Фарҳанги халқи тоҷик дар давраи тамаддуни ориёӣ

Дар аввали соли 220 милодӣ ҳокими вилояти Истахр (дар Форс) Ардашери I Бобакони Сосонӣ ҳукмрони тамоми Форс гардид.

Мардуми эронинажод дар давраи ҳукмронии хонадони Сосониён (асрҳои III-VII милодӣ) марказҳои бузурги маданию фарҳангӣ бунёд намуда, аз худ осори бойи динӣ, илмӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ғайра боқӣ гузоштаанд. Дар ин давра тавассути робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ унсурҳои маданияти халқҳои эронӣ, юнонӣ, римӣ, суриягӣ, хитоӣ ва ҳиндӣ бо ҳам омезиш ёфта, инкишоф ёфта аст.

Яке аз сабабҳои асосии омезиш ёфтани маданияту фарҳанги мардуми Шарқу Ғарб ин ба маркази илму фарҳанг табдил ёфтани Эронзамин буд. Дар давраи ҳукмронии Сосони­ён дар шаҳри Тайсафун аввалин Академия бо номи Академияи Гунди Шопур таъсис дода шуда буд, ки асосгузораш шоҳ Шопури аввал буд. Бо таклифу дархости ӯ олимони зиёди гуногунзабон аз марказҳои фарҳангии Шарқу Ғарб ба ин даргоҳи муқаддас ҷамъ оварда шуда буданд.

Ин Академия робитаи фарҳангии мардуми ду минтақаи маданӣ, яъне Шарқу Ғapбpo бо ҳам пайваст менамуд. Дар Ака­демия се факултет – риёзиёт, нуҷум (бо расадхона) ва тиб (бо бемористонаш) фаъолият мекард.

Шоҳ Шопури II табиби насронӣ Теодорусро аз Рим, Канакаи Ҳиндуро аз Ҳиид ва олимону файласуфони дигарро аз Юнон ба ин Академия даъват намуда, барои фаъолияти пурсамари онҳо тамоми шароитҳоро муҳайё намуда буд.

Табиби барҷастаи араб Ҳорис ибни Калда низ аз ин ганҷинаи бузурги илму фарҳанг баҳра бардошта, ба мақому мартабаи бузурге мушарраф гардида буд. Ҳатто паёмбари ислом Муҳаммад (с) муридони бемори худро баҳри табобат ба назди ӯ мефиристоданд. Мутафаккирон Ҷурҷонӣ, Навбохт, Саркаб, Ромтин, Саркаш, Саргис, Гесӯи Навогар, Бомшод, Озодворӣ Ҷангӣ, Борбади Марвазӣ ва дигарон дар давраи Сосониён эҷод ва фаъолият намудаанд. Онҳо оид ба илмҳои риёзӣ, ҳайат, фалсафа, ахлоқ, ҳуқуқ тиб, кимиё, иқтисодиёт, санъати бадеӣ, меъморӣ, мусиқӣ ва ғайра асарҳои гаронбаҳо эҷод намуда, ба пешрафти илму фарҳанг ва санъат саҳми бу­зург гузоштаанд.

Дар пештоқи ин Академия шиори «Донишу ҳикмат аз шамшер ҳам пурзуртар аст» сабт ёфта буд. Дар ин фарҳангистон китобхонаи бузурге бо зиёда аз 300 курсии нишаст бунёд карда шуда буд. Дар он аз тамоми гушаю канорҳои минтақаҳои маданӣ дастовардҳои нодиртарини фарҳангӣ ҷамъ оварда шуда буданд, ки онҳоро устодону толибилмон меомӯхтанд.

Фарҳангисон дар тули зиёда аз 300 сол маркази фарҳангии ҷаҳониён маҳсуб мешуд, вале аз тарафи истилогарони араб сузонида ба хок яксон карда мешавад.

Ёдгориҳои хаттии мардуми ориёӣ дар рӯи сангҳо, навиштаҳою тасвирҳои Кӯҳи Бесутун, деворҳои касрҳо, катибаи Taxти Ҷамшед, навиштаҳо дар пусти ҳайвонот, нусхаи аввалини «Авесто», навиштаҷотҳои қоғазӣ ва ғайра сабт ёфтаанд.

