Хоконии Шарвони (зиндагиномаи Хоқонии Шарвонӣ)

Ҳаёт ва фаъолияти Хоқонии Шарвонӣ. Хоконии Шарвони биография на таджикском языке. Хаёт ва фаъолияти шоир Хокони Шарвони


Хоқонии Шарвонӣ (тахминан 1126 – 1198). Ҳеч шоире ба монанди Хоқонии Шарвонӣ дар фахри худ зиёд сухан нагуфтааст ва зиёдаравӣ ҳам накардааст. Чунончи:

Нест иқлими суханро беҳтар аз ман подшоҳ,
Дар ҷаҳон мулки сухан рондан мусаллам шуд маро.

***

Ман дар сухан азизи ҷаҳонам ба Шарқу Ғарб,
К-аз Шарқу Ғарб номи суханвар накутар аст.

***

Сухан гуфтан ба кӣ хатм аст, медонию мепурсӣ,
Фалакро бин, ки мегӯяд: “Ба Хоқонӣ, ба Хоқонӣ”.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

***

Шоири муфлиқ манам, хони маонӣ марост,
Резахури хони ман Унсурию Рӯдакӣ.

”Ҷаҳон” ва “Шарқу Ғарбе”, ки Хоқонӣ мегӯяд, ба маънии қаламрави забони форсии тоҷикӣ ва тарафҳои олам аст, на ба мафҳуми имрӯзаи ҷуғрофӣ ва сиёсии онҳо. Дигар ин ки ҳаргиз сухан гуфтан ба Хоқонӣ хатм нашуда буд. Баъдан, Рӯдакию Унсуриро резахӯри хони худ хондани ӯ камоли беинсофӣ мебошад. Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола” ба куллӣ дуруст гуфтааст, ки ин суханон дар ҳаққи соҳибқирони шоирон Рӯдакӣ аз ҷоҳилию кӯдакист. Ин фахри беҳуда ва муболиғаомез аз шеъру шоирии худ беш аз ҳама ба шоирони мадеҳасарои дарбор хос аст ва нишонаи хусумат ва рақобати онҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи мамдӯҳ ва ситондани молу зари бештар аз вай мебошад. Дар бораи хусумату рақобати Хоқонӣ бо бисёре аз шоирони замонааш, аз ҷумла бо Рашиди Ватвот ва ҳатто бо устодаш Абулъалои Ганҷавӣ, сухан зиёд аст.

Хоқонӣ шахси худписанд ва мағрур буд. Бо ин ҳама аз рӯйи инсоф бояд гуфт, ки ӯ яке аз шоирони ҳунарманди ҳавзаи адабии моварои Қафқоз (Табрез, Мароға, Ганҷа ва ғ.) буда, тахминан дар соли 1126 дар Шарвон таваллуд шуда, дар соли 1198 дар Табрез аз олам гузаштааст. Низомии Ганҷавӣ марсияи ҷонгудозе дар марги шоир суруда будааст, ки як байти он чунин мебошад:

Ҳамегуфтам, ки Хоқонӣ дареғогӯйи ман бошад,
Дареғо, ман шудам охир дареғогӯйи Хоқонӣ.

Хоқониро падари мискинаш аз ҷаври айём дар хурдӣ ба амакаш месупорад, бинобар ин ӯ кӯдакӣ ва ҷавониашро дар тарбияти амакаш, ки яке аз донишмандони замонааш будааст, мегузаронад ва аз вай илмҳои сарфу наҳв, фалсафа, риёзиёт ва нуҷумро меомӯзад. Аз ин хусус худи шоир чунин гувоҳӣ додааст:

Мискин падарам зи ҷаври айём
 Афканд маро чу Золро Сом. 

Симурғ намуд ӯ чу дарҳол
Дар зери парам гирифт чун Зол.

Оварда ба кӯҳи Қофи дониш,
Парварда маро ба ошёнаш.

Хоқонӣ шеъру шоириро аз шоири номдори ҳавзаи моварои Қафқоз Абулъалои Ганҷавӣ омӯхта, баъдан ба воситаи вай ба хидмати дарбори Шарвоншоҳиён медарояд. Барои раҳоӣ ёфтан аз муҳити пур аз биму хатари дарбор ва аз дасти ҳасудони бадгӯяш аввал ихтиёри сафари Хуросон мекунад, вале ӯро нагузоштаанд.

Чӣ сабаб сӯйи Хуросон шуданам нагзоранд?
Андалебам, ба гулистон шуданам нагзоранд?

Нест бустони Хуросонро чун ман мурғе,
Мурғам, овах, суйи бустон шуданам нагзоранд…

Аз хурӯсони Хуросон чу мане нест, чӣ суд,
Ки гаҳи субҳ хурӯшон шуданам нагзоранд…

Дарди дил дораму дармон-ш Хуросон, зи сарон
Чун сазад, к-аз пайи дармон шуданам нагзоранд…

Фитна аз ман чӣ нависад, ки маро донишу дин
Ду рақибанд, ки фаттон шуданам нагзоранд.

Тарси ҷоҳу ғами ҷон дораму з-ин ҳар ду сабаб
Ба Хуросон суйи ихвон шуданам нагзоранд.

Бинобар ин ӯ ба Ироқ рафтааст. Вале пас аз бозгаштан аз сафар зиндонӣ шудааст ва ҳабсиёти машҳурашро навиштааст.

Шоир дар ниҳоят ба хулосае омадааст, ки бояд аз мидҳати шоҳон канор биравад, то аз миёни мавҷи дарёи сиёсат берун равад ва аз биму бало халос шавад.

Хоқониё, зи мидҳати шоҳон карон талаб,
То аз миёни мавҷи сиёсат бурун шавӣ.


Мероси шоир Ҳоқонии Шарвонӣ. Қасидаи “Харобаҳои Мадоин”

Маснавии “Туҳфат-ул-Ироқайн”-и Ҳоқонии Шарвонӣ

ҚаблӣКитоби Методикаи таълими информатика, А. Назаров
БаъдӣМероси шоир Ҳоқонии Шарвонӣ. Касидаи “Харобахои Мадоин”