Қурби асъор ва омилҳои муайянкунандаи он

Қурби асъор ва омилҳои муайянкунандаи он. Курби асъор ва омилхои муайянкунандаи он.

Мавзӯҳоро боргирӣ (скачать) кунед


Бозори асъор: мафҳумҳои асосӣ. Низоми қурбҳои чандирӣ ва устувори асъор.

Дар савдои байналмиллалӣ асъорҳои гуногуни миллӣ истифода карда мешаванд, ки дар шароити мутаносибиятҳои гуногун дар бозорҳои асъор яке бо дигаре мубодила мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қурби номиналии (мубодилавӣ) асъор – нархи нисбии асъорҳои ду мамлакат, ё худ нархи як асъор, ки бо асъори дигар ифода карда мешавад. Истилоҳи “қурби мубодилавии асъор”, аз рӯи қоида, маҳз барои ифодаи қурби номиналии  асъор истифода карда мешавад.

Афзоиши содироти молу хизматрасониҳо аз як мамлакат тақозоро ба асъори миллӣ дар хориҷа зиёд менамояд ва дар баробари ин арза асъори хориҷиро дар мамлакати мазкур фароҳам месозад.

Мувофиқан, зиёдсозии воридоти молу хизматрасониҳо ба мамлакати мазкур дар ин ҷо тақозоро ба асъори хориҷӣ ташаккул медаҳад ва арзаи асъори миллиро ба хориҷаҳо фароҳам месозад. Афзоиши тақозои дохилӣ ба асори хориҷӣ захираҳои онро, ки дар бонкҳои миллии мамлакат аз ҳисоби афзун намудани содирот ташаккул ёфта буданд, кам менамояд. Ҳамин тавр, содирот аз мамлакат ба вай имконият медиҳад, ки асъори хориҷиро, ки барои пардохти воридот заруранд, пайдо намояд.

Дар мавриди низоми қурбҳои чандири (шинокунанда) – и асъор қурби мубодилавӣ дар натиҷаи Калавишҳои озоди тақозо ва арза ҳамчун нархи мувозинии асъор дар бозори асъор муқаррар мегардад.

Агар, барои мисол, арзаи фунт стерлинг аз 250 то 300 млрд. зиёд гардад, он гоҳ қурби мубодилавӣ аз 1,18 доллар барои 1 фунт стерлинг то 1 доллар барои 1 фунт стерлинг паст мегардад.

Бо мурури пастравии қурби фунт молҳои англисӣ нисбатан барои хориҷиҳо арзон мешаванд ва хариди онҳо зиёд мегардад. Содироти афзоянда аз Британияи Кабир тақозоро ба фунт стерлинг зиёд мегардонад – мувозинӣ дар бозори асъор аз нуқтаи А ба нуқтаи В ҳаракат менамояд.

Дар низоми қурбҳои мутлақан чандири асъор Калавиши қурби мубодилавӣ маҳдуд нагардидааст ва бинобар ин, Калавишии ҳаҷми содирот ва воридот, ҳамчунин, вазъияти тавозуни савдо, ҳисобҳои ҷорӣ ва тавозуни пардохт дар маҷмӯъ душвор пешгӯишаванда шуданашон мумкин аст, ки ба иқтисодиёт таъсири ноустуворкунанда расонида метавонанд.

Дар низоми қурбҳои устувор қурби асъори миллӣ аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар карда мешавад, ки вай харид ва фурӯши миқдори дилхоҳи асъори миллиро бо қурби муқарраргардида ба уҳдадории худ мегирад. Одатан Бонки миллӣ ҳудудҳои Калавишиҳои озоди қурби асъори миллиро бо мақсади устуворсозии микроиқтисодӣ муайян менамояд. Вақте ки нархи асъор ба доираи болоӣ ё пойнии ин ҳудудҳо наздик мешавад, он гоҳ Бонки миллӣ мудохила (интервенсия)  мегузаронад: наздикшавӣ ба ҳудуди поёнӣ хариди ин асъорро аз ҷониби Бонки миллӣ дар мубодила бо асъори хориҷи ё тилло (дар мавриди стандарти тиллоӣ) тақозо менамояд ва баръакс.

Мавзӯҳоро боргирӣ (скачать) кунед

ҚаблӣКорхои лаборатори аз фанни Информатика
БаъдӣХаёт ва фаъолияти Мухаммад Авфии Бухорои (иншо)