳонро ба пеша кардани адолат даъват кардааст:

Maдeҳ рухсати зулм бар ҳеҷ ҳол,
Ки хуршеди мулкат наёбад завол!…

Ба тақвияти ин фикр Саъдӣ ҳокимонро ба раҳму шафқат даъват намуда, устувории давлату ҳокимияти онҳоро дар раиятпарварӣ мебинад

Саъдии Шерозӣ дар афкори иҷтимоии худ фикрҳои адолатхоҳонаро тартиб намуда, зидди муносибати ғайриинсонии золимон баромадааст:

Эй забардасти зердастозор,
То ба кай гарм монад ин бозор?
Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ,
Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

Ақидаи Саъдӣ дар муносибати давлат бо аҳолӣ ба принсипи адолат ва маърифат асос ёфтааст. Ӯ дар афкори иҷтимоиаш тарафдори подшоҳ аст ва мамлакатро бе подшоҳ тасаввур карда наметавонад:

Зарур аст, ки аҳодро cape бошад,
Вагарна мулк нагирад ба ҳеҷ гуна низом.

Аз нигоҳи шоир подшоҳ ва ҳокимон бояд дар хизмати халқ бошанд, на халқ дар хизмати онҳо. Азбаски Саъдӣ ҳукумати подшоҳиро на ҳамчун воситаи зуроварӣ ва зулм, бал­ки худодод медонист, аз ин рӯ, аз подшоҳ талаб менамояд, ки ба халқ хизмат кунад.

Оид ба масъалаи муносибати давлат ба лашкар Саъдӣ та­лаб мекард, ки шоҳ бояд бо маслиҳати одамони ботаҷриба, хирадманд кор кунад, го давлатро дуруст ва оқилона идора карда тавонад. Дар масъалаи муносибати байни давлатҳо бошад истифодаи принсини муносибати сулҳдуснаро муҳим меҳисобад. Ба ақидаи Саъдӣ агар тарафи муқобил сулҳро таклиф кунад, бояд онро дастгирӣ кард. Аммо агар душман ҷанг хоҳад, аз чу­нин ҷанг низ cap печидан нашояд, зеро ҳимояи халқу кишвар зарур асг:

Агар сулҳ хоҳад аду, cap мапеч!
Вагар ҷанг ҷӯяд, инон бар мапеч!

Саъдӣ ба масъалаи сарварӣ-подшоҳӣ диққати махсус медиҳад. Онро аз оммаи мардум вобаста медонад. Набудани мардум боиси нобуд гаштани шоҳигарӣ аст. «Мулук (яъне шоҳ Н.Т.) аз баҳри раият аст, ва раият аз баҳри тоати мулук».

Мутафаккир сиёсатро аз гуманизм ҷудо намекунад. Дар маркази ин пайвастагӣ раҳмдилию ғамхорӣ нисбати раият меистад. Барои Саъдии Шерозӣ меъёрӣ одамият ё гуманизм «раҳм бар бечорагон овардан аст». >>Бештар

Мутафаккири барҷастаи дигари ин давраи тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ (солҳои 1253-1325) аст, ки дар Хиндустон ба дунё омадааст. Падари ӯ аслан аз шаҳри Кашрӯд буда, дар арафаи ҳуҷуми муғул аз Мовароуннаҳр ба Хиндустон фирор намудааст. Амир Хусрав пас аз хатми таҳсил шаҳри Деҳлиро иқоматгоҳи худ қарор дод ва дар дарборӣ султон машғули фаъолияти эҷодӣ гардид.

Ӯ илова бар девони ашъоре, ки аз панҷ қисмат иборат аст, ба равияӣ Низомии Ганҷавӣ «Хамса» навишт. Амир Хусрав дар ин асари худ бо вуҷуди он, ки мавзӯи қадимаро нигоҳ дошт, лекин дар услуби достон ва тавсифи қаҳрамонҳо эҷодкорона муносибат намудааст. Ӯ нисбат ба дигар шоирон дар бобати гирифтани мавзуҳои маҳалӣ ҷасорати зиёдтар намуд. Достонҳои ӯ «Қирон-ус-саъдайн» (дар бораи мулоқоти Саъд бо падари худ Буғрохон), «Мифтоҳ-ул-футуҳ» (Калиди фатҳҳо) ва «Нӯҳ сипеҳр» дар мавзӯҳои маҳаллӣ навишта шудаанд. Ин асарҳои шоир илова бар қиммати адабӣ, дорои аҳамияти бу­зурги таърихӣ ҳам мебошанд.

Достони ишқӣ-афсонавии ӯ «Хизрхон ва Дувалронӣ», ки дар бораи шоҳзодаи ҳиндӣ ва маъшуқаи вай ҳикоят мекунад сазовори таваҷҷӯҳ аст. Амир Хусрав бо забони маҳалии рехта, ки баъдҳо асоси забони ӯрдуро фароҳам овард низ асар эҷод кардааст. Ӯ ба омӯзиш ва таҳқиқи шеър ва мусиқӣ ҳам машғул мешуд.