Ин навиштаҷотҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: якум, қайдҳои таърихӣ, ҳуҷатҳо, китобҳои таърихӣ ва илмҳои гуногун; дуюм осорҳои адубии асотирӣ, афсонавӣ, қаҳрамонӣ ва саргузаштҳои динию ошиқона.

Китобҳои қадимтарини мардуми ориёӣ «Авесто», «Наврӯз», «Бундн Ҳишн», «Меҳргон», «Худойнома», «Боғи Ширин», «Пандномаи Анушервон», «Дарахти Асурик», «Дин- кард», «Калила на Димна» на ғайраҳо маҳсуб мешаванд. «Аве­сто» яке аз ёдгориҳои қадимаи халқҳои эронинажод буда, нус­хаи аслии он ба даираи ҳазорсолаи аввали пеш аз милод тааллуқ дорад. «Авесто» дар давраи ҳукмронии Шопури дуюми Сосонӣ дуюмбора навишта шудааст, ки дар он қонун, қоида, ҷаҳонбинӣ, анъаеа ва ҷашнҳои мардуми сабт шудаанд. «Аве­сто», «анастак» маънои асос, дастур, дониш қонун ва ниёишро дорад.

«Авесто» дар асри VII то милод эҷод шудааст ва ватани аслии он Ориёҳо мебошад. Муаллифи «Авесто» пайғомбари маздопарастӣ Иброҳим Зардушт ба шумор меравад. «Авесто» дар болои дувоздаҳ ҳазор пусти хов бо хатти заррии навишта шуда буд. Нусхаи аслии «Авесто»-ро бори аввал Искандари Макдунӣ сузонда нест карда буд. Баъдтар дар замони ҳукмронии Ашкониён дар асри 1-уми милод аз нав барқарор карда шуда, дар замони Сосониёи бо супориши Шопури II пурра аз нав тартиб дода шуд. Сипас, он номи «Занд-Авесто»- ро шрифт. Он мухтасари китобҳои асосии «Авесто» мебошад.

авесто бо забони точики
Авесто

Барои тадқиқи таърихи Ориёҳо ва мамлакатҳои ҳамсоя китоби «Авесто» аҳамияти махсус дорад. Ин китоб асосан маҷмӯи навиштаҷотҳои ақидаҳои Зардушт мебошад. «Авесто» ёдгории бузурги забонию адабӣ, фалсафӣ ва мазҳабӣ буда, он аз 345 ҳазору 700 калима иборат будааст. Дар айни ҳол аз ин китоб ҳамагӣ 23 ҳазор калима боқӣ мондааст, ки аз фаслҳои зерин иборат аст: «Ясно» («Курбонӣ ва ибодат»), дуюм «Яштҳо» (Ситоиш ва хушгуфторӣ»), сеюм «Видевдат» («Қонун ба муқобили девҳо»), чаҳорум «Виспарат» ё «Виспарад» («Ҳама розҳо», «Ҳукмрони мутлақ»).

Муфассал оиди Авесто ->>

Авесто

Дар санъати Эрони Қадим комёбиҳои мадаиии халқҳои Ориёнои таърихӣ, инчунии як қатop халқҳои Шарқи Қадим ва­сеъ истифода шудааст. Геродот қайд карда буд, ки «форсҳо одатҳои бетона) онро бо камоли хоҳиш қабул мекунанд. Онҳо хатто пероҳани модҳоро назар ба либосҳои маҳаллии худ авлотар медонанд, дар ҷанг ҷавшани мисриро ба тан мекашанд». Санъати тасвирии форси бисёр охангҳои қадимии халқҳои Байнаннаҳрайн (Месопотамия)-ро аз худ кардааст. Масалан, санъаткороми Эрони Қадим шоҳро аксар вақт дар образи қаҳрамоне тасвир мекарданд, ки даррандаи афсонавиеро мaтлуб намудааст. Чунин сужет ҳанӯз дар достонҳои Шумери бостон дар бораи шоҳ ва қаҳрамон Гилгамеш тасвири худро ёфта буд ва ин образ дар тамоми Осиёи Пеш паҳн гардида буд. Образи Худои олии форсҳо Аҳуромаздои болдор низ образи Худои олии ошуриён -Аш-Шуриро ба хотир меоварад. Релефҳое, ки деворҳои қасрҳои шоҳони форсро оро медоданд низ аз ҷиҳати сужет, қисман аз рӯи услуби бадеӣ ва техникаи иҷрои худ ба релефҳои давраҳои ошурӣ ва навбобулӣ наздиканд. Санъати меъмории Эрони Қадим (пешайвон, зинаноя, муҷассамаҳои бузург, ки дар даромадгоҳи қасрҳои шоҳӣ дар шакли ҳайвонҳои фантастикӣ гузошта шудааид) аз таъсири меъмороии Байнанаҳрайн (Месопотамия)-и Қадим шаҳодат медиҳанд. Ниҳоят, анъанаи истифодаи васеъи сутунҳоро форсҳо аз мисриён қабул карда буданд.

Вале aз ин ҳаргиз набояд чунин хулоса кард, ки санъати қадими Эрон нусхаи санъати халқлои хамсоя будааст. Бузургии санъаткорнон Эрони Қадим пеш аз ҳама дар он зоҳир мегар­дад, ки онҳо болгарин унсурҳои санъати халқҳои дигарро эҷодкорона истифода кардаанд. Ҳамии муносибати эҷодкорӣ дар санъати меъмории Эрони Қадим равшан зоҳир мегардад, ки намунаҳои онро имрӯз дар тахти Ҷамшед мушоҳида кардан мумкин аст.

Шоҳони Сосонӣ бо мақсади баланд бардоштани шаъну шараф иа шуҳрати давлатдории худ ба инкишофи навъҳои гуногуни санъат, аз ҷумла, наққошӣ, рассомӣ, меъморӣ, мусиқӣ, суруд, шоирӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекарданд.

Муфассал оиди Сосониён ->>

Шоҳаншоҳии Сосониён (224-651)

Ҳанӯз бунёдгузори давлатӣ Сосонӣ – Ардашери Бобакон дар дарбор барои роҳбарӣ кардан ба корҳои санъаткорон ду хуррамбоширо нигоҳ медошт. Яке ба гурӯҳи санъаткорони санъати тасвирӣ, дигаре ба гурӯҳи ҳофизону мусиқичиён ва шоирон роҳбарӣ мекард. Хуррамбошон дар базму шабнишиниҳои дарборӣ интихоби ин ё он мусиқичиву ҳофиз ва мувофиқи хоҳиши шоҳаншоҳ ва ё меҳмонони олиқадри ӯ иҷрои охангу сурудҳои дахлдорро ба роҳ мемонданд. Шоҳони сосонӣ барои дар дарбор нигоҳ доштани навозандагону сурудхонон, оҳангсозону шоирон ва дигар ҳунармандон маблағро дареғ намедоштанд.

Шоҳ Баҳроми Гур барои дарборӣ худ аз Ҳтндустон 400 нафар мусиқинавозон, овозхонон, раққосон, лухтакбозон ва масхарабозонро оварда будааст.

Дар давраи ҳукмронии Хусрави II Парвиз (солҳои 591­629) ромишгарон ва сурудхонон ба се гуруҳ ҷудо шуда буданд ва вобаста ба он ҳар кадом мақоми махсуси худро доштанд. Дар ин чо се навъи созҳои мусиқӣ-зарбӣ, торӣ ва нафасӣ мушоҳида мешуд. Дар байни созҳои зарбӣ даф, дойра, таблак дулул (як навъи таблак), нақора, ҳармӯҳра, чубакзан, нокус, танбӯра (табара), косат, занч, созҳои торӣ – танбӯр, тамбук, ғижжак, барбат, даҳруд, рубоб, канора, занбур, созҳои нафасӣ – най, карнай, аргунон (лабулаби), сургин, сурна, шоҳнай, тан­бур, мусиқор, говдум, сиёҳнай, руитан, шайпур маълум буданд.

