Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

Бишнав аз най чун хикоят мекунад. Шеъри мавлоно Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад дар ин саҳифа барои шумо >>


Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад,

К-аз найстон то маро бибридаанд,
Аз нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,
То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ман ба ҳар ҷамъияте нолон шудам,
Ҷуфти хушҳолону бадҳолон шудам.

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман,
Аз даруни ман наҷуст асрори ман.

Сирри ман аз нолаи ман дур нест,
Лек чашму гӯшро он нур нест.

Тан зи ҷону ҷон зи тан мастур нест.
Лек касро диди ҷон дастур нест.

Оташ аст ин бонги нойу нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод!

Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.

Най ҳарифи он ки аз ёре бурид,
Пардаҳояш пардаҳои мо дарид.

Ҳамчу най заҳреву тарёқе кӣ дид?
Ҳамчу май дамсозу муштоқе кӣ дид?

Най ҳадиси роҳи пурхун мекунад,
Қиссаҳои ишқи Маҷнун мекунад.

Маҳрами ин ҳуш ҷуз беҳуш нест,
Мар забонро муштарӣ ҷуз гӯш нест.

Дар ғами мо рӯзҳо бегоҳ шуд,
Рӯзҳо бо сӯзҳо ҳамроҳ шуд.

Рӯзҳо гар рафт, гӯ: «Рав, бок нест,
Ту бимон, эй он ки чун ту пок нест».

Ҳар кӣ ҷуз моҳӣ зи обаш сер шуд,
Ҳар кӣ берӯзист, рӯзаш дер шуд.

Дарнаёбад ҳоли пухта ҳеҷ хом,
Пас, сухан кӯтоҳ бояд, вассалом!

Банд бигсил бош озод, эй писар!
Чанд бошӣ банди симу банди зар?!

Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад? Қисмати якрӯзае?

Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,
То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.

Ҳар киро ҷома зи ишқе чок шуд,
Ӯ зи ҳирсу айб куллӣ пок шуд.

Шод бош, эй ишқи пурсавдои мо,
й табиби ҷумла иллатҳои мо.

Эй давои нахвату номуси мо,
Эй ту Афлотуну Ҷолинуси мо!

Ҷисми хок аз ишқ бар афлок шуд,
Кӯҳ дар рақс омаду чолок шуд.

Бо лаби дамсози худ гар ҷуфтаме,
Ҳамчун най ман гуфтаниҳо гуфтаме.

Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.

Чунки гул рафту гулистон даргузашт,
Нашнавӣ з-он пас зи булбул саргузашт.

Ҷумла маъшуқ асту ошиқ пардае,
Зинда маъшуқ асту ошиқ мурдае.

Ман чӣ гуна ҳуш дорам пешу пас,
Чун набошад нури ёрам пешу пас?
‎‎‎‎‎‎‎‎‎

Мавлоно

ҚаблӣЭй сорбон як дам бимон к-он ҷони ҷонам меравад (шеър)
БаъдӣБарномаҳои вирусӣ ва зиддивирусӣ. Вирусхои компютери