Табиати иҷтимоии шуур

Табиати иҷтимоии шуур. Дар ин ҷо мо акнун танҳо бо такя аз заминаҳои биологии ташаккули шуури одами наметавонем масъаларо равшан намоем. Ғайр аз заминаи биологи зарур аст, ки раванди ташаккулёбии шуурро фаъолияти меҳнати ва дар заминаи ин фаъолият бо дигарон ба муносибатҳои гуногун ворид гардадани инсон дунбол намоянд. Бе ин омилҳо заминаҳои биологӣ барои ташаккули шуури инсон ҳамчун имконияти амалинагашта боқӣ мемонанд. Ин нишон медиҳад, ки одам, пеш аз ҳама, вуҷуди ҷамъияти аст ва шуури у ҳамеша на танҳо сирф маҳсули инкишофи биологияш, балки ҳамчун инъикоси ҳаёти ҷамъиятии у зоҳир мешавад. Одами ташаккулёфтаистода оламро на танҳо аз нуқтаи назари талаботи биологии худ, балки бештар аз мавқеи талаботҳои ҷамъиятии худ дарк менамояд. Яъне шуур хусусияте аст марбут ба инсон ва фаъолияти меҳнатии у, ки дар ҷараёни он у ба муносибатҳои мухталиф бо соири одамони дигар дохил мешавад. Аз ин ру шуур моддӣ нест, балки он маҳсули инъикос ва тасвири воқеияти иҷтимоӣ аст. Илова бар  ин шуур маҷмӯи тасвири оддии воқеияти иҷтимоӣ набуда, балки дар навбати худ барои таъмини талаботаш ҳадафи тағйирдиҳии онро дорад. Ин тамоюли шуури инсон дар заминаи ба кор гирифтани олоти меҳнат ва такмил додани он амалӣ мегардад. Бинобар ҳамин ҳам аксар маврид дар ҳар як предмети офаридаи инсон мундариҷаи таҳаввули таҷрибаи иҷтимоӣ, рафти инкишофи ақлӣ ва қобилияти ихтироъкории ӯро ҷустуҷӯ менамоянд, ки ин бештар дар илми мардумшиносӣ мушоҳида мешавад. Бинобар ҳамин ҳам олот ва маҳсули меҳнат дар шакли кулл таҷассуми моддии хиради инсонанд. Дар заминаи фаъолияти меҳнатияш инсон моҳият ва қобилияти худро ба шакли куллӣ медарорад ва онро барои наслҳои оянда ба ворисият медиҳад. Наслҳои оянда дар заминаи истифодаи олотҳои меҳнатии аз гузаштагон ба ворисият гирифтаашон моҳияти онҳоро ошкор намуда, барои истифодааи амалияш имконият пайдо мекунанд ва дар ин замина онро такмил медиҳанд.

Инсон дар ҷараёни меҳнат ва ворид шудан ба мадори муносибатҳои мураккаби ҷамъиятӣ бо одамони дигар тадриҷан зарурияти ба таҷрибаи иҷтимоӣ табдил додани таҷрибаи фардии худро ҳис менамояд. Дарки зарурияти ба ворисият додани ин таҷриба заминаи муҳим барои пайдошавии нутқ ва забон мегардад. Нақши забон ва нутқ дар ҷараёни ба наслҳои оянда ба ворисият додани таҷриба ва маҳорати истифодаи олоти офаридаи маҳнати хеле бузург аст. Ташаккули фаъолияти нутқ ва тарзи дар забон сабт гардидани маҳорату таҷриба баробари пайдоиши шуур ба амал омадааст. Бинобар ин «забон низ монанди шуур қадим аст; забон шуури амали, шуури воқеист, ки ҳам барои дигарон ва маҳз ҳамин тавр барои худи ман низ вуҷуд дорад». Забон низ дар алоқамандии бевосита бо шуур дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии дастаҷамъона: «фақат мувофики эҳтиёҷ аз руи зарурати ногузири бо одамони дигар гуфтугу ва алоқа кардан ба вуҷуд омадааст».

