Феълҳои сода, феълхои сода, грамматикаи забони тоҷикӣ.
Феълҳои сода аз ҷиҳати сохти морфологӣ ба шакли холис (бе пешванду пасвандҳои калимасоз) воқеъ мешаванд: хонд, гуфт, рафт, гӯй, рав. Феълҳое, ки танҳо аз як асос иборатанд, феълҳои сода ном доранд: хонд, бурд, сӯхт, кӯфт, хон, бар, сӯз, гӯй, бин, омад.
Машқи 422. Матнро хонед, аз феълҳо асоси замони гузаштаю ҳозираро ҷудо карда нависед.
Подшоҳе ба ҷӯгидухтар дил бохт ва ӯро ба болои занҳояш гирифт. Вале ҷӯгидухтар дар ҷоҳу ҷалоли шоҳона шоду хуррам набуд. Подшоҳ барои асрори ҳазинии ӯро фаҳмидан духтарро дар хона танҳо гузошт ва поид. Ҷӯгидухтар дергоҳ нишаст ва бархоста аз нондон нонро гирифта, ба тоқчаҳо гузошт ва халтаеро ба китф партофта, назди ҳар токчае рафта, “Хайр бикун” мегуфт ва нонро гирифта ба халта меандохт… Подшоҳ сабаби маҳзунии ӯро дарёфта гуфт: “Хӯе, ки бо шир ба тан дарояд, бо ҷон барояд”.
Сорбон
Луғат:
маҳзунӣ –ҳазинӣ, ғамгинӣ
Савол ва супориш
- Ҳикмати дар ҷумлаи охир овардашударо шарҳ диҳед.
- Хайр кардан – ро боз чӣ мегӯянд?
Машқи 423. Порчаҳои шеъриро ифоданок хонед ва феълҳои содаро муайян карда нависед.
Ҳар кӣ айби дигаре дар пеши ту омаду гуфт,
Дон, ки айби туро низ бар дигарон хоҳад гуфт.
Саъдӣ
Торе, ки туро Ватан нахонад, назанам,
Он дил, ки ғами Ватан надонад, шиканам.
Шамъе, ки бари Ватан насӯзад, бикушам,
Чашме, туро Ватан набинад, биканам.
Гулрухсор
Супориш
- Шеърҳоро ба наср баргардонед ва мазмуни онҳоро шарҳ диҳед.
- “Назанам” калимаи сода аст ё сохта, барои чӣ?

















