Маснавии “Туҳфат-ул-Ироқайн”-и Ҳоқонии Шарвонӣ

Маснавии “Тухфат-ул-Ирокайн”-и Хоконии Шарвони.


Хоқонии Шарвонӣ асосан гӯяндаи шеърҳои ғиноӣ буда, танҳо як маснавӣ эҷод намудааст бо номи “Туҳфат-ул-Ироқайн”, ки сафарномаи манзуми ӯ аз таассуроти сафараш ба шаҳрҳои Макка, Мадина, Мосул ва Бағдод мебошад. Дар он тасвири шаҳрҳо, касбу кори аҳли онҳо, суҳбатҳои шоир бо одамони маъруфи он шаҳрҳо дарҷ гардидаанд.

“Туҳфат-ул-Ироқайн” аз шаш мақола ва хотима иборат буда, ҳар мақолаи он бо тасвири баромадани офтоб ва хитоб ба он сар мешавад. Чунончи, Хоқонӣ дар яке аз он мақолаҳо, ки бо хитоб ба офтоб оғоз мегардад, аз ҳоли худ изҳори назар намудааст ва гила кардааст, ки офтоб бо он ки дояи меҳрубон ва маъшуқаи ройгони ҳар кас аст, ба равзани ӯ ва ғурфаи чашмаш, ки монандаи ҳалқаи дар ноланда зи дасткӯби ҳар кас ва оҳаш ҳалқа-ҳалқа бар дар аст, наметобад.

Эй дояи меҳрубони ҳар кас,
Маъшуқаи ройгони ҳар кас…

Он нур, ки бедареғ борӣ,
Аз дидаи ман дареғ дорӣ…

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

На ҳамнафасе нафаскушоям,
На хушсухане ҳавасзудоям…

Монандаи ҳалқаи дарам бас
Ноланда зи дасткӯби ҳар кас…

Ҳаққо, ки манам чу ҳалқа бар дар,
Оҳам шуда ҳалқа-ҳалқа дар бар…

Бар равзани ман натобӣ аз хашм,
На дар дили ман зи ғурфаи чашм.

Майли ту ба равзанам чаро нест?
Дар равзанам охир аждаҳо нест!

”Туҳфат-ул-Ироқайн” ҳамчун як сарчашмаи боэътимод барои омӯхтани таърихи шаҳрҳо, касбу кори сокинонашон, ҳаёти илмӣ ва адабии давр ва зиндагиномаи худи шоир арзиши адабӣ ва илмӣ дорад.

Хоқонии Шарвонӣ дар чанд ҷойи шеъраш ишора ба он намудааст, ки ӯ дар гӯяндагӣ шеваи тоза ва тариқи ғариб дорад:

Мунсифон устод донандам, ки аз маънию лафз
Шеваи тоза, на расми бостон овардаам.

***

Ҳаст тариқи ғариб, ин ки ман овардаам,
Аҳли суханро сазад гуфтаи ман пешво.

Баъзеҳо гумон кардаанд, ки он “шеваи тоза” ва “тариқи ғариб”-и Хоқонӣ ҳамон сабки ироқист, ки дар адабиёти форсии тоҷикӣ маъмул буд. Аммо аз мутолиа ва баррасии беҳтарин намунаҳои мероси шоир равшан бармеояд, ки ӯ давомдиҳандаи ҳамон “расми бостон” – суннатҳои адабии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, хосса Носири Хусрав ва Анварии Абевардӣ дар қасидасароӣ мебошад. Кӯшишҳои ӯ барои гуфтани шеър бо қофияву радифҳои ноёб, истифодаи санъатҳои бадеии лафзие, монанди илтизом, бо ду-се матлаъ, нуктапардозиҳо, истеъмоли луғат ва таркибҳои хос, сохтани таркибу ибораҳои гуногун аз калимаҳои ноёб ва камистеъмол, истифодаи истилоҳоти илмҳои гуногун ва ғ. ҷуз нишонаи ҳунарнамоӣ ва худнамоӣ чизе нест.


Зиндагиномаи шоирро инҷо бубинед << 

Мероси шоир Ҳоқонии Шарвонӣ. Қасидаи “Харобаҳои Мадоин”

ҚаблӣМероси шоир Ҳоқонии Шарвонӣ. Касидаи “Харобахои Мадоин”
БаъдӣМаърифати рӯзгордорӣ ва нигоҳдории манзил