Барои тавзеҳи заминаҳои ташаккули фикру андешаронии инсонӣ дар алоқамандии шуур ва забон овардани як чунин мисоли зерин аз таҷрибаи зистшиносон бо маймуни одамшакл аз аҳамият холӣ нест. Дар ру ба руи маймун канори оташ сабади ғизо ва аз ҷониби дигар зарфи пури обро мегузоранд. Барои маймун гирифтани ғизо аз канори оташ мушкил буд ва бинобар ҳамин ҳам ба у тарзи истифода аз обро барои хомӯш кардани оташ омӯзонданд. Ҳамин тавр маймун аввалан бо истифода аз об оташро хомӯш намуд ва баъдан сабади ғизоро ҷониби худ кашид. Баъдан маймун ва ин ашёи номбурдаро дар шароити дигар қарор медиҳанд ва натоиҷи ҳайратангезе мушоҳида мешавад. Руи заврақчаи кучаке, ки руи оби хавзча шино мекард, оташ ва зарфи обро канори ҳам рӯ ба рӯи маймун мегузоранд. Ҳалли масъала аз ҷониби маймун чун пештара анҷом меёбад. Яъне у аввалан ба ҷойи истифода аз оби ҳавз бо оби зарф оташро хомуш намуда, баъдан сабади ғизоро назди худ мекашад. Ин мисол нишон медиҳад, ки маймун мафҳуме аз об дар зеҳни худ надорад, яъне хосияти умумии обро намедонад. Фикри маймун вобастаи ашёе аст, ки ӯро иҳота кардаанд. Бинобар ин ҳангоме, ки у дар сурате ба «фикр кардан» мепардозад, ки агар ашё дар муқобили ӯ вуҷуд дошта бошад. Агар чизе дар муқобили у айни ҳол вуҷуд надошта бошад у қодир ба «фикр кардан» дар бораи хусусияту сифатҳои он нест.

Фикри инсон аз лиҳози сифатии худ чизи куллан дигар аст. Инсон дар ҷараёни истеҳсолот, меҳнат ва фаъолияти гуногунҷабҳаи амалияш ба шинохти ашё ноил мешавад ва ба баррасии хусусияти ҷузъию умумии онҳо мепардозад. Инсон мебинад, ки оби зарф, оби дарё, оби ҳавз ва ғайра хусусияти якхела доранд. Дар назари инсон об вобаста ба оби зарф, оби дарё ва ё оби ҳавз нест. Балки «об ба таври куллӣ» аст, ки барои ифодааш мафхуми умумии ягонаро истифода мебарад. Инсон бо мурури муайян кардани ҷанбаҳои мушаххаси ашё инчунин хусусиятҳои умумии онҳоро низ ошкор месозад. Ҳамин тавр вақте ки мафҳуми дарахт, «дарахт ба таври куллӣ» аз назарамон мегузарад хусусиятҳои умумие дар назар дошта мешавад, ки хоси ҳар дарахт аст, на фақат дарахте, ки айни замон рӯ ба рӯи тирезаамон қомат афрохтааст ва мо онро наззора мекунем. Аз ин ру мафҳуми дарахт ба таври мутлақ ифода меёбад.  Ин аломати мушаххаси андешаи инсонӣ ва хосияти интизоъе ки дар он ҳаст дар соири ҳайвонот дида намешавад. Пас саволе пайдо мешавад, ки чи чизе аст, ки ба мо имкони интизоъ карданро медиҳад, ки дар шайъ хусусиятҳои аслии шайъиро аз худи он шайъ ҷудо месозад. Ин вазифаро нутқ ва забон анҷом медиҳанд. Пайдоиши шуур ва нутқу забон дар навбати худ маҳсули раванди ягонаест, ки бо фаъолияти меҳнатии одамон алоқамандии бевосита дорад. Шуур воқеиятро инъикос мекунад, нутқ бошад онро ифода мекунад. Нутқ ифодаи моддии фикр буда, дар он мазмуни олами маънавӣ бо ёрии калима мавҷудияти берунӣ пайдо мекунад. Мазмуни шуур маҳз дар нутқ сабт мегардад. Дар нутқ фикр ташаккул меёбад ва баён мегардад. Андешидан ва дарк намудан ин дар навбати худ ташаккули маҳорати баён кардани воқеияти андешидашуда ва даркшуда аст. Миёни андеша ва забон робитаи бисёр наздик вуҷуд дорад. Ҷудо кардани шуури инсони ва андешаи инсон аз забонаш чизи ғайримумкин аст. Байни забон ва андеша ваҳдати узви ва ҷудонопазир вуҷуд дорад. Зеро андеша дар калимаҳо ҷон мегирад ва ҳаёт меёбад. Андеша то замоне ки дар зеҳни инсон боқӣ мемонад монанди чизи беҷоне аст, ки барои одамони дигар номахсус, ҳиснашаванда ва ғайри қобили дарк аст. Забон воқеияти бевоситаи андеша аст, яъне андеша фақат дар либоси моддии забон вуҷуд дорад. Ҳатто агар андешаҳои худро на комилан баланд, балки фақат дар «ботини худ» иброз кунем боз ҳам ба онҳо либоси забонӣ хоҳем пушонид. Дар навбати худ забон дар берун аз ҷомеа наметавонад вуҷуд дошта бошад. Нутқ ва забон, ки василаи табодули афкор ва василаи алоқамандии инсонҳоянд маҳсули зарурияти иҷтимоӣ мебошанд.

