Хусусиятхои муҳими психика ва шуур. Инъикос

Хусусиятхои муҳими психика ва шуур. Инъикос. Дар заминаи андешаи моддигароёна шуур ҳамчун ягонагии равандҳои психикие, ки фаъолона дар дарки инсон аз олами объективи ва ҳастии шахсияш иштирок менамоянд, зоҳир мегардад. Бинобар ҳамин мундариҷаи он иборат аз тафаккур, эхсосот, тасаввурот, ирода, таҳайюлот ва ғайра мебошад. Ҳарчанд баъзе аз мавҷудоти дигари зинда низ дорои аносири муайяни хос ба шуур, масалан ҳисси буёи, фарккунии ранг мебошанд, вале дар шакли инкишофёфтаи худ ин воқеиятҳо сифатҳои хоси инсон мебошанд ва бидуни ҳастии у вуҷуд надоранд. Аз шарҳи ин воқеиятҳо метавон чунин натиҷа гирифт, ки табиат на танҳо қабл аз инсон, балкӣ қабл аз ҳамаи мавҷудоти зинда мустақил аз шуур вуҷуд доштааст. Табиат воқеияти муқаддам аст ва шуур наметавонад пеш аз табиат вуҷуд дошта бошад. Ин казоват таъқид месозад, ки шуур наметавонад бидуни модда вуҷуд дошта бошад, вале ҳар модда қодир ба андешидан, ҳис кардан, тасаввур намудан нест. На танҳо намунаҳои табиати беҷон, балки бештари намунаҳои олами зинда ҳам аз доштани чунин қобилият маҳруманд.

Дар робита бо ин илми муосир собит менамояд, ки табиати зинда маҳсули табиати ғайризинда аст. Ин яке аз натиҷагириҳои муҳими равиши моддигаройӣ ба шумор меравад. Идеалистҳо байни табиати зинда ва ғайризинда ҳеч гуна алоқамандиро таъқид намекунанд. Ба андешаи онҳо ашёи ҷондор ва беҷон ба таври бунёдӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Мавҷудоти зинда бар хилофи мавҷудоти ғайризинда тағйир ёфта, рушд намуда  ва аз як шакл ба шакли дигар мегузарад. Дар ин ҷараён организмҳои зинда маҳсули «неруи ҳаёти»и хосе мебошанд ва ин «неруи ҳаётӣ» муайянкунандаи тамойизи байни мавҷудоти зинда ва ғайризинда аст. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки воқеан ҳам организми зинда аз табиати ғайризинда мутамойиз аст, вале дар айни ҳол байни онҳо алоқамандии ҷудонопазир вуҷуд дорад. Дар организми зинда ҳеч унсуре пайдо намешавад, ки дар табиати ғайризинда набошад. Илм бо натиҷагири аз ин воқеиятҳо собит мекунад, ки моддаи зинда маҳсули моддаи ғайризинда аст. Вале пайдоиши хҳёт дар руи замин ҳанӯз ба маънои пуррааш пайдоиши шуур нест, зеро бо зуҳури ҳаёт танҳо имкони заминаҳои пайдоиши шуур муҳайё гардидааст.

Пайдоиши шуур бо инкишофи нимкураи чапи мағзи сари инсон пайванди ногусастанӣ дорад. Ташаккули ин қисматҳои мағзи сар маҳсули таҳаввули басе тулонӣ буда, дар натиҷаи он силсилаи асабҳо рушд ёфта, фаъолияти он мураккаб гардидааст. Бо пайдоиши мағзи сари инсон, инкишофи рефлексии самтшиносӣ, ки имконияти аз ҳудуди талаботи биологӣ берун омадани инсонро фароҳам меорад, ба амал меояд. Барои дарки заминаи биологии ташаккули шуур аслан таваҷҷӯҳи асосӣ ба шинохти падидаи инъикос нигаронида мешавад. Дар мавриди низомҳои биологӣ инъикос ҳамчун қобилияти ба ин ва ё он таъсири ҳаётан муҳим ҷавоб додани созвора(организм) буда, бо ҳамин он аз навъи инъкоси дар олами ғайриорганикӣ мушоҳадашаванда фарқ мекунад. Навъи соддатарини инъикос дар олами низомҳои биологӣ мутаассиршавӣ мебошад. Мутаассиршавӣ воситаи махсуси мубодила ва ба муҳит мутобиқ шудани созвора аст. Дар зинаи мутаассиршавӣ инъикос хусусияти фаъол ва интихобӣ пайдо мекунад. Бе мутаассиршавӣ дар байни созвора ва муҳит ягон навъи робита барқарор намегардад. Ба мутаассиршавӣ «инъикоси пеш аз вуқуъ» хос буда, дар заминаи он созвора имконияти пешакӣ омода шудан ба тағийироту дигаргуниҳои муҳит пайдо мекунад. Дигаргунии дар ин маврид дар рафтори созвора мушоҳидашаванда бевосита ба таъсири муҳити атроф вобастагӣ дорад ва он марбут ба созвораҳои соддаи орӣ аз системи марказии асаб аст. Ҷавоби организм ба муҳит бо мурури мураккабшавии сохтору системаи марказии асаб ва ғунҷоиши ахборотии он ғанитар мегардад. Дараҷаи баландтару мукаммалтари инъикосе, ки дар ин маврид зоҳир мешавад ҳамчун инъкоси психикӣ ном бурда мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣФалсафаи шуур. Масъалаи шуур дар фалсафа
БаъдӣТабиати иҷтимоии шуур