Нигоҳубини рӯй. Гигиенаи духтарон

Нигохубини руй. Гигиенаи духтарон.


Барои нигоҳубин ва тозагии рӯй ба истифодаи косметика аҳамият додан лозим аст.

Косметика калимаи юнонӣ буда, маънояш санъати ороиш, яъне воситаю усулҳои нигоҳубини пӯст ва ҳуснороии одам аст. Дар замонҳои қадим мисриён, римиҳо ва арабҳо рухсора, мижа, болои чашмонро ранг ва мӯяшонро фатила карда, аз равғанҳои хушбӯйи наботию ҳайвонӣ, равғани эфир, қатрон, рангҳои гуногун ва ғайра истифода мебурданд.

Пӯсти инсон одатан организмро аз таъсири гуногуни муҳити беруна муҳофизат мекунад.

Таркиби пӯст мустаҳкам, чандир буда, вобаста ба синну сол, ҳолати организм ва таъсири шароити беруна тағйир меёбад. Пӯсти муътадил нисбат ба пӯсти хушк ё равғанӣ нигоҳубини камтар мехоҳад.

Шустушӯйи пагоҳӣ на фақат пӯст, балки тамоми организмро бардам карда, қобилияти кориро зиёд менамояд. Оби хунук пӯстро ботаровату солим мегардонад. Оби гарм пӯстро нағз тоза карда, равғанашро мебарад, вале рагҳоро васеъ, пӯстро пажмурда мекунад. Бинобар ин бо оби ҳарораташ хонагӣ шустушӯй бояд кард.

Рӯйро паёпай бо оби гарму хунук шустан мумкин аст.

Дар сармо ба рӯй равғани бенамаку доғкарда ва полидаи полонидаи чорво ё ғозро молида, берун баромадан лозим аст. Крем ва вазелин молидан ҷоиз нест.

Ба лабҳои шамолхӯрда асал молида, баъди 20 дақиқа тоза мекунанд ё лабсурхкунаки гигиенӣ мемоланд.

Намудҳои ниқоб
Намудҳои ниқоб

Маслиҳати кадбону

Асалро ҳамчун косметикаи шифобахш барои пӯсти рӯй истифода мебаранд. Он ба рӯй ҷило ва нармӣ медиҳад. Барои ин чунин дастурамал (ретсепт) лозим аст. Ба зардии тухми латзада як қошуқча асалро ва ҳамон миқдор глитсеринро омехта, ба рӯй тунук молида, баъд аз 10 – 15 дақиқа бо оби гарм шуста, камтар упо (пудра) мемоланд.

Агар ба об камтар асал омехта карда, рӯйро шӯед, пӯсти рӯйро латиф, суфта ва зебо мегардонад.

ҚаблӣДӯхтани пойафзоли хонагӣ
БаъдӣНигоҳубини нохунҳои даст (маникюр) ва пой (педикюр). Гигиенаи духтарон