Тухмдузд – шутурдузд мешавад

Рӯзе тифле чанд дона тухми мурғ аз хонаи ҳамсоя дуздиду ба хонаи худ даромад. Модараш тухмҳоро дар дасти ӯ дид.

Пурсид:

-Инҳоро аз куҷо овардаӣ?

Кӯдак ҳақиқати амрро баён кард. Модараш тухмҳоро аз дасти ӯ гирифт ва ба забони нарму лайин ӯро маломат кард ва ба даст охир ҳам гуфт:

-Мабодо дигар аз ин корҳо накунӣ!

Ва ба ҷои ин ки тухмҳоро ба соҳибаш бозгардонад ва дарси ибрати дигаре ба кӯдаки худ боздиҳад, онҳоро матбах бурду пухт ва ба иттифоқи ӯ хӯрд.

Писарак бар асари мушоҳидаи мулотафати модар ва ширкате, ки бо вай дар хӯрдани тухмҳо намуд, фардо низ чанд адад зиёдтар дуздиду ба хона овард. Модараш боз ба шеваи рӯзи пеш вайро ба нармӣ маломат кард, вале аз гирифтан ва пухтану хӯрдани тухмҳо ҳам дареғ накард. Ва, хулоса, саҳлангории вай сабаб шуд, ки ин рафтори накӯҳида одати сонавии кӯдак гардад ва саранҷоми кораш ба ҷое расид, ки аз гандадуздӣ таҷовуз карда, рӯзе шутуре бидуздид ва иттифоқан кораш барор нагирифт ва ӯро ба маҳкамаи қозӣ кашиданд ва доварӣ хостанд.

Қозӣ пас аз субути тақсираш ба буридани дасти вай амр дод.

Бечора ҷавон, ки ҳеҷ гоҳ чунин рӯзею чунин муҷозотеро барои худ пешбинӣ ва тасаввур намекард ва аз кардаҳои хеш сахт мутанаббеҳу пушаймон шуд ва фарёд баровард: -Айюҳал қозӣ, агар мехоҳӣ ба инсоф доварӣ кунӣ, амр кун, то дасти модарамро бибуранд, чаро ки ман бегуноҳам ва «Поёни тухмдуздӣ шутурдуздӣ мешавад».

Қозӣ тавзеҳ хост ва ҷавон сидқи матлабро, ҳамчунон ки буд, баён кард. Қозиро дил ба ҳоли вай сӯхт ва ӯро тавба дод.

Аз «Достонҳои амсол»

Луғат:

  • лайин – нарм, мулоим
  • матбах – ошхона
  • мулотафат -лутфу марҳамат, шавқату навозиш
  • накӯҳидан – таъна кардан, сарзаниш кардан
  • таҷовуз кардан –аз ҳадди худ гузаштан
  • субути тақсир – муайян кардани айбу нуқсон
  • муҷозот – ҷазодиҳӣ
  • мутанаббеҳ – огоҳ, ҳушёр
  • айюҳал қозӣ – эй қозӣ

Савол ва супоришҳо

  1. Муродифҳои феъли баён кардан – ро гӯед.
  2. Шумо ба моҳияту мазмуни тавба кардан сарфаҳм меравед?
  3. Матни болоро аввал муфассал нақл кунед, баъд мухтасар нависед.

Машқи 433. Аз рӯйи матни боло ба тарзи сохтани нақшаи мураккаби матн диққат диҳед.

  1. Сабаб ва оқибатҳои дуздшавии писар:

а) бори аввал даст ба дуздӣ задани ӯ.
б) ӯро сарзаниш накардани модар.
в) шутурдузд шудани тухмдузд.

  1. Ба маҳкама кашидани ҷавон:

а) фармони қозӣ бобати дуздии ӯ.
б) пушаймонӣ зоҳир кардани писар.
в) ӯро тавба додани қозӣ.

Супориш: Шумо ҳам дар хона аз рӯйи ягон нақл нақшаи мукаммал тартиб диҳед.

ҚаблӣТаҳлили морфологии феъл
БаъдӣТипи нармбаданҳо (зоология)