Оё гахвора барои кудак зарар дорад? Гахвора чист? Гахвора аз назари пизишки. Кудаки бе гахвора. Агар кудак дар гахвора баста бошад.

Ахиран ба гӯш мерасад ки хобонидани кӯдак дар гаҳвора зарар дошта аст, ва ба занҳои тоза зоймон карда тавсия мекунанд ки кӯдакро на “лӯлак” кунед ва на дар “гаҳвора” бихобонед!
Танҳо далелашон ин буд, ки кӯдак мехоҳад озод бошад, чаро дасту пойи кӯдакро мебандед?
Ғайр аз ин далели ҷоҳилона ҳарчӣ гаштам, ҳеҷ далели мантиқӣ пайдо накардам.
Гаҳвора чист?
Гаҳвора ҳамон оромише аст, ки фақат як бор таҷруба мешавад, ва инсонро дар тӯли ҳаёт водор мекунад, ки ақалан як бори дигар ин оромишро таҷруба кунад, вале ҳеҷ вақт барояш муяссар намешавад.
Инсонҳо баъд аз ҷудо шудан аз гаҳвора онқадар дунболи оромиш мегарданду мегарданд то он ҷойе ки дигар аз рамақ меафтанд ва дигар маҷоле барои пайдо кардани оромишро надоранд!
Вақте ҷисми инсон аз кор меафтад, аз назари равонӣ кори худро оғоз мекунад: Худойе ҳаст ки маро мебинад, ҳаққи маро меситонд ва маро ба биҳишт мебарад…
Пас гаҳвора ҳамон ҳисси оромишест ки такрори он фақат дар биҳишт таҷруба мешавад на ҷойи дигар.
Гаҳвора аз назари пизишкӣ
Кӯдаки (ҷанин) батни модар, дар болои устухонҳои лаган (pelvis) қарор дорад, ва ин устухонҳои нима мунҳани аз поён ва сутунмуҳра аз ақиб, қафасаи сина аз боло ва ғишоҳои шикамӣ аз пеш ҳамеша дарҳоли муҳофизат ва парвариши кӯдак ҳастанд.
Яъне ҷойгоҳи кӯдак дар батни модар вижагиҳои мисли: гарм, нарм, танг ва торикро дорад.
Чун кӯдак дар тамоми даврони ҷанинӣ дар ҷойи гарм, нарм, танг ва торик қарор дорад, ҳатман баъд аз зоймон ҳам то замони унс гирифтан бо фазои хориҷ, бояд дар ҷойи гарм, нарм, танг ва нисбатан торик нигаҳдорӣ шавад!
Ба ҳамин хотир аз қадим кӯдакро лулак мекунанд, дар зераш матоъи пахтагин медузанд, дар гаҳвора дасту пояшро мебанданд ва барои ин ки нури хуршед ва ё қувваи барқ азияташ накунад, рӯйи гаҳвораро бо латтае мепӯшонад.
Яъне тамоми вижагиҳои батни модарро дар хориҷ барои кӯдак муҳайё мекунанд.
Кӯдаки бе гаҳвора
(Кӯдаки инсон заъифтарин ва нотавонтарин зойида дар миёни ҳайвонҳо аст, ба ҳамин хотир ниёз ба мувозибати зиёд дорад)
– кӯдакро агар бе гаҳвора раҳо кунем, чун ҳамеша ба пушт ва рӯ ба самти қувваи барқ ё нури хуршед қарор дорад, ба ҳамин сабаб кӯдак ҳам азият мешавад ва ҳам осеби ҷиддӣ ба чашмаш ворид мегардад ки аксари ин кӯдакон дар хурдсолӣ айнакӣ (очкарик) мешаванд.
– Аз назари равоншиносӣ, тамоми шахсияти як инсон дар кӯдакӣ шакл мегирад! Ва кӯдак вақте дар фазои хона раҳо мешавад, бо камтарин садо аз ҷо мепарад ва ин тарс ва стреси мудовим, дар кӯдакӣ ӯро ноором ва дар бузургсолӣ ӯро дучори ихтилоли равонӣ мекунад.
– кӯдак агар дар гаҳвора набошад, бояд ба ӯ “памперс” пӯшонид, ки худи памперс як омили хонумонсуз аст;
Микроб ва бактерияҳо дар ҷойи намнокӣ ва рутубатӣ ба шиддат рушд мекунанд. Вақте памперс соатҳо ба кӯдак баста мемонад дар чунин ҳолат бактерияҳо рушд карда ба мурури замон осеби ҷиддӣ ворид мекунад, агар кӯдак духтар бошад, дар оянда мушкилоти мисли раҳими “пуликистикӣ” “миём” бе “тухмакӣ” заъф “тухмаки” “нозойӣ” ва дарди миён… таҳдид мекунад.
Агар кӯдак писар бошад, дар оянда мушкилоти мисли: рушд накардани олати таносулӣ, каҷ шудани олати таносулӣ ва… таҳдид мекунад
Агар кӯдак дар гаҳвора баста бошад:
– наметарсад, аз хоб намепарад.
– Агар бе қарор шуд гиря кард, бо андак ҷунбондан дубора ором мегирад.
– ҷояшро тар намекунад ва аз бемориҳои боктерияӣ дар амон мемонад, ва ҳамчунин ба иқтисоди хонавода кумак мекунад.
– модар ба гаҳвора такя мекунад ба фарзанди худ мусаллат мешавад ва ба осонӣ шир медиҳад, (баъзан модар дар ҳангоми шир додан сарашро дар дастаи гаҳвора гузошта як лаҳза ғиноваш мебарад ки беҳтарин ҳисси дунёст! Ва тамоми хастагӣ бадар мешавад)
– гаҳвора ончунон муҳандисӣ тарроҳӣ шудааст ки ҳангоми аллахониҳои модар, сари кӯдак ба ду тараф ҷунбонида мешавад ва руҳаш навозиш пайдо мекунад, ва то охири умр агар инсон мусиқиҳои орому фитрӣ бишнавад сари одам бе ихтиёр ба ду тараф меҷунбад, бар хилофи мусиқиҳои тахрибгар мисли “рэп” ки бо шуниданаш сари инсон тӯли (болову пойин) ҷунуномез меҷунбад.
– Ва бисёр хубиҳои дигар дорад ки навиштани ҳамаи онҳо аз ҳавсалаи ин навиштор хориҷ аст…
Хулоса
Гаҳвора шоҳкорест ки қидмати ҳафтҳазорсола дорад, ва таркибе аз фарҳанг, муҳандисӣ, пизишкӣ… мебошад.
Шумо ин ганҷинаро бо чӣ мехоҳед иваз кунед?
Д. Мустафо Ғозӣ


















