Маданияти сайру гашт ва истирохати оилахои чавон.

Сайру гашт ва истироҳат низ як ҷузъи маданият буда, дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ ба танзим дароварда мешавад. Ҳар як оилаи солим дар баробари кору фаъолият, барои сайру гашт ва истироҳат низ вақт ҷудо менамояд. Истироҳат, сайру гашт ба одам рӯҳи тоза ва қуввати ҷисмониву маънавӣ мебахшад. Фақат онро дурусту оқилона ташкил карда тавонистан лозим аст, ки дар лаҳзаи зарурӣ аз хастагӣ раҳо созад. Дар ин хусус буҷети оила, ташкилу тақсими мулоҳизакоронаи он мақоми басо муҳим дорад.
Албатта, фароғату истироҳат бо хароҷоти моддӣ алоқаманд аст. Масалан, дар лаҳзаи бекорӣ ва ё хастагӣ ба рӯйи ҳавлӣ, пешайвон баромада нафаси тоза кашидан, бехи гулҳоро нарм карда об рехтан, аз накҳати гулҳо, покии баргу пояҳо лаззат бурдан ҳам истироҳат аст. Дар гулгашти боғу хиёбонҳо сайру гашт кардан ҳам истироҳат аст. Он ба тан қувват бахшида, хастагии инсонро рафъ месозад. Рафтан ба театру осорхонаҳо, кинотеатру намоишгоҳҳо ва дигар ҷойҳои тамошобоби маҳалли зист низ истироҳат аст, ки сарфу харҷи зиёдро талаб намекунад.
Дар ҳалқаи хонавода таҷлили идҳои оилавӣ – ҷашни ақди никоҳ, зодрӯз, хатми мактабу донишгоҳ, гусел ба хизмати ҳарбӣ ва амсоли ин низ як навъ дилхушиву истироҳат ба ҳисоб меравад. Ҳамаи ин чорабиниҳо бояд сарфакорона, бе харҷи зиёдатӣ гузаронида шаванд. Мутаассифона, баъзе оилаҳо ҳангоми гузаронидани ин гуна маъракаву маросимҳо ба исрофкорӣ ва харҷи беҳуда роҳ дода, ба буҷети оила зарар меоранд.
Истироҳат мафҳумест, ки маънои васеъ дорад. Оромона шунидани барномаҳои радиову тамошо кардани намоишномаҳои телевизион ҳам истироҳат аст.
Вале дар урфият мегӯянд, ки «шунидан кай бувад монанди дидан». Ҳаp шахсе, ки дар ин ё он соҳа ифои вазифа менамояд, соле як маротиба ба рухсатии меҳнатӣ ҳақ дорад. Ташкилотҳо ва хазинаҳои ҷамъиятӣ барои истироҳат ва муолиҷа дар истироҳатгоҳҳо ва осоишгоҳҳо бо нархи арзон парвона (путёвка) медиҳанд ва ё ба шаҳрҳои таърихии мамлакат ва кишварҳои хориҷӣ саёҳат ташкил менамоянд.
Барои чунин сафар ва сайрҳои мақсадноку тӯлонӣ ҳатман пасандози оилавӣ ба кор меояд. Шахсони алоҳида аз ҳисоби ҳамин пасандозҳояшон мувофиқи салоҳдиду имконияташон дар ҷойҳои дилхоҳи хеш истироҳат мекунанд. Ба чунин истироҳати мақсаднок баъзан тамоми аъзои оила ва ё бо навбат сафар мекунанд. Ҳар як сафари берун аз маҳалли зист ба одам як ҷаҳон таассурот ва хотироти нек мебахшад. Ҳаp бор онро ба хотир оварда ба дигарон ҳикоя кардан ҳам инсонро шоду болидахотир менамояд.
Сайру гашти берун аз шаҳр, тамошои нафосату назокати табиат, лаҳзаҳои бофароғат дар соҳили дарё, кӯҳҳо, махсусан, сайри кӯҳсори сарсабзи Тоҷикистон, шунидани хониши кабк, булбул, тамошои ҳаракати моҳиҳо дар оби мусаффо аҷаб кайфияте доранд. Одам дар ин лаҳзаҳо аз ҳар чизи дидаву шунидааш як ҷаҳон фараҳ бурда, бегумон, худро як ҷузъи таркибии табиати нотакрор эҳсос мекунад ва ба маънии томаш зебогии табиатро дарк намуда, гумон мекунад, ки ҳар захму осебе, ки ба табиат расондаанд, захмест дар вуҷуди ӯ.
Тамошои шаҳрҳои бостонӣ ба кас як ҷаҳон ҳаловат бахшида, донишу ҷаҳонбинии ӯро меафзояд, бо маданияту анъанаҳои мардумӣ ошно мегардонад, барои пайдо кардани дӯстони нав мусоидат менамояд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» ном асараш фоидаи сафарро номбар карда, аз ҷумла мегӯяд: «Аввал, сиҳатии бадан… ва сабаби сиҳат табдили ҳаво бошад ва риёзати аъзо, ки ҳаракат муҷиби (боиси) таҳлили баъзе рутубати фазлӣ аст… Сеюм, рафъ шудани коҳилӣ (танбалӣ) аст, ки одамӣ ҳар гоҳ дар як ҳолат бошад, касолат (сустӣ) бар ӯ ғолиб мешавад…
Чаҳорум, маҳв шудани ғам ва ҳам малолат (озурдадилӣ), ки ҳарчанд касе малул бошад, чун ба сафар берун равад, албатта, аз андуҳ зоил (маҳв) мегардад… Панҷум, одоби мутафарриқа (гуногун) аз ҳаp тоифа дидан ва ёд гирифтан… ».
