Тазмин (дар адабиёт)

Тазмин дар луғат чизе дар миёни чизе ниҳодан аст.

Дар истилоҳ чунон бошад, ки шоир мисрае ё камтар аз мисрае ё байте ё ду байт ё зиёда аз ду байти шеъри шоири дигареро дар миёни шеъри худ ба ҷойи лоиқи нек ва маҳалли мувофиқ ва сахт муносиб ба таври тамсил ва орият, на ба ваҷҳи сирқа (дуздӣ) ба кор барад.

Ин мисраъ ё байти тазмин бояд, ки машҳур бошад ва ё ишорате ба он бувад, то шунавандаро туҳмат ва шубҳа ба сирқа наафтад. Агар шоири тазминкунанда дар аввал ба таври равшан ишора ба он кунад, ки чизе аз фалонӣ шоир тазмин мекунам ё аз гуфтаи худ, писандидатар аст. Чунонки Ҳофизи Шерозӣ ошкоро гуфтааст, ки ба шеъри Камолиддини Исмоил тазмин кардааст:

Гар боварат намешавад аз банда ин сухан,
Аз гуфтаи Камол далеле биёварам:
“Гар барканам дил аз туву бардорам аз ту меҳр,
Он меҳр бар кӣ афканам, он дил куҷо барам?”

Бадеънигорон бар асоси он ки дар тазмин ишорае ба шоири дигар ё шеъри дигаре шуда ё нашуда, онро ба ду навъ бахш намудаанд: тазмини мусарраҳ ва тазмини мубҳам. Бинобар гуфтаи онҳо, тазмини мусарраҳ он аст, ки дар аснои калом ишорае бошад бар он ки ин шеъри каси дигар аст ва агар зикри он шоир ба сареҳ биёранд, бағоят зебо намояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тазмини мубҳам он аст, ки дар аснои сухан аз шоире, ки шеъри ӯро тазмин кардаанд, ном набаранд. Дар ин навъ шарт он аст, ки шеъре, ки тазмин мекунанд, шуҳрати тамом дошта бошад, то туҳмати сирқа наафтад. Мисол Ҳофизи Шерозӣ мисраи машҳури Саъдии Шерозиро тазмин кардаст, ки нек афтодааст:

Ҳофиз аз ҷаври ту, ҳошо ки бигардонад рӯй,
“Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам”.

Дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ғазали шоирони пешина ва муосирро тазмин кардан дар қолибҳои тарҷеъбанд, мухаммас, мусамман ва монанди он ривоҷи тамом дорад. Чунонки шоирони баъдӣ бар ғазалиёти Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ ва дигарон тазмин зиёд намудаанд.

Бадеънигорон ёдовар шудаанд, ки дар тазмин андак дигаргунӣ дар шеъри тазминшаванда зарар намекунад, чунонки асли мисраи тазминшуда аз байти машҳури Амир Шоҳии Сабзворӣ андак дигар аст:

К-ин бодия ҳамчун ту овора басе дорад;

Аммо ин мисраъ дар байти худи ҳамин шоир дар ин шакл омадааст:

Аз кӯйи бутон, Шоҳӣ, кам ҷӯ раҳи баргаштан
“Кин бодия ҳамчун ӯ саргашта басе дорад”.

ҚаблӣФаромуз ибни Худодод ва китоби «Самаки Айёр»
БаъдӣАнварии Абеварди (зиндагинома)