Санъаткорони давр Саркаш (арман), Накисо (юнонӣ), Гесӯ Навогар, Саркаб, Ризақ Хушарзy, Бомшод, Роматин, Озодсар ва дигарон дар асарҳои худ анъанаҳои санъати мусиқӣ ва мутрибии ниёгон – Ҳахоманишиёнро идома ва такмил дода, мавқеи мусиқию сурудро дар ҳасти дарбор ва муҳити заҳматкашон қавӣ менамуданд. Онҳо фарҳанги мусиқии сосониро ба зинаҳои нав бардошта, дар рушду ташаккули санъати касбии Оли Сосон хидмати босазое мекарданд.

Асарҳои созӣ ва овозии ин санъаткорон бештар дар мавзӯҳои баҳор, кишту кор, дарав, хосилғундорӣ, динӣ, таърихӣ, асотирӣ, ишкӣ – романтикӣ, қаҳрамонӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ – маънавӣ, тарбиявӣ эҷод мешуданд.

Давраи ҳукмронии Хусрави дуюми Парвизро ибтидои ташаккули мусиқии Аҷам меноманд. Дар ин давра дар Эрони Сосонӣ раванди ба касбҳо ҷудокунии санъагӣ мусиқӣ, меъёрсозии назарияҳои мусиқӣ ва ягонагии услуб ва усулҳои иҷроӣ оғоз ёфта буд. Мусиқичиёни ин давра ба ду гурӯҳи асосӣ – сурудхонону ромишгароии касбӣ, оҳангсозон ва назарияпардозони мусиқӣ ҷудо мешуданд. Маҳз дар ҳамин давра асоси на­зарияи мусиқии на танҳо Эрон, балки тамоми Шарқ гузошта мешавад. Мусиқии Сосониён аз худуди кишвар берун рафта, мавқеи ҷаҳонӣ пайдо карда буд.

Яке аз бузурггарин ромишгарони дарборӣ шоҳаншоҳи Сосонӣ Хусрави II Парвиз мусиқичии гениалӣ, оҳангсоз, мутриб, сурудхон, назариётчӣ ва ислохотчии мусиқӣ, асосгузори жанри мақом, шоир, сарвари санъагкорони дарбор Борбади Марвазӣ буд. Шуҳрати эҷодӣ -ромишгарӣ ва шоирии Борбад ба дарборӣ Хусрави II Парвиз вобаста аст. Дар ин ҷо ӯ ба сифати сарвари мусиқичиёни дарбор (Хуррамбошӣ) 10 ё 20 соли ум­ри худро сарф намуда, дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти маданӣ ва маънавии Сосониён, пешрафти ҳамаҷонибаи санъати мусиқӣ давра ва навъҳои гуногуни он, аз қабили мусиқии созӣ, овозӣ, ҳамсароӣ ва яккахонӣ, ташаккули гурӯҳи махсуси оҳангсозон ва аввалин назариётчиёни мусиқӣ, намудҳои гуногуни раксҳои якка, умумӣ ва ғайра саҳми арзандае гузоштааст.

Борбад аз худ мероси гаронбаҳое гузоштааст. Мероси Борбад вокеан кам нест. Ӯ дар давоми умри на чандон зиёди худ (43-50 сол) 360 суруд, 30 лаҳн ва 7 силсилаи сурудҳои шоҳона бо номи «Хусравонӣ» эҷод кардааст. Борбад дар инкишофи низоми классикии мусиқии мақом дар ҳаёти халқҳои машриқзамин таъсири бағоят калон расонидааст. Анъанаи навозандагӣ ва иҷрои Борбад имрӯз дар мусиқии як қатор халқҳои ҷаҳон – тоҷику форс, ҳинду афғон, гурҷию арман, озару уйғур, узбеку туркман ва ғайраҳо равшан зоҳир мегардад. Бесабаб нест, ки ӯро дар Шарқ на танҳо поягузори мусиқии анъанавии форсу тоҷиқ балки аз чумлаи асосгузорони умуман санъати мусиқии Шарқ медонанд.

АДАБИЁТ. Адабиёти Эрони Бостон яке аз қадимтарин адабиётҳои ҷаҳон асг, ки дороӣ таърихи бой буда, дар давоми беш аз 2500 сод мунтазам рушд карда, анъанаҳои хоси адабии худро ҳифз намудааст.

