Таҳлили морфологии феъл

Тахлили морфологии феъл.                                                       


Ман дар ҷавоб бо диққат ба андоми ӯ нигаристам: зоҳиран дар муддати ин се рӯз вай худро хеле гиронда буд. (Ҷ.Акобиров).

Нигаристам – феъли шахси якуми танҳо, замони гузаштаи наздик, сиғаи хабарӣ, намуди мутлақ, феъли сода, ба вазифаи хабар омадааст, таркиби морфологиаш: нигарист (асоси замони гузашта), -ам (бандаки феълии шахси якуми танҳо). Муродифҳояш: нигоҳ кардан, назар кардан, чашм дӯхтан, дида дӯхтан.

Гиронда буд – шахси сеюми танҳо, замони гузаштаи дури сиғаи хабарӣ, тарзи фоилии бевосита, намуди мутлақ, феъли таркибии феълӣ, ба вазифаи хабар  омадааст.


Машқи 431. Порчаҳои шеъриро ифоданок хонда, ба зери масдарҳояш хат кашед ва сохти онҳоро муайян кунед.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кохи бе устод хоҳӣ сохтан,
Ҷоҳилона ҷон бихоҳӣ бохтан.
Ҷалолиддини Румӣ

Айёми зиндагонист нақше бар об рафтан,
Чашме пуроб кардан ҳамчун ҳубоб рафтан.
Таҳқиқи бесуботӣ дигар масал надорад,
Ҳамчун шарар дамидан бо изтироб рафтан.
Аз қомати хамида, меояд ин ишора,
Бигзаштааст ҷавонӣ бояд шитоб рафтан.
Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ

 Луғат:

  • ҳубоб – қуббачаи рӯйи об
  • изтироб – ҳаяҷони сахт, беқарорӣ

Савол ва супориш

  1. Калимаи бесуботӣ кадом ҳиссаи нутқ аст ва он чӣ тавр сохта шудааст?
  2. Маънои калимаи таҳқиқ -ро ба ёд оред.
ҚаблӣКонститутсия – бахтномаи миллат
БаъдӣҚонун раҳнамои зиндагии мо (иншо дар барои конститутсия)