Фактҳои ҷолиб дар бораи КУДАКОН

Фактҳои ҷолиб дар бораи КУДАКОН. Чанд нуктаи ҷолиб дар бораи кӯдакон

Дар охири якмоҳагӣ кӯдак овозҳои норавшан, ба монанди «а», «и»-ро талаффуз мекунад.

Дар думоҳагӣ, аллакай ҳангоми муносибат табассум менамояд. Ширингуфторӣ карда, «ихи», «икхи», «иги» мегӯяд.

Семоҳагӣ айёмест, ки кӯдак садоҳои гуногун мебарорад. Дар чормоҳагӣ ханда карда, ҳангоми муносибат ғур – ғуркунон, овози ба худ хос мебарорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар панҷмоҳагӣ бошад, тифл худ ба худ гап заданро сар мекунад. Дар шашмоҳагӣ гапҳои беробита пайдо мешавад.

Дар ҳафтмоҳагӣ кӯдак суханро дарк карда, барои нишон додани ашё сарашро ба он сӯ тоб медиҳад. Дар ҳаштмоҳагӣ такроркунии пайиҳамии ҳиҷоҳои «ба-ба», «ма-ма»… Дар ин давра кӯдак тақлиди овозҳоро аз худ мекунад. Пичир-пичир карда, гап ҳам мезанад.

Дар нуҳмоҳагӣ тариқи имову ишора муоширатро ёд гирифта, бозӣ карданро меомӯзад. Дар даҳмоҳагӣ калимаҳои «оча», «дада»-ро озодона мегӯяд ва дигар калимаҳоро аз забони калонсолон такрор мекунад.

Дар ёздаҳмоҳагӣ суханҳои маънидор мегӯяд. Дар яксолагӣ дастурҳои одии «мошинчаро биёр», «лухтакчаро ба очаат деҳ»-ро дарк мекунад.

Дар яку нимсолагӣ захираи луғавии кӯдак 7-20 калимаро фаро мегирад. Ҳамроҳи калонсолон сурудҳои кӯдаконаро хонда, калимаҳои шиносро такрор мекунад. Дар дусолагӣ захираи луғавиаш наздики 50 калимаро ташкил дода, маънии 100 – 300 калимаро мефаҳмад. Пайдо шудани ибораҳо аз ду калима ба назар мерасад ва номи худро дар вақти суҳбат истифода мебарад.

Дар сесолагӣ захираи луғавиаш ба беш аз 250 калима мерасад. Бо ҷумлаҳои аз 3 ва зиёда калимадор суҳбат мекунад. Исм ва феълҳои зиёдро такрор намуда, ном ва ҷинси худро ба забон меорад.


Таҳияи У.АЛӢ

ҚаблӣШеъри “Точмахал”-и Мирзо Турсунзода
БаъдӣШохмансур, ки ба номаш дар Душанбе нохия аст, ки буд?