Дар инкишоф ва ташаккули адабиёти қадими Эрон тамо­ми мардуми эропинажод саҳми арзанда гузоштаанд. Дар инки­шоф ва рушди ин адабиёт маданияти қадимаи халқҳои ҳамсоя – ошуриён, модҳо, эламиён, бобулиён, мисриён ва юнониҳо, ҳамчунин халқҳои Ҳиндустону Арабистон ва Озарбойҷон таъсири амиқ гузошгаанд.

Ёдгориҳои шифоҳии Эрони Бостон, ки ҳанӯз дар давраи ҷамоаи ибтидоӣ эҷод шуда буданд, бештар моҳияти воқеӣ доранд. Ҳофизони қабилаҳо дар қиссаю достонҳои худ асосан анъанаҳои қабиларо васф намуда, дар тасвири образи худоҳо низ муносибати реалии худро нишон медоданд. Дар қиссаҳои онҳо тасвири Худои олӣ дида намешавад.

Аз вақти ба давраи ғуломдорӣ қадам гузоштани қабилаҳои Эронӣ адабиёт низ характери синфӣ пайдо мекунад. Ин хусусиятро бори нахуст дар образи пайғомбар Заратушра (асрҳои VII-VI то милод) дидан мумкин аст. Баъдтар, аз вақти ба тахт омадани сулолаи Ҳахоманишиҳо (солҳои 558-330 то милод) ва ба дини расмӣ табдил ёфтани дини зардуштӣ синфияти адабиёт ба ҳукми қонун медарояд. Аз ҳамин вақт cap карда, ҳофизони қабилавӣ, яъне эҷодкорони халқӣ вазифадор карда мешуданд, ки дар шеъру достонҳои худ шоҳро ба таври махсус қайд карда, аз худоҳо Аҳурамаздоро ҳамчун Худои олӣ ва парастандаи ҳокимияти шоҳӣ васф намоянд.

Аз давраи Сосониён ва баъд ҳофизони мардуми вазифадор буданд, ки шоҳро ҳамчун шоҳаншоҳ ба забон гиранд, дин ва ходимони он (коҳинон)-ро таърифу тавсиф намоянд.

Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки адабиёти Эрони Бостон тадриҷан моҳияти реалии худро гум карда, доираи эҷодиёти ҳофизони халқӣ маҳдуд ва худи онҳо ба хизматгорони табақаҳои болоии ҷамъият табдил ёфта, эҷодиёти онҳо ба ташвиқу тартиби сиёсати расмии давлатӣ ва дини зардуштӣ равона мегардад.

Дар чунин вазъият дар Эрон таълимоти Монӣ паҳн мегардад. Монӣ дар таърихи адабиёти кадими Эрон ҳамчун асосгузори дини нав маълум аст. Монӣ соли 217 дар наздикии Бобулистон (Вавилон) дар оилаи маъруфи эронӣ таваллуд шуда­аст. Ӯ аввал ба Ҳиндустон ва баъдан ба ҷониби Эрон рафта дини нави худро тартиб менамояд.

Асоси таълимоти Мониро эътирофи муборизаи доимии ду мабдаъ – Хайру Шарр ташкил медиҳад. Монӣ вазифаи инсонро дар барқарор намудани Хайр дар зиндагӣ мебинад.

Таълимоти Монӣ ҳарчанд ба таълимоти динҳои зардуштию насронӣ наздикӣ дошта бошад ҳам, вале дар айни замон аз дини зардуштӣ фарқи ҷиддӣ низ дорад. Ин фарқият пеш аз ҳама дар эътирофи баробарии молӣ зоҳир мегардад.

Фаъолияти Монӣ ҳамчун тартиботчии дини нав дар давраи барқароргардии империяи Сосониён (224-651), ки дини зардуштиро ба дини расмии давлатӣ ва такягоҳи худ табдил дода буданд, cap шудааст.

