Номхо (мантик ва забон).
Номҳо низ яке аз навъҳои аломат мебошанд. Таълимот дар бо-раи номҳо, ки онро баъзан назарияи номгузорӣ ҳам меноманд, аз тарафи олими олмон Готлоб Фреге эҷод шудааст. Дар такмил ва инкишофи мин-баъдаи таълимоти мазкур олимони америкоӣ Р. Карнап ва А. Черч, ин-чунин мантиқшиноси рус Е.К., Войшвилло саҳми бузург гузоштаанд.
Мафҳуми асосии назарияи номгузорӣ, мафҳуми ном аст.
Ном – калима ё гурӯҳи калимаҳоест, ки ягон ашёро ифода мекунад. Азбаски ном аломат аст, вай дорои қимат ва маъно мебошад. Қимати ном гуфта ашёи бо ин ном ифодашударо меноманд. Қимати номро баъ-зан денотат, десигнат ва номинат низ мегӯянд. Маънои (ё мазмун, кон-септ) номро маълумот дар бораи ашё ташкил медиҳад.Одатан ду навъи номҳоро аз якдигар фарқ мекунанд. 1) Номҳое , ки танҳо як ашёро ифода мекунанд; 2) Номҳое , ки барои якчанд ашё умумианд. Номҳои гурӯҳи якумро – фардӣ ва гурӯҳи дуюмро номҳои умумӣ меноманд. Мисоли номҳои фардӣ: Моҳ, пойтахти Англия, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҷумҳурии Тоҷикстон ва ғайраҳо. Мисоли номҳои умумӣ: ҳайвон, давлати ҳуқуқ-бунёд, донишҷӯ, шоир, ҳуқуқшинос ва ғайра.
Ҳамин тариқ, қимати номҳои фардиро фард ташкил карда, қима-ти номҳои умумӣ ашёи ягон гурӯҳ мебошанд, ки дорои зиёда аз як унсур аст. Гурӯҳе, ки аз унсурҳои қимати ном таркиб ёфтааст, ҳаҷми номро ташкил мекунад. Ҳаҷми номи фардро гурӯҳе ташкил медиҳад, ки дорои як чиз аст.
Номҳо метавонанд, дорои мазмуни гуногун буда, ҳаҷман якхела бошанд. Масалан «Шаҳри калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «пойтахти Тоҷикистон». Вале номҳои ҳаҷман гуногуну аз ҷиҳати маъно як-хела вуҷуд надоранд.
Тавассути номҳо ашёеро ифода кардан мумкин аст, ки дар воқеият вуҷуд надорад. Масалан: «дев» «нуқтаи дуртарини кайҳон». Ин гуна номҳоро номҳои мавҳум меноманд. Номҳое, ки қимати онҳоро ашёи воқеӣ ташкил медиҳанд, номҳои ҳақиқӣ номида мешаванд.
Акнун, саволи зеринро аз назар мегузаронем: «Оё ҳамаи номҳо до-рои маъноанд?» Г.Фреге ва А.Черч дар чунин ақидаанд, ки ҳамаи номҳо дорои маъно мебошанд. Мувофиқи ақидаи Е.К. Войшвилло на ҳамаи номҳо маъно доранд. Барои тасдиқи ақидаи худ ӯ, номҳоро аз рӯи маъ-нояшон ба ду навъ тақсим менамояд: номҳое, ки маънои хос доранд ва номҳое, ки маънои хос надоранд. Номҳое, ки дорои маънои хосанд мис-ли номҳои тасвирианд. Масалан, «дарёи калонтарини Аврупо». Маънои чунин номҳоро аз рӯи сохташон, инчунин аз рӯи маънои номҳое, ки ба номҳои тасвирӣ дохиланд (ҳамчун қисми таркибӣ), муайян менамоянд. Номи ғайритасвирӣ ба монанди «Волга» маънои хоси худро надорад. Агар онҳо маъно дошта бошанд ҳам, ин гуна маъно маънои хос набуда, балки мувофиқи хоҳиши субъект баён мешавад.
Ҳангоми маънидоди номҳои ғайритасвирӣ ба номҳои тасвирӣ такя мекунанд. Ба ибораи дигар, ба номҳои ғайритасвирӣ номҳои тасвириро мувофиқ гузоштан зарур аст. Номҳои тасвирӣ, дар навбати худ, метаво-нанд дар таркибашон номҳои ғайритасвириро дошта бошанд. Дар ин ҳо-лат ҳам онҳо тавассути номҳои тасвирӣ маънидод мешавад. Лекин бео-хир давом додани ин амалиёт имконнопазир аст. Пас, маълум мешавад, ки баъзе номҳои ғайритасвирӣ қимат дошта бошанд ҳам, маъно надо-ранд. Номҳои мазкур ашёро ифода намуда, дар айни ҳол, дар бораи онҳо ягон маълумот намедиҳанд.
Истифодаи номҳо мувофиқи се принсипи зерин сурат мегирад: 1) принсипи ашёӣ; 2) принсипи дорои як қиммат будан; 3) принсипи ивази ҳамдигарӣ.