Аҳли оила, умуман, ҳар шахс баъд аз як ҳафтаи меҳнати пурсамар метавонад рӯзҳои истироҳаташро бофароғат гузаронад. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои сайру гашт, театру кинотеатр, боғҳои истироҳатӣ мавҷуданд ва аҳолӣ метавонад аз он ҷойҳо истифода барад. Ғайp аз ин, рӯзҳои истироҳатро барои дидорбинии хешу ақрабо ва ёру дӯстон истифода бурдан мумкин аст.
Вақте ки шахс ба меҳмонӣ ва ё сайру гашт равона мешавад, мувофиқи он либос мепӯшад. Маълум аст, ки ҳар як халқ либоси миллии худро дорад. Махсусан, дар либоспӯшии мардон тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст ва мардон чи дар шаҳру чи дар деҳот либоси расмиро ҳамчун либоси маъмулии худ қабул кардаанд. Занҳо бошанд, ҳам либоси расмӣ (хусусан дар шаҳрҳо) ва ҳам либоси миллиро истифода мебаранд.
Барои меҳмонӣ ва сайру гашт, одатан, либоси идона мепӯшанд. Либос бояд чунон интихоб гардад, ки ба шахс зебанда бошад. Ба ҷавонмардон костюму шими якранг ва куртаи сафед бештар мезебад. Туфлӣ ҳам бо ранги костюм бояд мувофиқат кунад. Барои занони ҷавон ва духтарон либоси миллии тоҷикӣ хеле зебанда ва шинам мебошад. Омехта намудани либоси аврупоию миллӣ, масалан, куртаи аврупоӣ бо пойҷомаи миллӣ ва туфлиҳои пошнабаланд шаҳодати маданияти пасти либоспӯшӣ мебошад. Ҳаp зани ҷавон ва духтар бояд ба қадду қомат ва ҷисми худ либоси миллии мувофиқ пӯшад. Дар истифодаи рангу бор ва ороиши мӯй бояд занону духтарон зиёдаравӣ накарда, як меъёри муайян дошта бошанд.
Гоҳо дар кӯчаҳои шаҳр духтарону занони ҷавон дучор меоянд, ки аз истифодаи рангу бори беандоза симои аслии онҳо шинохта намешавад. Opе, лабҳои арғувонӣ, рухсораҳои алвонӣ, мижгонҳои сунъӣ ва чашми сабзу осмонӣ диққати ҳар роҳгузарро ҷалб мекунад, вале ин таваҷҷуҳ на ба зебоии онҳо, балки ба завқи пасти эстетикии онҳо мебошад. Зебоии инсон дар ҳусни табиии вай мебошад ва надониста истифода бурдани рангу бор он ҳусни табииро коста мекунад. Ҳофизи Шерозӣ чӣ хуб гуфтааст:
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?
Сайру гашт дар хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои худро дорад ва иҷро намудани онҳо нишонаи маданият ва боодобии инсон аст. Мувофиқи қоидаи муқарраршуда агаp зану шавҳар ҳамроҳ ба сайру гашт баромада бошанд, мард бояд аз тарафи чапи зан роҳ равад.
Дар кӯча бо ҳамдигар бо овози баланд ҳарф задан, хандидан ва ба ҳар марду зани роҳгузар чашм духтан аз рӯйи одоб нест. Баъзан ҳамин нигоҳҳои беҷо барои зан ё марди бадрашк сабаби моҷаро мегардад. Чунонки Саъдии бузургвор гуфтааст:
Дилороме, ки дорӣ, дил дар ӯ банд,
Дигар чашм аз ҳама олам фурӯ банд.
Агаp вақти сайру гашт шиносеро бо ашхоси ношинос дучор омадед, салом гуфта гузаред. Агаp худи шиносатон аз рафиқонаш ҷудо шуда аз шумо аҳволпурсӣ кунад, суханро дароз накунед, чунки ӯро рафиқонаш интизоранд. Ҳангоми суҳбат худро ба канори роҳ гиред ва ба ҳаракати дигарон халал нарасонед.
Ҳангоми сайру гашт яхмос, самбӯса ва ё ягон чизи дигар хӯрданӣ бошед, онро дар канори роҳ ё беҳтараш дар ягон ҷойи махсус таъйиншуда истеъмол намоед. Роҳравон чизе хӯрдан аз рӯйи одоб нест.
Агаp зану шавҳар ба кинотеатр ё театр рафтанӣ бошанд, бояд дар вақти муайяншуда ҳозир шаванд, чунки дер омадани онҳо сабаби нороҳатии дигарон мегардад. Дар кинотеатр ва театр бояд чунин рафтор кард, ки сабаби малоли хотири касе нагардад. Роғиби Самарқандӣ ба ин маънӣ гуфтааст:
Адаб аз баҳри ҳар шахсе нигаҳ дор,
Kаcеpo аз касе камтар мапиндор!
Саволҳо
|






