Ҳокимони аввали Сосонӣ, махсусан Шопури I (243-273) ба паҳншавии дини Монӣ мамониат намекарданд. Вале дере нагузашта, вақте онҳо фаҳмиданд, ки таълимоти Монӣ бар зидди мутлақияти шохӣ ва дини зардуштӣ равона шудааст, он гоҳ ба таъқиби Монӣ шуруъ намуданд. Ниҳоят, соли 276 ҳангоми аз мусофират ба Эрон баргаштанаш Монӣ ба даст меафтад ва бо фармони шоҳи Сосонӣ Баҳроми 1 (солҳои 274-276) зиндонӣ карда шуда, баъд ба ҳалокат расонда мешавад. Ҷасади Мониро ба қисмҳо чудо карда, бо мақсади тарсонидани пайравони Монӣ сари ӯро дар шаҳри Гупди – Шопур ба намоиши умум мегузоранд.

Дар таърихи адабиёти қадимаи Эрон бисёр асарҳо ба Монӣ нисбаг дода мешаванд. Аз онҳо то имрӯз дар забони арамей – оромӣ, яъне суриёни ҳафт асари муқаддас донисташуда ва як қатор матнҳои тарғиботӣ-анъанавии таълимоти Монӣ боқӣ мондаанду бас.

Яке аз ин асарҳо «Инҷили Монӣ» мебошад. Китоб аз 22 боб иборат буда, аз он дар забонҳои порсии миёна ва суғдӣ якчанд пораҳо то ба мо омада расидаанд. Китоби дуюми Монӣ «Ганҷи ҳаёт» ва китоби сеюмаш «Китоби асрор» мебошанд.

Асарҳои Монӣ хусусияти энсиклопедӣ доранд. Монӣ кушиш мекард, ки дар асарҳояш тамоми илмҳои замонашро фаро гирад. Монӣ асоси муваффақияти ҳар як фарди ҷомеаро дар меҳнат ва муҳаббат ба он медид. «Дар он ҷое, ки муҳаббат вуҷуд надорад – таъкид мекард Монӣ – тамоми фаъолияти ин­сон номукаммал мемонад».

Дар шеърҳои Монӣ тасвири манзараҳои табиат – тулуъи офтоб, раъду барқ абрҳои осмон, муғчаҳои дарахтон, абри найсон ва ғайраҳо замзама карда шудаанд.

Монӣ мусиқӣ ва санъати тасвириро низ хуб медонист. Бесабаб нест, ки ӯро Монии наққош низ меномиданд. Бо вуҷуди таъқиботи зиёд дини Монӣ дар Осиёи Марказӣ, дар Хитою Фаластин, дар Евронаи Шарқию Ғарбӣ пайравони зиёде пайдо карда буд.

Муфассал оиди Монӣ ва Монавия ->>

МОНАВИЯ

Дар таълимоти Монӣ орзӯҳои деринаи халқи оддӣ ифода ёфтааст. Дар яке аз порчаҳои гимни Монӣ, ки дар сарчашмаҳои Хитоӣ то имрӯз боқӣ мондааст муҳимтарин ҷихатҳои таълимо­ти Монӣ инъикос гардидааст. Дар ин порча омадааст, ки мамлакати рушноӣ кишвари беҳадду канор буда, ҷустуҷӯи аввалу охири он бефовда аст. Дар он ҷо ҳеч гуна ҷабру зулм, эҳтиёҷмандӣ ва камбудӣ дида намешавад. Ҳама озоданд ва ҳар кас мувофики хости худ зиндатӣ мекунад. Махз ана ҳамин ғояҳои Монӣ хукуматдорони сосонӣ ва коҳинони дини задуштиро ба тарсу ваҳм оварда буд. Онҳо дар таълимоти Монӣ даъват ба исён бар зиддӣ мутлақияти шоҳӣ ва зуроварӣ нисбати коҳинонро медиданд.


Фарханги халки точик дар давраи тамаддуни ориёи, Китобхои кадимтарини мардуми ориёи, адабиёти халки точик дар давраи тамаддуни ориёи, фарханг ва тамаддуни точикон, фарханги точикистон, фарханги мони, асархои мони.

ҚаблӣДавраҳо ва марҳилаҳои асосии ташаккули фарҳанг ва тамаддуни халқи рус
БаъдӣГул-гулшукуфии фарҳанги халқи тоҷик дар давраи Сомониён (асрҳои IX-X)