Мувофиқи принсипи ашёӣ дар гуфтор чизе доир ба қимати номҳо тасдиқ ё рад мешавад, ки ин номҳо ба гуфтори мазкур дохиланд. Вале худи номҳо тасдиқ ё рад намешаванд. Хотиррасон менамоем, ки қимати баъзе номҳо на ин ки ашё, балки ном аст. Чунин ҳолат ба талаботи прин-сипи ашёӣ ҳаргиз мухолиф нест. Масалан, дар гуфтори «Материя якумин буда, шуур дуюмин аст» калимаи «Материя»- ин номи воқеияти объекти-вӣ буда, дар гуфтори «Материяи – категорияи фалсафиест» калимаи «материя», ки ба даруни нохунак гирифта шудааст, номи ном ё худ номи категория мебошад. Аксар вақт дар чунин ҳолатҳо номҳоро ба даруни нохунак мегиранд. Ҳатто номи нахуст номи номҳо буда метавонад. Тарзи мазкури истифодаи номҳоро – истифодаи автономӣ низ меноманд.
Мувофиқи принсипи дорои як қимат будан ифодаи чун ном истифодашаванда дар ҳолати номи фардӣ буданаш бояд танҳо номи як объект бошад. Ҳангоми номи умумӣ буданаш, ифодаи мазкур номи умумии ашёи гурӯҳи муайян аст. Принсипи мазкур дар забонҳои табиӣ на ҳама вақт риоя мешавад. Лекин ҳангоми тартиб додани забонҳои сунъӣ риояи он ҳатмист. Масалан, дар забони мантиқи предикатҳо (хабарҳо).
Принсипи ивази ҳамдигарӣ ба тариқи зер тасреҳ меёбад: агар қисми номи мураккаб ном бошад ва он бо номи дигари дорои ҳамон қимат иваз шавад, дар натиҷа қимати номи ҳосилшуда тағйир намепазирад. Барои мисол гуфтори зеринро аз назар мегузаронем: «Замин дар гирди Офтоб давр мезанад». Агар гуфтори мазкурро мисли Фреге ҳамчун номе, ки дорои қиматҳои «ҳақ» ё «дурӯғ» мебошад, таъбир намуда, ба ҷои «Оф-тоб», «ҷисми марказии системаи Офтоб»-ро гузорем, дар натиҷа гуфтори «Замин дар гирди ҷисми марказии системаи Офтоб давр мезанад» ҳосил мешавад, ки ҳар ду дорои як қиматанд. Бешубҳа, ҳангоми ҳақ будани гуфтори якум, гуфтори дуюм низ ҳақ аст.
Аксаран, ба назари кас чунин менамояд, ки принсипи мазкур зо- ҳиран соддаю фаҳмо аст. Лекин, агар мо амиқтар фикр кунем дигар хел будани масъала ошкор мегардад. Мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки дар онҳо зиддияти принсипи мазкур мушоҳида мешавад. Масалан, гуфтори зеринро мисол меорем: «Ба қавли Батлимус (Птолемей) Офтоб дар гирди Замин давр мезанад». Бояд таъкид кард, ки гарчанде гуфтори «Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» дурӯғ бошад ҳам, лекин гуфтори «Ба қавли Батлимус Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» ҳақ аст. Ак-нун, агар номи «Офтоб»-ро бо номи дигар яъне «ҷисми марказии низо-ми Офтоб» (ҳарчанд дуи онҳо дорои як қиматанд) иваз намоем, гуфтори «Ба қавли Батлимус ҷисми марказии низоми Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» ҳосил мешавад, ки вай дурӯғ аст.
Чунин номувофиқиро нисбат ба принсипи ивази ҳамдигарӣ кардан, антиномия ё хориқаи муносибати номгузорӣ меноманд.
Барои риояи қоидаи принсипи ҳамдигарро ивазнамоӣ ва ба антиномияҳо роҳ надодан бояд ду тарзи истифодаи номҳоро аз якдигар фарқ кард. Якум, вақте, ки ном як ё якчанд ашёро ифода мекунад. Дуюм ашёе, ки бо номҳо ифода шудаанд ва мувофиқи нуқтаи назари муайян таҳқиқ мешаванд. Агар ном дар маънои дуюм истифода шавад, онро тавассути номи дигаре, ки айнан ҳамон қиматро дорад, иваз кардан мумкин аст. Ин амал ҳамон вақт ҷоиз аст, ки агар номи ашё мувофиқи ҳамин нуқтаи назар таҳқиқ шавад. Гузориши мазкурро ҳамин тавр амалӣ кардан мум-кин аст. Барои ин зарур аст, ки агар Батлимус ба ҳисоб гирифта бошад, ки қимати номҳои «Офтоб» ва «ҷисми марказии системаи Офтоб» якхела бошад, онгоҳ қимати гуфтори «Ба қавли Батлимус Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» дурӯғ мебуд. Ҳамин тариқ, гуфторе, ки дар натиҷаи гузориш ҳосил мешавад: «Ба қавли Батлимус ҷисми марказии системаи Офтоб дар гирди Замин давр мезанад» низ дурӯғ мебуд.