Ҳамин тавр дар ташакули шуури солим баробари таъсири омилҳои биологӣ инчунин нақши амалияи ҷамъияти хеле зиёд аст. Бидуни шакк барои доштани шуури инсонӣ танҳо вуҷуди мағзи табии кофӣ нест. Берун аз ҷомеа инсон маҳрум аз қобилияти андешидан ва фикр кардан аст. Зиндагии инсонҳо дар ҷомеа ин воқеиятро ошкор месозад, ки андеша дар сурате таҷаллӣ менамояд, ки инсон ҳам табиатро мунъакис созад ва ҳам дар раванди тавлиду меҳнат робитаҳои мушаххаси худро бо дигарон амалӣ ва ҳифз созад. Маҳз дар ҷараёни меҳнат инсон мағз ва шуурашро инкишоф медиҳад. Шуур аз аввали пайдоишаш худ як маҳсули иҷтимоӣ буд ва то замоне ки инсоният вуҷуд дорад ҳамчунон маҳсули иҷтимоӣ боқӣ мемонад. Шуур махсули зиндагии инсон дар ҷомеа мебошад, бинобар ҳамин ҳам онро бояд падидаи иҷтимоӣ донист. Чунин тарзи тавсифи ташаккули шуур имконият медиҳад, ки мо онро маҳдуд танҳо дар доираи таъсири авомили биологӣ, таҷрибаи фардии одамон тасаввур накунем, балки ин равандро дар алоқаманди инкишофи фаъолияти меҳнатӣ, дар заминаи ворид шудани одамон ба мадори муносибатҳои ҷамъиятӣ ва омӯхтани таҷрибаи наслҳои пешина баҳо диҳем. Аз ин ру дар вазъияти муайяни таърихӣ ҳар кас на тавре фикр мекунад, ки мехоҳад, балки мувофиқи баъзе навъи маълуми тафаккур андешаронӣ мекунад ва ҷараёни фикри худро ба тартибу меъёрҳои муқарраршуда тобеъ месозад.

Ҳамин тавр, дар асоси баёни андешаҳои фавқуззикр таърифи мафҳуми шуурро дар шакли зерин овардан мумкин аст: шуур ин шакли олии инъикоси воқеият ва ба нутқ марбути хосияти материяи оли ташкил, яъне мағзи сари инсон буда, вазифаи он аз инъикоси субъективии олами объективи иборат аст.