Далелҳои ҷолиб дар бораи Парчам

Агар дар парчам моҳи нав тасвир шуда бошад, дини давлатии кишвар ислом аст, мисли Миср, Тунис, Малайзия, Мавритания, Туркия, Сингапур…


Тамоми парчамҳои ҷаҳон ба кишварҳо марбутанд, ба истиснои парчами лӯлиён, ки аз мардум аст. Дар он арроба ва чарх тасвир ёфтааст.


Парчами Фаронса се ранг дорад: сурх, сафед, кабуд. Аммо кам касоне огоҳанд, ки таносуби рангҳо на якгуна, балки 30:33:37 аст. Чашми инсон танҳо дар ҳамин ҳолат ҳаҷми се рахро баробар мебинад.

https://donishju.net/parchami-davlatii-jumhurii-tojikiston-24-noyabr/


Вақте ки соли 1945 Индонезия баъди истиқлолият парчами сурху сафеди худро қабул кард, мулки Монако, ки ҳамин гуна парчам дошт, эътироз кард. Аммо парчами Индонезия таърихи қадимтар дошт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар парчами Мозамбик автомати Калашников тасвир ёфтааст.

Парчамҳои Парагвай ва Молдавия вижагие доранд: пушти онҳо ба рӯяшон монанд нест.


Парчамҳои росткунҷа барои дар киштӣ овехтан мувофиқ буданд. Тадриҷан чунин шакли парчамҳо аввал дар Аврупо, пас дар ҷаҳон стандарти шуданд, ба ғайр аз парчами Непал, ки ҳоло ҳам шакли росткунҷа надорад.


Фақат дар парчами Филиппин рахҳо ҷой иваз мекунанд: дар замони осоишта рахи кабуд аз боло ва рахи сурх аз поён аст, дар ҳолати ҳарбӣ-баръакс.


Дар Дания, Шветсия ва Норвегия шаҳрвандон ҳақ доранд парчамҳои миллии худро бо тарзу усулҳои гуногун ҳаҷв кунанд, аммо чунин рафтор бо парчами давлатҳои хориҷӣ мамнуъ аст.


Парчами ИМА яке аз қонунан ҳифзшудагон аст: шаҳрвандон метавонанд ба нишони эътироз ҳатто онро сӯзонанд.


Парчамҳои давлатҳо бояд аз замин ё об баландтар афрохта шаванд.

24 ноябр рузи парчам, флаг таджикистана


Кодекси ҷиноии Русия барои онҳое, ки парчами давлатро новақт меафрозанд, ҷазо муқаррар кардааст. Барои даронидани парчам то ду сол дар зиндон шинондан пешбинӣ шудааст. Ҳатто, барои нодуруст овехтани парчам ҷазо гирифтан мумкин: парчамҳои ноҳия, вилоят бояд поёнтар аз парчами Русия овехта шаванд.


Дар парчами иёлати Вирчинияи Амрико зани найзабадасте тасвир ёфтааст, ки пой ба қафаси синаи марди ба тахтапушт хобонидашуда гузоштааст.


Парчами Ливия ба ғайр аз ранги сабз тасвире ё ҳарфе надорад.


27 апрели соли 2008 дар наздикии Байтулмуқаддас исроилҳо парчаме (100:200 метр) паҳн карданд, ки 5200 кило вазн дошт.


Дар Бразилия парчаме алвонҷ мезанад, ки андозаи он 70 ба 100 метр аст.


Бузургтарин парчами олимпиро (75×105 м) соли 1992 дар Барселона варзишгарон дар варзишгоҳ болои cap афрохтанд. Он 800 кг вазн дошт.


Дар Қутби Шимол аввалин бор парчамро 6 апрели соли 1909 Роберт Пирӣ афрохт.


Дар Қутби Ҷануб аввалин бор Раул Амундсен 14 декабри соли 1911 парчам зад.


ачиб, фактхои ачиб, далелхои чолиб оиди парчам, сайти точики, донишчу тч, donishju tj.

ҚаблӣСохти дохилии буғумпойҳо
БаъдӣРӯзи парчами миллӣ муборак!

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед