Шеърхо дар бораи шаби Кадр (лайлатуль кадр)

Шеър дар васфи шаби Кадр (лайлатуль кадр), шаби Лайлатул қадр шеърҳо аз сомонаи www.DONISHJU.net

Шаби лайлатуль кадр

Шаби қадрат муборак бошад, эй дӯст,
Рухат бадри таборак бошад, эй дӯст!
Дуоят мустаҷобу файзи раҳмат,
Равон бар ҷисму ҷонат бошад, эй дӯст!

* * *

Файзи қадами баҳор дорад шаби қадр,
Бас муждаи хушгувор дорад шаби қадр!
Якро бадал оварад ҳазорон подош,
Шаҳҷоиза сад ҳазор дорад шаби қадр!

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

* * *

Он кас ба Худо умед дорад шаби қадр,
Ойинаи дил сафед дорад шаби қадр!
Дар тоати Ҳақ ба ҷон бикӯшад, зеро,
Иззу шарафу навид дорад, шаби қадр!

* * *

Шаби қадру бароотат муборак,
Намозу зикру тоотат муборак!!!
Умеди раҳмату афви гуноҳон,
Қабули ҷумла ҳоҷотат муборак!!!

Иброҳими НАҚҚОШ

ҚаблӣМуқаддима – Китоби Таърихи умумӣ синфи 5
БаъдӣАсри санг. Ҳаёти одамони қадимтарин. Одамони ибтидоӣ