Ҳикматҳои Маотсӣ

Ҳикматҳои Маотсӣ. Хикматхои Маотси.

Олими дигари Чини Қадим зиндагӣ кардааст, Маотсӣ мебошад. Ин олим аз назари худ камбудиҳои Конфутсийро ошкор мекунад ва мегӯяд, ки Конфутсий рӯҳониятро нодида гирифтааст ва агар қалбҳо аз сафои рӯҳоният холӣ ва аз муҳаббат ба якдигар орӣ бошанд, қонуни ҳукумат барои саодати воқеии одамон қодир нахоҳад буд. Ӯ даъват мекунад, ки мардумро маҷбуран ба қонун итоат накунонанд. Ин кор натиҷаи хуб нахоҳад дод. Маотсӣ бар он ақида аст, ки агар ба касе бо камоли ҳурмату эҳтиром муносибат кунед, ӯ ҳам ба шумо ҳамин хел рафтор хоҳад кард. Ҳикмати Маотсӣ низ чун ҳикмати Конфутсий ба дини чиниёни қадим роҳ ёфт.

ҲИКМАТҲОИ МАОТСӢ

Инсон беш аз сад сол умр намебинад, вале ғуссаи беш аз ҳазор солро мехӯрад.

Касе, ки кӯҳро ба ҳаракат даровард, марде буд, ки сангрезаро ҷо ба ҷо кард.

Инсон ҳар андоза оҷиз бошад, ба ҳамон андоза ҳилагар мешавад.

Айбҳои ҳайвон дар беруни ӯст, вале айбҳои инсон дар дарунаш мебошад.

Инсон ҳар қадар ҳам доно бошад, ба ҳангоми айбҷӯйӣ аз хештан аблаҳ аст ва ҳар қадар кундфаҳм бошад, ба ҳангоми айбҷӯӣ аз дигарон зирак аст.

Инсонро барои расидан ба авҷи некномӣ сад сол вақт ҳам кофӣ нест, вале барои он ки бадном шавад, як лаҳза ҳам кофӣ аст.

Инсон чизҳоеро, ки ба чашм надидааст, муқаддас мешуморад.

Касе, ки дар фикри сер кардани шикам аст, ақлашро гурусна гузоштааст.

Аз оҳиста рафтан натарсед, балки аз по задан дар як нуқта битарсед.

Ҳангоме ки хашм ба сухан дармеояд, ақл чеҳраи худро махфӣ мекунад.

Мард будан осон аст, вале ҷавонмард шудан мушкил.

Барои ба даст даровардани хирмани дониш борони ашк лозим аст.

Маотсӣ аз ҷумлаи файласуфони машҳури Чини Қадим аст. Ӯ силсилаи ҳикматҳои хеле мураккабро пешниҳод мекунад. Он аз таълимоти Конфутсий фарқи калон дорад. Таълимоти Маотсӣ ба дини чиниёни қадим пайваст буда, бо номи «Даотзӣ» дар Чин зиёда аз 200 сол арзи вуҷуд кард. Соли 65-и милодӣ ҷойи онро таълимоти буддоӣ гирифт.

Фарҳанги Чини Қадим

ҚаблӣҲикматҳои Конфутсий
БаъдӣДавлатҳои аввалини Юнони Қадим

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед