Донӣ, ки чист давлат? (ғазали Ҳофиз)

Донӣ, ки чист давлат? – Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ расидан.
Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил тавон буридан.

Хоҳам шудан ба бӯстон чун ғунча бо дили танг,
В-он ҷо ба некномӣ пироҳане даридан.

Гаҳ чун насим бо гул рози нуҳуфта1 гуфтан,
Гаҳ сирри ишқбозӣ аз булбулон шунидан…
Фурсат шумор суҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил,
Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан.
Гӯйӣ бирафт Ҳофиз аз ёди шоҳ Яҳё,
Ё раб, ба ёдаш овар, дарвеш парваридан2!


Луғат

Давоми матн пас аз блоки реклама
  1. Нуҳуфта – пинҳон, пӯшида.
  2. Дарвеш парваридан – ба бечорагон мададгор будан.

Феҳристи ғазалҳо аз Ҳофизи Шерозӣ инҷо<<

Киштинишастагонем (ғазали Хофиз)


Дони ки чист давлат, газалиёти Хофиз, газалхо аз Хофизи Шерози бо забони точики.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед