Феълҳои таркибӣ. Феълҳои таркибии феълӣ. Феълҳои таркибии номӣ

Феълҳои таркибӣ. Феълҳои таркибии феълӣ. Феълҳои таркибии номӣ. Феълхои таркиби. Феълхои таркибии феъли. Феълхои таркибии номи.


Феълҳои таркибӣ

Феълҳои таркибӣ аз рӯйи ифода ду хел мешаванд: феълҳои таркибии номӣ ва феълҳои таркибии феълӣ.


Феълҳои таркибии феълӣ

Ҷузъҳои феълҳои таркибии феълӣ аз як феъли асосӣ ва як ё якчанд феъли ёридиҳанда иборат буда, ҳамчун як таркиб ба ҳисоб гирифта мешаванд: хондан гирифт, хоҳад хонд, хонда истодааст, хонда истодан гирифт, хонда истода буд.

Феъли асосӣ (хонда) маънои луғавӣ ва ду феъли пас аз он омада маъноҳои грамматикӣ доранд: истода ба амали бардавом ва буд ба замони гузаштаи дур далолат мекунад.


Машқи 426. Дар ҷумлаҳои зерин ба сохту таркиб ва маънои феълҳо диққат диҳед.

1.Гӯё ин масъала ба онҳо ҳеҷ дахл надорад, гап дар бораи корхонаи худашон не, балки кадом як муассисаи бегона рафта истодааст. 2.Магар сухан ҷойи холи модарро дар дил пур мекунад? Ҳаргиз не. Бузургии модарро фақат бо сукути гарону андешаҳои амиқ метавон дарёфт. 3.Ӯ ҳанӯз ба тангнои охирини дара, ки дар пушти тахтасанги калоне воқӯеъ буд, нарасида, аз ғояти ҳайрат карахт шуда монд.

Б.Абдураҳмонов

Машқи 427. Феълҳои таркибии ҷумлаҳоро муайян кунед.

1.Яке аз ҷавонҳои мо аз китфаш сахт лат хӯрда, маъюб шуд, чанд моҳ дар табобатхона хоб карда баромад. (Ф. Муҳаммадиев) 2.Духтарча овози ӯро шунида, аз гиря бозистод ва хӯсида-хӯсида ба Давлат нигоҳ кардан гирифт. (Р.Ҷалил) 3. Ҳа, табиати мамлакати мо ба ҳадде зебо шудааст, ки кас аз тамошои он чашм канда наметавонад. (А. Деҳотӣ) 4.Саид Паҳлавон яке аз ҳамин хел деҳқонҳои ҳунарманд ва пурдон ба шумор мерафт. (Ҷ.Икромӣ). 5. Саид Амон медонист, ки мутриб имрӯз ҳам, фардо ҳам дар «боми деҳа» нишаста, он асбоби сеҳрноки худро хоҳад навохт (Ф. Муҳаммадиев) 6.Ӯ ин игуна ҳикояҳоро бо боварии тамом нақл мекард ва мепиндошт, ки ман ҳам тамоман бовар карда истодам. (С.Айнӣ)


Феълҳои таркибии номӣ

Феълҳои таркибии номӣ аз ҳиссаҳои номии нутқ ва феълҳои ёридиҳанда сохта мешаванд: кор кардан, ҷавоб гардондан, чарх задан, сиҳат шудан, хунук хӯрдан, умр ба сар бурдан, ба анҷом расидан.

Ҷузъи номии чунин феълҳо исм, сифат, ибораҳои номӣ, шумора, зарф ва ҷузъи дуюми феълҳои таркибии феълӣ аз феълҳои ёридиҳанда (кардан, шудан, намудан, гардондан, сохтан, хӯрдан, кашидан…) иборатанд: озод кардан (шудан), ҳозир шудан, чашм дӯхтан, тоб хӯрдан, омода сохтан.


Машқи 428. Хонед. Феълҳои ишоратшударо нависед ва сохту таркиби онҳоро шарҳ диҳед.

Кабӯтар номи парандаест. Номи ин паранда ба ранги кабуд доштани он ишора дорад (дар забони русӣ голубь ва голубойро муқоиса кунед). Дарк намудани этимологияи ин калимаи сохта чандон душвор набошад ҳам, касро ба андеша водор менамояд. Чунки кабӯтарони ҳозира (ман кабӯтарони хонагиро дар назар дорам) гуногунранганд.

кабутар расм, кафтар, колубь картинка

Дар ин маврид бояд ба ҳисоб гирифт, ки қисме аз кабӯтарон баъд аз хонагӣ ва дастпарвару ром гардиданашон шаклу хислатҳои рангоранг пайдо кардаанд. Кабӯтарони ваҳшӣ кабудранганд.

Парандаи мазкурро дар забони тоҷикӣ, махсусан дар лаҳҷаҳои ҷудогонаи он кафтар ҳам меноманд. Кафтар инкишофи фонетикӣ ва мухаффафи ҳамон кабӯтар аст.

    Абдураҳмон Бухоризода 

Луғат:

  • мухаффаф – сабуккардашуда, кӯтоҳкардашуда
  • этимология – як соҳаи илми забон буда, таърихи баромади калимаҳоро барқарор мекунад

Машқи 429. Матнро хонед, феълҳои таркибии номиро нависед ва гӯед, ки маъноҳои шахсу шумора ва замонро кадом ҷузъҳо ифода кардаанд.

Чистон маҳсули ақлу заковат, ҷаҳонбинӣ, донишу фазилат ва завқу салиқаи халқ аст. Ин жанри қадимӣ ва машҳури фолклор аз нутқи маҷозӣ ва мафҳуми иҷтимоӣ то ба як намуди дилкаш ва шавқангези санъати сухан роҳи дуру дарози тараққиётро тай кардааст. Чунончи, шахси хушзавқе фармудааст:

Таҳ санг, рӯ санг,
Миёна уқоби тезчанг.

Ва ё:

Об дар об чӣ бошад?
Ҳавзи гулоб чӣ бошад?
Оташ расад, ях кунад,
Ӯро ҷавоб чӣ бошад?

Ин чистонҳо зоҳиран сода ва осон намоянд ҳам, кашфи асрори ниҳони онҳо донишу маҳорат ва зеҳну таҷрибаи муайянеро тақозо менамоянд. Ҳар касе ки ин предметҳои ҷондор ва беҷонро дида, сифат ва хосияти онҳоро санҷида ва равшан мушоҳида карда бошад, ҷавоби мафҳумоти сарпечро аниқ муайян менамояд. Ташбеҳоти мувофиқ ва муносиб сифату хосиятҳои сангпушт ва тухмро равшану диққатангез сохтаанд. Шунаванда ба фикр фурӯ меравад, аломат ва сифатҳои гуногуни сангпушт ва тухмро ба ҳам муқоиса мекунад, дониш ва мушоҳидаи худро ба кор мебарад ва шабоҳати баъзе узвҳои сангпушт ва уқобро ба хотир меорад.

Дар акси ҳол муайян сохтани ҳусни матлаб маҳол аст.

Асадулло Сӯфиев

Савол ва супориш

  1. Калимаи чистон – ро ба ҳиссаҳои маънодор ҷудо карда, сохти онро муайян кунед.
  2. Матн хоси кадом услуби нутқ аст?

Сохти феълҳо

ҚаблӣФеълҳои сохта (феълхои сохта, забони тоҷикӣ)
БаъдӣТаҳлили морфологии феъл