 Мутафаккири дигари ин давра Муҳаммад Авфӣ мебошад. Ӯ муаллифи тазкираи «Лубоб-ул-албоб» мебошад, ки дар солҳои 1221-1222 онро таълиф намудааст. Муҳаммад Авфӣ ас­лан аз тоҷикони Марв буда, дар Бухоро таҳсил намудааст. Муҳаммад Авфӣ дар вақти ҳуҷуми муғулҳо ба Ҳиндустон фирор намуда, дар он ҷо ғайр аз тазкираи номбаршуда асаре бо унвони «Чавоме-ул-ҳикоёт ва лавомe-ур-ривоёт» навишт, ки аз ҳикоятҳои ширин ва афсонаву қиссаҳои аҷиб иборат аст.>>Муфассал

Дигар донишманди илму адаби тоҷиқ ки дар дарборӣ Муҳаммади Хоразмшоҳ хидмат кардааст Муҳаммад Ибни Қайси Розӣ мебошад. Вай низ ҳангоми ҳуҷуми муғул тарки ватан намуда, дар ноҳияҳои ҷанубии Эрони кунунӣ паноҳ бурд ва дар он ҷо соли 1223 доир ба арӯз ва қофия асаре таълиф намуд, ки дар он роҷеъ ба шоирони гузашга ва муосиронаш маълумоти қимматбаҳо дода, аз ашъори онон намунаҳои беҳтаринашонро рӯи варақ овардааст.

Дар асри XIII таърихнависӣ низ ривоҷ ёфта буд. Аз муҳимтарин асарҳои ин соҳа «Табақоти Носирӣ»-ро метавон ном бурд, ки дар соли 1260 аз тарафи Минҳоҷидднни Ҷузҷонӣ ном шахсе аз аҳди Ғӯp таълиф ёфтааст. Дар ин асар таърихи подшоҳони Ҳинд, баъзе воқеаҳои давраи салтанати Ғазнавиён, ҳукмронии муғулҳо ва муборизаи зидди исмоилиён муфассал баён карда шудааст. Асар доир ба таърихи давраи асри миёнаи Ғӯp беҳтарин сарчашмаи таърихӣ ба шумор меравад.

Аз асарҳои таърихии он замон, ки дар бобати таҳқиқ ва омӯзиши таърихи давраи муғулҳо қимати бузурги таърихӣ до­рад асари Алоудднн Атомалики Ҷувайнӣ (ваф. соли 1283) «Таърихи Ҷаҳонкушо» ва асари Фазлуллоҳ Рашидаддин (дар соли 1318 кушта шудааст) «Ҷомеъ-ут-таворих»-ро ном бурдан мумкин аст. «Ҷомеъ-ул-таворих»-ро таърихшиноси маъруфи рус В.В.Бартолд нахустин иқдоми ҷиддӣ дар бобати офаридани «Таърихи умумиҷаҳонӣ»-и асри миёна номидааст.

Яке аз донишмаидони номварӣ асри XIV форсу тоҷик Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314-1384) мебошад. Ӯ зодаи Ҳамадонӣ Эрон буда, дар шаҳри Кӯлоби имрӯза манзили доимӣ қарор додааст. Ақидаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар асари машҳураш «Захират-ул- мулук» гирд оварда шудааст. Ӯ дар ин асари безаволӣ худ бештap дар бораи давлату тарзи давлатдорӣ, бахусус давлати исломӣ сухан рондааст. Асар ҳамчун дастуруламал барои синфҳои ҳукмрон навишта шудааст. Он дар асри XIX ба як қатор забонҳои аврупоӣ низ тарҷума карда шудааст, ки аз аҳамияти бузург доштани ин асар дарак медиҳад.

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳам он тарзи ҳокимиятеро, ки ба ислом ва шариати исломӣ пайравӣ мекунад эътироф мена­мояд. Шохонеро, ки ба раият хайрхоҳ нестанд ва бадкирдоранд ба «халифи иблис» шабоҳат медиҳад.

Мир Саид Алии Ҳамадои ҳокимонро ба 4 гурӯҳи зерин тақсим менамояд:

  1. Ҳокимони соҳиби ақлу заковати худодод;
  2. Ҳокимони бефаросату иблисони замон;
  3. Ҳокимоне, ки майли донишомӯзӣ доранд;
  4. Ҳокимоне, ки раиятро ба роҳи дуруст ҳидоят менамоянд, аммо худ золиманд. Аз нигоҳи мутафаккир барои ин райят низ гунаҳкор аст, зеро онҳо ба ин амалмуросо менамоянд.

Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мусулмононро ба итоати бечуну чарои ҳокими мусулмон даъват намекунад. Зиёда аз ин ба ҳоким шартҳо мегузорад.

Дар асари худ «Захират-ул-мулук» ба инобат гирифтан ва риоя намудани 20 намуди ҳуқуқ ва шакли рафтори одамонро пешниҳод менамояд, ки иҷроиши онҳо низ ба ҳоким ӯ подшоҳ воҷибанд. Ба он масъалаҳои адлу инсоф ва одобу рафтор дохил мешаванд. Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба «муслим» ва «муъмин» низ нигоҳи хоса дорад. Ӯ муслим гуфта шахсеро дар назар дорад, ки аз дасту забони ӯ муслими дигар осеб набинад. Муьмин бошад дар маъное истифода мешуд, ки ба шарофати ӯ бандагони дигар дар осоиштагӣ умр ба cap мебаранд.

Таълимоти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо як қатор хусусиятҳои худ аз афкори мутафаккирони дигари исломӣ фарқ менамояд. Аз ҷумла, шарту шароитҳои подшоҳӣ, ҳуқуқҳои мусулмонон ва ғайраҳо. Ӯ ба мардум ҳуқуқи ба подшоҳ розӣ нашуданро медиҳад. Аксарияти мутафаккирони исломӣ чунин ақидаро рад менамоянд. Дар муносибат бо ғайриислом низ Ҳамадонӣ гузашт дорад.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ (солҳои 1420-1505). Ҳусайн Воизи Кошифӣ яке аз мутафаккирони вирзидаест дар фаҳми воизиву тарғибгарии ахлоқи хамидаи инсонӣ, сиёсату идораи давлат ва ҷомеа. Назари ӯ ба сиёсат ва давлатдорӣ бештар дар асараш «Ахлоқӣ Муҳсинӣ» гирд оварда шудааст.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ сиёсатро воситаи асосии танзими ҳаёти ҷомеа мешуморад

Ӯ аз номи ходимон ва мутафаккирони давраҳои гузашта дар бораи сиёсат ва сиёсатмадорӣ ҳикояҳо оварда, назари худро асоснок менамояд. Мутафаккир подшоҳи одилро кадр мекунад.

Ба андешаи Ҳусайн Воизи Кошифӣ подшоҳӣ хосияти илоҳӣ дорад. Подшоҳ ҳамчун сояи Худо дар рӯи замин ҳисобида мешавад.

Ӯ дар фаҳми адолатнокӣ ба Арасту наздик аст. Арасту адолатнокиро ба сифати хайрияти умум медонист. Ҳусайн Во­изи Кошифӣ низ адолатнокиро воситаи нигоҳ доштани баро­барию мутаносибии байни одамону аҳли ҷомеа меҳисобад.

Агар адлу инсоф дар байни аҳли ҷомеа хукмфармо набошад, ҳар гурӯҳе метавонад дигареро душман бихонад ва бикушад. Дар натиҷа, агap яке аз гурӯҳҳои ҷомеа аз мақоми хеш берун гардад вайронкориву харобкорӣ амали доимӣ меша­вад. Вазифаи адл низ нигоҳ доштани ҳамаи мувозинати байни гурухҳо аст.

Подшоҳи одил бақои мулкро таъмин менамояд ва мамлакатро обод менамояд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ яке аз хислатҳои подшоҳи одил ва адолатнокиро дар қудрат доштан ва авф кар­да тавонистан мебинад:

Авф фармудан муборак хислатест,
Ҳар ки дорад авф соҳибдавлатест.
Дӯст дорад авфро парвардигор,
Oн чӣ Эзид дӯст дорад, дӯст дор.

Масъалаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа дар ашъори Низомии Ганҷавӣ (солҳои 1141-1209) ҷои муҳимро ишғол мена­мояд. Низомӣ орзӯю умеди халқи меҳнаткашро ифода намуда, тартиботи ҷамъиятӣ, маишат ва ахлоқӣ ҷомеаи даврони худро сахт танқид намудааст. Ӯ бар зидди беадолатиҳои иҷтимоӣ баромад менамуд. Низомӣ дар асараш «Иқболнома» дар бораи шаҳрдавлате орзӯ менамояд, ки на ҳокимон дорад, на тобеон, на камбағалон ва на бойю ашрофон. Ҳамаи одамон комилан озоданд ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои якхела доранд.

Илму адаб дар асрҳои XI-XIII


Илму адаби точик дар асри XIII (13) ва миёнахои асри XIV (14), Хофизи Шерози, Убайди Зокони, Чалолиддини Руми, Насриддини Туси, Саъдии Шерози, Амир Хусрави Дехдави, Камоли Хучанди, Мир Саид Алии Хамадони

ҚаблӣФарҳанги халқи тоҷик дар давраи ҳукмронии муғулҳо
БаъдӣОмад баҳору мавсими гулҳо расидааст (ғазал)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед