Санъати Мисри қадим

Хунари меъмори. Санъати хайкалтароши. Санъати тасвири. Санъати Мисри кадим.


Ҳунари меъморӣ

Иншооти бузурги меъмории Мисри қадим аҳромҳо ва ибодатхонаҳо буданд. Барои сохтани ибодатхонаҳо фиръавнҳо ва амалдорон ҳазорон нафар косибону кишоварзон ва ғуломону асиронро сафарбар мекарданд. Дар бино кардани онҳо меъморони моҳири Фиви ҳунари баланд нишон медоданд.

Дар даромадгоҳ ва дохили ибодатхонаҳо ҳайкалҳои азимҷуссаи фиръавнҳо гузошта шуда, инчунин дар деворҳо суратҳои онҳо тасвир ёфта буданд. Чунин ороиш ба ибодатхонаҳо намуди идонаи пуршукӯҳ ва мазмуни динӣ бахшида, бинандаро  мафтун мекард.

Дар Миср аҳромсозӣ ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV пеш аз милод оғоз ёфта, дар ҳазорсолаҳои III ва II пеш аз милод ба ҳукми анъана медарояд. Ҳар як фиръавн баъди ба тахти подшоҳии Миср нишастанаш, дар бораи рӯзи марги худ фикр мекард. Мефармуд, ки барои ӯ мақбара созанд. Фиръавн ба рафти сохтмони аҳром шахсан худаш назорат мекард.

Расми 66. Ҳавлии дохилии ибодатгоҳи Мисри қадим
Расми 66. Ҳавлии дохилии ибодатгоҳи Мисри қадим

Аҳром иншооти мураккабтарини меъморӣ мебошад. Дар сохтмони он тамоми ақлу заковат ва маҳорати баланди бинокории мисриёни қадим таҷассум ёфтааст. Кас аз бузургии аҳром ангушти ҳайрат мегазад. Яке аз калонтарин аҳромҳои Мисри Қадим аҳроми Хуфу аст, ки онро маъмулан аҳроми Хеопс меноманд. Аҳроми номбурда тахминан дар соли 2600 пеш аз милод сохта шуда, баландиаш 146 м давродавраш 230 м ва вазни ҳар як «хишт»-и он 2,5-тоннагӣ мебошад. Ин иншооти бузург аз 2 миллиону 300 ҳазор чунин «хишт»-ҳо таркиб ёфтааст. Аҳроми дигари бузурги Мисри қадим номи Хафраро гирифтааст. Дарозии ҳар як «хишт»-и он 5 м 45 см ва вазнаш 42000 кило мебошад.

Расми 67. Толори калони ибодатгоҳи Мисри қадим
Расми 67. Толори калони ибодатгоҳи Мисри қадим

Ҳар як аҳром роҳраве дошт, ки он ба дохили аҳром – ба ҷое, ки ҷасади мумиёкардаи фиръавнро мегузоштанд, рафта мерасид. Дар назди ҷасади фиръавн дурру марворид, сангҳои қиматбаҳои дигар ва зарфҳову силоҳи тиллогину нуқрагини бисёре мегузоштанд. Мисриёни қадим боварӣ доштанд, ки ин ашёи қиматбаҳо гӯё дар он дунё ба фиръавн лозим мешаванд.

Муаррихи Юнони қадим Ҳеродот тарзи сохтани аҳромҳои Мисри қадимро дар китоби худ «Таърих» тасвир кардааст.

Расми 68. Даромадгоҳи ибодатхона ва гулгашти Абулҳавлҳо
Расми 68. Даромадгоҳи ибодатхона ва гулгашти Абулҳавлҳо

Посбонон аз шимол кишоварзон ва ғуломонро барои сохтмони аҳром пеш карда меоварданд. Дар сохтмони аҳром дар як вақт то 100 ҳазор нафар одам кор мекарданд. Як қисми одамон санг метарошиданд, қисми дигарашон он сангҳоро мекашонданд ва гурӯҳи сеюмӣ аз он «хишт»-ҳо аҳром месохтанд.

Баъди ҳазорсолаи II пеш аз милод дар Миср аз аҳромсозӣ даст кашиданд. Акнун мақбараро дар дохили харсангҳои азимҷуссае, ки ба кӯҳ баробар буданд, яъне дар дохили кӯҳҳо месохтанд. Он аз якчанд ҳуҷра иборат буд. Баъзе аз чунин мақбараҳо дар дохили кӯҳи сангин то сад метр тӯл кашида буд. Мисриёни қадим ин мақбараҳоро «хонаҳои абадӣ» меномиданд.

Санъати ҳайкалтарошӣ

Ҳайкалтарошони мисрӣ маҳорати калони тарошиданиҳайкалҳоро доштанд. Онҳо асарҳои худро мувофиқи мақому мартабаи марҳум бо завқи баланди бадеию маҳорати касбӣ меофариданд. Калонтарини онҳо, ки аз кӯҳи сангин тарошида шудааст, ҳайкали Абулҳавл мебошад. Он дар наздикии аҳроми Хеопс воқеъ буда, сараш чун сари одам ва танаш чун тани шер тасвир ёфтааст. Ин ҳайкал ниҳоят бузург буда, яке аз мӯъҷизаҳои олам ба шумор меравад.

Ғайр аз Абулҳавл боз даҳҳо асарҳои ҳайкалтарошии Мисри қадимро ном бурдан мумкин аст, ки бо маҳорати баланди хоси ҳайкалтарошии Мисри қадим офарида шудаанд. Дар байни онҳо ҳайкалҳои Рахотеп, Калпера, Камер, Хаттоти мисрӣ, Шиноси шоҳ Неферат, Нефертити, Тутанхамон ва ғайраҳо ҳастанд. Онҳо алҳол дар осорхонаҳои Миср ва баъзе давлатҳои дигар ба намоиш гузошта шудаанд. Мардум аз тамошои ҳайкалҳои Мисри қадим лаззат бурда, ба офарандагонаш ҳамду сано мехонанд.

Расми 71. Сари Нефертити бо кулоҳи шоҳона. Расми 72. Эхнатон ва Нефертити ба ашроф туҳфа месупоранд. Расми 73. Дар Мисри қадим босуратҳо ифода кардани рақамҳо.
Расми 71. Сари Нефертити бо кулоҳи шоҳона. Расми 72. Эхнатон ва Нефертити ба ашроф туҳфа месупоранд. Расми 73. Дар Мисри қадим босуратҳо ифода кардани рақамҳо.

Санъати тасвирӣ

Санъати тасвирии Мисри қадим ҳанӯз дар ҳазорсолаи V пеш аз милод оғоз ёфта, то охири ҳамин ҳазорсола қариб пурра ташаккул ёфтааст.

Дар Мисри қадим ороиши китобҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Рассомон тавассути суратҳо ба ҳикоя ва нақлу ривоятҳои китобҳои папирусӣ маънии аёнӣ медоданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки образҳоро воқеӣ ва ба мисли сурат, яъне портрет офаранд. Масалан, матнҳои «Китоби мурдагон», ки дар «Ани» ном папирусе, ки дар осорхонаи шаҳри Лондони Британияи Кабир маҳфуз аст, ҳамин тавр оро дода шудаанд.

Санъати тасвирии Мисри қадими замони сулолаи XVIII махсусан ба авҷи рушди худ расида буд. Дар ин бора суратҳои то замони мо расидаи ин давра, аз он ҷумла, сурати Эхнатон ва Нефертити шаҳодат медиҳанд. Онҳо дар ҳолати рӯҳию равонии аҷоибе тасвир ёфтаанд. Сурати фиръавн Тутанхамон бошад, дар вазъияти идонаю ботантана ва босалобату асрорангез кашида шуда, дар яке аз суратҳо ӯ бо ҳамроҳии ҳамсараш дар байни гулҳо тасвир ёфтааст. Суратҳои Тутанхамону ҳамсари ӯ ва гулҳо дар ифодаи образ ва мазмун яке дигареро пурратар кардааст.


Савол ва супоришҳо

  1. Сохта шудани ибодатхонаҳои Мисри қадимро шарҳ диҳед.
  2. Дар бораи сохтмони аҳроми Мисри қадим нақл кунед. Оё онҳо иншооти бузурги меъморӣ мебошанд?
  3. Кадом аҳроми Мисри қадимро медонед?
  4. Ҳайкали Абулҳавл чӣ тавр сохта шудааст ва он чиро ифода мекунад?
  5. Кадом ҳайкалҳои дигари Мисри қадимро медонед?
  6. «Китобҳо»-и папирусии Мисри қадим чӣ тавр оро дода шуда буданд?
  7. Дар бораи суратҳои Эхнатон ва Нефертити нақл кунед.
  8. Ба шумо кадом намуди санъати Мисри қадим писанд аст?
  9. Яке аз суратҳои Мисри қадимро шарҳ диҳед.
ҚаблӣАдабиёти Мисри қадим
БаъдӣБайнаннаҳрайни Ҷанубӣ (таърих)